Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ ба Русия раванд ё на? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Қазияи Гулбегим Раҳмонова, сокини Душанбе, ки бо нияти кор ва хариди хона ба Русия рафт, вале аз онҷо тобуташро оварданд, баҳс дар бораи муҳоҷирати занони тоҷикро дубора доғ кард.

Иддае мегӯянд, занон набояд ба муҳоҷират бираванд, чун онҷо шароит муносиб нест. Бархеи дигар бовар доранд, ки занон аз ночорӣ ва бекорӣ худро ба онҷо расондаанд, то рӯзии худу фарзандонро ёбанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз ним миллион нафаре, ки соли гузашта барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар рафт, 13 дарсад зан ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон моҳи гузашта дар гузориши худ ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши таҳдиди хатарҳо ба занони муҳоҷир нигаронӣ карданд. Дар гузориш гуфта шуд, “аксар занони тоҷик дар Русия соатҳои зиёд ва бидуни истироҳат кор карда, мавриди истисмору табъизи ҷинсӣ қарор мегиранд”.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки ба назари онҳо занони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ раванд ё нараванд?

Матни посухҳоро дар инҷо бихонед:

  • “Беҳтар аст, ки дар ҷумҳурӣ ҷойҳои кории зиёд офаранд ва занону мардон дар инҷо монанд. Дар бораи муҳоҷирати занон назари ман манфӣ аст. Ба ин фикрам, ки ҳеч кас аз ватани худ дур нашавад.”
  • “Ман фикр надорам.”
  • “Муҳоҷират барои мардҳо аст. Дилу эҳсосам иҷоза намедиҳад, ки зани тоҷикро дар ҳавои сард дар Русия бинам. Бояд мисли модели Чин онҳоро дар саноати сабук дар кишвар истифода барем ва барои ин имконият ҳам дорем.”
  • “Аз як тараф хуб ва аз тарафи дигар зан бояд дар хона ва дар назди фарзандон бошад.”
  • “Албатта, наравад. Дигар чӣ гуфтанамро намедонам.”
  • “Назарам чунин аст: бояд занон ба муҳоҷират нараванд, чун дар онҷо шароит муносиб нест. Бисёре аз занони мо касб надоранд ва дар онҷо саргардон мешаванд.”
  • “Хафву хатар дар муҳоҷирати меҳнатӣ хеле зиёд аст. Ман дар онҷо будам ва вазъиятро бо чашми худ дидаам. Дар онҷо зиндагӣ саҳл нест.”
  • “Агар ҳамроҳи шавҳараш бошад ва барои беҳтар кардани вазъияти зиндагии худ се-чаҳор сол равад, хуб аст. Худатон медонед, ки дар инҷо имконият маҳдуд аст.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Занони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ ба Русия раванд ё нараванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Навиштани назару пешниҳодҳои худро дар зер фаромӯш накунед!

Шарҳҳоро бинед (15)

XS
SM
MD
LG