Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 27 нафар бо гумони узвият дар "Ихвон-ул-муслимин". САДО


Мақомоти интизомии Тоҷикистон 27 нафарро бо гумони узвият дар созмони «Ихвон-ул-муслимин» дастгир кардаанд. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъ дар кишварро ошкор кардаанд ва ин афрод дар як ҳафтаи ахир дастгир шуданд.

Расонаҳои дигар теъдоди боздоштшудагонро зиёдтар гуфтаанд. Яке аз мусоҳибони мо гуфт, ки «Теъдоде аз ин афрод, дар вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе дастгир шудаанд. Дар байни онҳо, устодони донишгоҳҳо ва раиси яке аз ҷамоатҳо ҳастанд."

Наздикони бархе боздоштшудаҳо мегӯянд, баъди боздошт мақомоти интизомӣ хонаҳои онҳоро кофтуков кардаанд. Хешовандони яке аз афрод, ки нахостанд исмашон зикр шавад, мегӯянд, фарзанди онҳоро рӯзи панҷшанбе 2-юми январ дастгир кардаанд ва аз он рӯз ӯро надидаанд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, фарзанди онҳоро бар асоси шаҳодатҳои додарарӯсаш, ки руҳонӣ будааст, дастгир кардаанд. Ӯ гуфт: “Кормандони интизомӣ ба хона омада, ҳама ҷойро тафтиш карданд ва чанд китоби диниеро, ки дар хона буд бо худ бурданд. Ба мо чизе нагуфтанд, аммо ҳама ҷой ҳатто то оғилро ҷустуҷӯ карданд.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
Линки мустақим


Фарзанди ин хонавода, ки боздошт шудааст, хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ буда, чанд муддат ҳамчун муаллим кор кардааст. Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ аз мақомоти интизомӣ гуфт, дар байни дастгиршудагон, Исмоил Қаҳҳоров, як рӯҳонӣ аз ноҳияи Ваҳдат, Абдулло Мукамилов ва фарзандаш аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд. Додситонии Тоҷикистон ҳанӯз иттиҳомоти онҳоро эълон накардаанд.

Саидюнуси Истаравшанӣ, яке аз мунтақидони давлати Тоҷикистон, ки хориҷ аз кишвар қарор дорад, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки боздоштҳои гурӯҳӣ ва дастаҷамъӣ дар замоне сурат мегирад, ки Элис Велс, дипломати баландпояи вазорати умури хориҷии Амрико дар кишвар ҳузур дорад ва "дар ҳоли гуфтугӯ бо мақомот дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст." Ӯ афзудааст: " То ҷойе, ки медонам, ин афроде, ки боздошт шудаанд ва бархеро мешиносам, ҳеч иртиботе бо ҷамоати Ихвонулмуслимин надоранд."

Радиои Озодӣ ҳамчунин аз манобеи дигар маълум кард, Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара аз зумраи онҳоест, ки бо гумони узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” боздошт шудаанд. Фирдавс Раҳимзодаи 35- сола як ҳафта пеш боздошт шудааст ва ӯро ба боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ба Душанбе овардаанд. Назари пайвандон ва вакили мудофеи ӯ ба ин иттиҳом дастрас нашудааст. Маълум нест, ки дақиқан ӯро бо кадом навъи ҳамкорӣ муттаҳам кардаанд ва муфаттишони ВКД чӣ далел рӯйи даст доранд.

Фирдавс Раҳимзода то се моҳ пеш иҷрокунандаи вазифаи раиси дастгоҳи шаҳри Исфара буд. Аз ин пеш, ба ҳайси раиси ҷамоати Чоркӯҳ кор кардааст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ доир ба боздоштҳо ҷузъиёт надоданд ва гуфтанд, ки тафтиши парванда дар марҳилаи ибтидоӣ аст ва иртиботи гумонбарон ба узвият бо «Ихвон-ул-муслимин» тафтиш мешавад. Ба қавли мусоҳибони мо, ки нахостанд, номашон бурда шавад, мумкин аст, теъдоди боздоштшудагон биафзояд.

Созмони «Ихвон-ул-Муслимин» аз соли 2006 дар Тоҷикистон созмони ифротӣ ва мамнӯъ эълон шудааст ва моҳи майи соли 2016 панҷ имом-хатиб аз вилояти Суғдро бо гуноҳи узвият дар ин созмон ба 5 солӣ маҳкум ба зиндон карданд.

Давлати Тоҷикистонро солҳои ахир барои саркӯби дигарандешон ва аз ҷумла рӯҳониёни шинохта пайваста танқид мекунанд.

"Ихвон-ул-муслимин” як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияти онро дар бисёре аз кишварҳои арабӣ низ мамнӯъ кардаанд. Фаъолияти созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил шудани ин созмон дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо, манъ гардид.

Агар шумо ҳам хабаре дар ин бора доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (29)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG