Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилаш мегӯяд, подполковники тоҷик касеро ба барқ намонда ва назадааст


Абдулкарим Абдулҳамидов

Вакили дифои Фарҳод Нурхонов, афсари собиқи милисаи Душанбе, ки ба сӯистифода аз мақом ва шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам мешавад, мегӯяд, зерҳимояааш ба касе зӯроварӣ накардааст.

Муҳокимаи подполковники милиса ва чанд ҳамроҳи ӯ дар Душанбе идома дорад ва додситон хостааст, ки ӯ барои бадрафторӣ бо муттаҳамон ва сӯистифода аз мақом ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шавад. Абдукарим Абдуҳамидов, вакили дифои Фарҳод Нурхонов, даъвои чанд нафарро, ки афсари милисаро ба шиканҷаву бадрафторӣ муттаҳам мекунанд, “хусумати шахсӣ” номид, вале шарҳ надод, ки ин афрод чаро ба зерҳимояи ӯ хусумат доштаанд.

Фарҳод Нурхонов бо се ҳамкори дигараш Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин моҳи феврал боздошт шуданд ва баъд аз тафтишу муҳокимаи тӯлонӣ мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд, ки қарор аст рӯзҳои наздик эълон шавад. Додситон дар муҳокимаҳои пешин аз додрас хостааст, Нурхоновро ба 23 сол ва се ҳамкори ӯро ба 15 солии зиндон маҳкум кунад. Ин афрод ба шиканҷаи бераҳмонаи чанд нафар муттаҳам мешаванд.

Вакилони дифои муттаҳамон, ки аз парвандаҳои печида ва пурсарусадо дар чанд моҳи ахир буд, то кунун аз изҳори назар дар бораи иттиҳомоти афсарони собиқи милиса худдорӣ мекарданд. Дар остонаи эълони қарори додгоҳ Абдукарим Абдуҳамидов, вакили дифои Фарҳод Нурхонов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз даъвогарон Шодмони Шомуддин иддао дорад, ки соли 2011 аз ҷониби Нурхонов шиканҷа шудааст, вале ҳашт сол дар ин бора ба ҷое шикоят накардааст.

Хусумати шахсӣ, бо сабабҳои номаълум?

Абдукарим Абдуҳамидов иддаои даъвогари дигар Майрам Содиқоваро ҳам беасос ва хусумати шахсӣ медонад. Ӯ гуфт, ин сокини Душанбе ба мақомоти интизомӣ шикоят бурдааст, ки Фарҳод Нурхонов ӯро соли 2017 азобу шиканҷа додааст, вале ду сол ба ҷое шикоят набурдааст. Инчунин ба қавли вакили дифоъ, ин даъвогар ҳеҷ санади ташхиси тиббиро надорад, ки шиканҷа шуданашро собит кунад.

Майрам Содиқова моҳи октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Фарҳод Нурхонов ва ҳамкораш Аваз Сабзаев дар идораи милиса бераҳмона азобу шиканҷа додаанд, то куҷо пинҳон будани шавҳарашро бигуяд. Ба гуфтаи хонум Содиқова, соли 2017 шавҳараш Рустам Сафаров барои дуздии маблағ зери пайгард буд ва барои пайдо кардани шавҳараш ӯро ба Шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур бурда, се шабонарӯз нигоҳ доштаанд ва бо ӯ бадрафторӣ карданд. Содиқова ба ин суол, ки чаро то ин вақт шикоят накард, посух дод, ки “ду сол пеш ба додситонӣ шикоят кардем, то чора бинанд, вале натиҷа надод".

Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин моҳи феврал дар пайи шикояти Ҳамза Солеҳов, як сокини Душанбе боздошт шуданд. Иттиҳоми асосӣ нисбат ба чаҳор маъмури пулис ба истиснои Умед Ваҳҳобов истифода аз шиканҷа мебошад. Ҳамза Солеҳов ҳангоми суҳбатҳои пешина бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои иқрор шудан ба ҷинояти нокарда ончунон азоб доданд, ки ҳеҷ гоҳ аз ёдаш намеравад: "Маро нерӯи барқ монданд, то ба ҳадде, ки чашмонам аз сарам мебаромад.”

Аммо вакили дифои Фарҳод Нурхонов мегӯяд, бар асоси санади ташхиси тиббӣ аз 8-уми январ, дар бадани Ҳамза Солеҳов осеби ҷисмонӣ нест, ҳарчанд Ҳамза Солеҳов аксҳоеро нишон дод, ки дар онҳо осебҳо дар рӯ ва зери чашмонаш возеҳ дида мешавад. Абдукарим Абдуҳамидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъзе аз даъвоҳои Нурхонов беасос ҳастанд: “Дигар инки гӯё Нурхонов бо яроқи хизматии худ бар сари Солеҳов зарбаи сахт задааст. Дар ҳоле, ки тибқи санадҳо Нурхонов яроқашро пеш аз соли нав супорида буд."

Иддаоҳо дар бораи шиканҷаҳои золимона

Худи Ҳамза Солеҳов пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “дастонам дар пушт баста буд, дар болоям баромаданд. Ба нерӯи барқ монданд, ҳис кардам, ки нерӯи барқ мезанад, дод задам, ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд." Ҳамза Солеҳов гуфт, ба ҳадде ӯро азоб доданд, ки розӣ шуд, зери ҳар санад имзо гузорад ва имзо ҳам гузошт.

Вакили дифои Фарҳод Нурхонов мегӯяд, ягона иттиҳоме, ки корманди собиқи милиса иқрор кард, баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ аст. Ба гуфтаи Абдукарим Абдуҳамидов, танҳо гуноҳи Нурхонов ин аст, ки дар вақти пайдо кардани маводи мухаддир аз манзили язнаи Ҳамза Солеҳов онро на дар ҷойи ҳодиса, балки дар ҳуҷраи корӣ санад кардааст. Қарор аст, то чанд рӯзи дигар ҳукми додгоҳ дар нисбати чаҳор маъмури собиқи милиса эълон шавад. Ҳам вакилони дифои онҳо ва ҳам онҳое, ки ҷабрдида эътироф шудаанд аз додгоҳ ҳукми одилонаро интизоранд.

Парвандаи чаҳор корманди милиса аз қазияҳои пурсарусадои шиканҷаи муттаҳамон дар соли 2019 буд. Ҳолатҳое буд, ки ба зидди кормандони милиса баъд аз расонаӣ шудани шикоятҳо аз шиканҷа парванда боз шуд, вале баъдан тафтишот қатъ мешуд. Дар ҳолати дигар Умед Ҳикоятов, як сокини Душанбе моҳи апрел аз шиканҷа шуданаш аз сӯи ду корманди милиса шикоят кард, вале дар ниҳоят худи ӯро ба дуздӣ муттаҳам карданд.

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистонро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа ва бадрафтории мақомоти интизомӣ шикоят кардаанд ва 7 нафари онҳо занонанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои решакан кардани ин зуҳурот чораҳои зиёде меандешанд ва яке аз ин чораҳо сахттар кардани ҷазо барои шиканҷа дар ҳамин сол буд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

Шарҳҳоро бинед (11)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG