Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ парвандаи таҷовузи духтари 13-соларо шарҳ дод


Акс аз бойгонист.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, барои маълум кардани падари кӯдаки думоҳаи духтари ноболиғе, ки таҷовуз шудааст, ӯро ташхиси ДНК мекунанд. Ташхис дар доираи таҳқиқи парвандаи ҷиноии таҷовузи ҷинсии сокини 13-солае аз ноҳияи Ҳисор анҷом мегирад, ки марди 42-солаеро ба таҷовузи ӯ муттаҳам мекунанд.

Фаррух Рауфов, муовини сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакии Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “ҳодиса ҳанӯз то тавалуди кӯдак мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт ва ташхиси ДНК барои он анҷом мешавад, ки падари биологии кӯдакро маълум кунанд.”

Марде, ки ба таҷовузи ноболиғ муттаҳам мешавад, инкор кардааст, ки тифл фарзанди ӯст. Ному насаби духтари ноболиғ, номи муттаҳам ба ҷиноят ва зодгоҳи онҳо ба Радиои Озодӣ маълум аст, вале ба далелҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ онҳоро ошкор намекунад.

Волидони духтари 13-сола ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки марди ҳамсоя духтарро соли 2019 дар оғил таҷовуз кардааст ва духтар аз тарс ба касе чизе нагуфтааст. Ба гуфтаи волидон, баъди 7-моҳа шудани тифли батн, бибии духтари ноболиғ аз ончӣ ки ба сари наберааш омадааст, огаҳ шудааст. Ба гуфтаи хешовандон, духтари ноболиғ нақл кардааст, ки марди таҷовузгар дар даст корд дошт ва бо таҳдиду зӯрӣ ӯро таҷовуз кард.

Қазияи таҷовузи ноболиғ, ки дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида нашудааст, баъд аз он сари забонҳо шуд, ки Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мақомоти интизомиро дар пинҳон доштани ин ҷиноят муттаҳам кард. Ӯ дар як муроҷиати ошкоро ба Додситонии кулли Тоҷикистон аз тариқи саҳифааш дар Фейсбук гуфт, ки мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Ҳисор мехоҳанд, ин ҷиноятро пинҳон доранд.

Ӯ дар муроҷиатномааш навиштааст: “Кормандони прокуратура ва мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ба пинҳон кардани ҷиноятҳое, ки дӯстон ё хешовандонашон содир мекунанд, машғуланд. Гузашта аз ин, онҳо ба хешовандони ҷабрдидаҳои ҷиноятҳо таҳдид мекунанд, ки онҳо дар ин шаҳр қудрат доранд, ба ҳар ҷое, ки мехоҳед, шикоят кунед, аммо шумо ҳеҷ чиз ба даст нахоҳед овард.”

Раҳматулло Зойиров иддао кардааст, ки фарди муттаҳам ба таҷовуз ба хонаводаи духтари ноболиғ, таҳдиду зӯрӣ кардааст, ба ҷое шикоят набаранд ва дар додситонӣ ҳам аризаи хонаводаи ҷабрдидаро қабул накардаанд.

Ҳарчанд мақомоти додситонӣ гуфтаанд, ки қазия ҳанӯз то замони таваллуди кӯдак тафтиш мешуд, аммо хабаргузории “Азия-Плюс” хабар дод, ки фарди муттаҳам ба ҷиноят, ки аз хешовандони худи духтари ноболиғ аст, баъди нашри муроҷиати Раҳматулло Зойиров дастгир шудааст. Назари вакили дифои боздоштшуда ба Радиои Озодӣ маълум нест.

Шарҳҳоро бинед (9)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG