Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори манъи истифодаи таксиҳои кӯҳна дар Душанбе "бозбинӣ мешавад". ВИДЕО


Мақомот дар Душанбе мехоҳанд, қарори манъи истифодаи мошинҳои таксии истеҳсолашон то соли 2014-ро бозбинӣ кунанд. Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, гуфт, бо эҳтимоли зиёд ба истифодаи мошинҳои кӯҳна, "аммо бо вазъи хуби техникӣ" иҷозаи хадамоти такси дода мешавад.

Пештар масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буданд, аз моҳи январи имсол танҳо мошинҳои истеҳсолашон аз соли 2014 ба ин тараф ҳаққи хадамоти таксиро доранд. Ин иқдом нигаронии ронандаҳоро ба вуҷуд овард.

Дар пойтахт 2300 такси ҳаст ва ба иттилои мақомот "беш аз ҳазори онҳо кӯҳнаву фарсудаанд". Ронандаҳо мегӯянд, ҳар сол мошинҳои худро аз ташхис мегузаронанд ва агар вазъи техникии онҳо бад бошад, аслан иҷозаи ҳаракат дода намешавад.

Садриддин, сокини 35-солаи Душанбе, панҷ моҳ пеш баъд аз нобарории кор аз Русия баргашт ва барои таъмини оила маҷбур шуд мошини соли истеҳсолаш 2008-ро ба иҷора гирифта, такси ронад. Ӯ гуфт, ҳар рӯз барои иҷораи мошин 50 сомонӣ медиҳад ва худ то 100 сомонӣ барои рӯзгораш кор мекунад.

Садриддин соҳиби ду фарзанд аст ва якҷо бо бародаронаш дар ҳавлии волидон зиндагӣ мекунад. Ба бовари ин сокини пойтахт, "тасмими мақомот барои манъи таксиҳои бароришаш то соли 2014 дурандешона набуд".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Қарори манъи истифодаи таксиҳои куҳна бозбинӣ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

"Агар ҳоло чунин мошинҳоро манъ кунанд, ҳама бекор мемонанд ва худи сокинон низ наметавонанд роҳат аз хадамоти таксӣ истифода кунанд. Иҷораи мошинҳои нав гарон аст ва ба ронандаи таксӣ фоидаи зиёд намемонад", -- мегӯяд ӯ.

Эҳтимоли бозбинии ин қарорро ҳафтаи гузашта Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ дар нишасти матбуотӣ баён кард. Ба гуфтаи Зубайдзода, "ҳарчанд ширкатҳои такси талош доранд ба Душанбе миқдори зиёди мошинҳои навро ворид кунанд, мавзӯи бозбинии қарори манъи истифодаи мошинҳои таксии бароришаш то соли 2014 низ дар ҳоли баррасӣ аст". Ӯ гуфт, ин масъаларо бо Вазорати нақлиёт маслиҳат доранд.

Тасмими шаҳрдорӣ барои манъи ҳаракати мошинҳои таксии соли истеҳсолаш то 2014 дар ҷомеа вокунишҳои гуногунро дар пай дошт. Агар гурӯҳе аз ин тасмим ба хотири поксозии хиёбонҳои шаҳр аз мошинҳои кӯҳнаву фарсуда пуштибонӣ мекарданд, гурӯҳи дигаре аз он изҳори нигаронӣ мекарданд, ки ин тасмим ба қишрҳои осебпазири ҷомеа боз як зарбаи ҷиддии молӣ хоҳад зад.

Ҷумъахон Давлатов, раиси ширкати "Душанбенақлиётхадамотрасон" дар пуштибонӣ аз ин тасмим ба Радиои Озодӣ гуфт, "мошинҳои наву замонавӣ пурра бо таҷҳизоти бехатарӣ таъминанд. Ҳадафи мо ҳам, пеш аз ҳама, таъмини амнияти мусофирон ва боло бурдани сифати хизматрасонӣ аст".

Аброр Мирсаидов, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисодӣ ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар шарҳи мавзӯъ гуфт, мушоҳида мешавад, мақомот бе машваратҳои зарурӣ бо коршиносон ва аҳолӣ қарорҳоеро қабул мекунанд, ки сипас ба бознигарии онҳо водор мешаванд.

"Дуруст аст, ки дар Душанбе бояд таксиҳои нави замонавӣ бошанд, аммо сатҳи зиндагии мардум имкон намедиҳад, ки ҳамаи таксиронҳо зуд мошини нав харанд", -- гуфт ӯ.

Солҳои ахир мақомоти Тоҷикистон чандин қарореро содир карданд, ки бо вокунишҳои манфии мардум дучор шуд ва сипас муҳлати иҷрои онҳоро ба таъхир андохтанд ё иҷрояшонро пурра боздоштанд. Коршиносон мегӯянд, зоҳиран чунин қарорҳо бе машварат ё бе дарназардошти фикри мардум гирифта мешавад.

То ҳол мақомот дар бораи тамдиди мӯҳлати сабтиноми симкортҳо бо шиносномаҳои нави пластикӣ ду бор тасмими худро дигар карданд. Онҳо соли гузашта қарори боло бурдани нархи интернетро, ки бо вокунишҳои ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, боздоштанд.

Коршиносон мегӯянд, дар шароите, ки сокинони Тоҷикистон аз имконоти маҳдуди иқтисодӣ бархӯрдоранд, роҳандозии қарорҳое, ки боиси сарфи бештари пули шаҳрвандон мешавад, аз сӯи ҷомеа қобили қабул нестанд.

Онҳо иддао доранд, ки ба гунаи кишварҳои пешрафта дар назди бештаре аз сохторҳои давлатӣ бояд ниҳодҳои омӯзиши афкори умум таъсис дода шавад. Ин ниҳодҳо муваззаф хоҳанд буд, ки пеш аз тасвиби қарорҳои баҳсбарангез вокуниши мардум ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро пешбинӣ кунанд ва бар пояи ин пажӯҳишҳо мақомот бояд тасмим бигиранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG