Дар чанд ҷумла
Трамп фармони бекор кардани ёриҳо ба Африқои Ҷанубиро имзо кард
Бар асоси як амри ахири президенти ИМА Доналд Трамп, барномаи садҳо миллион доллар кӯмак ба Африқои Ҷанубӣ бекор мешавад.
Фармони Трамп аз 7-уми феврал сабаби инро дар қабули қонун дар бораи азхудкунии замин дар соли гузашта, шикояти ин кишвар ба Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятҳо бо иттиҳоми “наслкушӣ аз тарафи Исроил” ва иқдоми Африқои Ҷанубӣ барои беҳтар кардани муносибатҳо бо Эрон арзёбӣ кардааст.
Трамп гуфтааст, ки наметавонад ин кишварро дастгирӣ кунад, чун сиёсатҳои он барои манфиатҳои миллии ИМА ва мутаффиқонаш хатар эҷод мекунад. ИМА соли 2023 ба Африқои Ҷанубӣ дар ҳаҷми тахминан 440 миллион доллар кӯмак кардааст.
Ҳанӯз вокуниши мақомоти Африқои Ҷанубӣ нашр нашудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Иштироки беш аз 100 ҳазор ҷавон дар "маршировка" дар Тоҷикистон
Беш аз сад ҳазор ҷавон дар “маршировка”-и бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.
Ин оморро Сураҷ Чоршанбезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарӣ эълон кард.
Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, тамрин аз аввали август оғоз мешавад.
Сураҷ Чоршанбезода ба танқидҳо дар бораи “маршировка” ва тамрин дар ҳавои гарм посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, кӯшиш мекунанд, ки “тамринҳо дар ҳавои гарм анҷом нашаванд”.
Баъзе аз донишҷӯён дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳоро аввали моҳи август ба “маршировка” даъват кардаанд.
Яке аз онҳо бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "ба мо таъкид карданд, ки иштирок ҳатмӣ аст, агар ширкат накунем, чора медидаанд."
Ҷалби ҳазорон нафар барои омодагӣ ба таҷлили иду ҷашнҳои давлатӣ дар гузашта танқидҳоро ба миён оварда буд.
Аммо вазири пешини маориф баҳсҳои атрофи ин мавзуъро “як чизи хасакӣ” номида, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон "хости ҷавонон" ва "маҳалли шиносоии ошиқон" хонда буд.
Мунтақидони ин тасмим бовар доранд, ки “маршировка” мероси монда аз даврони шӯравии собиқ аст ва бояд аз он даст кашид.
Даври дигари ҳамлаҳои Амрико ба ҳадафҳои низомии Эрон
Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) гуфт, шаби 15-уми июл низ ба ҳадафҳои низомии наздик ба тангӣ ё оброҳаи Ҳурмуз ва қисматҳои соҳилии Эрон зарба зад.
Теҳрон дар навбати худ чанд муассисаи ҳарбии Амрикоро дар Баҳрайн ва Кувайт ҳадаф қарор додааст.
CENTCOM дар изҳороте дар шабакаи “Х” навишт, ки мавҷи нави зарбаҳо ҳафт соат идома кард.
“Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико, паҳподҳо ва киштиҳои низомӣ ҳамлаҳои дақиқро алайҳи макони мушаку паҳподҳо, имкониятҳои баҳрӣ ва низомии дифои соҳилии Эрон ба роҳ монд, то тавонмандиҳои Ҷумҳурии Исломиро барои таҳдид ба ҳаракати киштиҳои тиҷоратӣ ва мулкӣ коҳиш диҳад,” – иттилоъ дод манбаъ.
Фармондеҳии марказии артиши Амрико афзуд, “дар айни замон беш аз 20 киштии ҷангии амрикоӣ ва садҳо ҳавопаймои ҳарбӣ дар саросари Ховари Миёна фаъолият мекунанд.”
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, алайҳи муассисаҳои низомии Амрико дар Баҳрайну Кувайт, аз ҷумла маконҳое, ки мавриди истифодаи Флоти панҷуми ҳарбии ИМА мебошанд, зарба задааст.
Мақомоти низомии Урдун рӯзи 15-уми июл хабар доданд, ки се мушаки эрониро шиносоӣ ва маҳв карданд.
Бред Купер, фармондеҳи CENTCOM, гуфт, Эрон дар як ҳафтаи гузашта ҳафт киштии тиҷоратиро дар минтақа ҳадаф қарор дод ва дар натиҷа даҳ маллоҳ куштаву захмӣ ва беномунишон шудаанд. Ӯ афзуд, нерӯҳои эронӣ даҳҳо паҳподу мушакро ба сӯйи кишварҳои ҳамсояаш дар Халиҷи Форсӣ партоб намуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар Теҳрон ба мизи музокирот барнагардад, Иёлоти Муттаҳида метавонад амалиёти худро то ба ҳамла ба муассисаҳои мулкие ба монанди нерӯгоҳҳои барқиву пулҳо тавсеа бидиҳад.
Трамп рӯзи 14-уми июл дар мусоҳибааш бо Fox News гуфт, зарбаҳои Амрико ба Эронро “то бас гуфтани ман” идома хоҳад кард.
Издивоҷҳои бармаҳал дар Тоҷикистон кам шудааст
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси оморе, ки дар даст доранд, издивоҷи бармаҳали духтарон имсол камтар шудааст.
Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила 15-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, дар нимаи аввали имсол ва бо иҷозаи додгоҳ 141 нафар барвақттар аз синни издивоҷ оиладор шудаанд. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 89 маврид камтар аст.
Дар Тоҷикистон оиладоршавӣ аз 18-солагӣ иҷозат аст. Танҳо бо қарори додгоҳ ва он ҳам дар ҳолатҳои истисноӣ синни издивоҷ як сол кам карда мешавад.
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз никоҳҳои бармаҳал нигаронӣ карда, онро барои ояндаи духтарон хатарнок гуфтаанд.
Рӯзи 15-уми июл намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила омори никоҳ ва талоқро низ эълон карданд. Ба гуфтаи онҳо, аз моҳи январ то охири июни имсол зиёда аз сеюним ҳазор оила аз ҳам ҷудо шуда, ҳазорон кӯдак аз дидори падар ё модар маҳрум гаштаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин муддат беш аз 27 ҳазор никоҳ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан се ҳазор маврид камтар аст.
Мақомот мегӯянд, ҷудошавии оилаҳо аз мушкилиҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Ҳабси абади раиси хоҷагии деҳқонӣ барои куштани ду нафар
Додгоҳи вилояти Суғд раиси як хоҷагии деҳқониро дар куштани ду ҳамдеҳааш гунаҳкор карда, ба ҳабси абад маҳкум намуд. Ҳукми додгоҳ аввали моҳи июл содир шуда, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷузъиёти онро тоза нашр кард.
Ба гуфтаи манбаъ, додгоҳ Хуршед Мавлоновро дар куштани ду ҳамдеҳааш гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад ва адои ҷазо дар зиндони низомаш махсус маҳкум кард.
Назари ин мард ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест ва рӯшан нест, ки ӯ аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мебарад ё не.
Хуршед Мавлонов, раиси хоҷагии деҳқонӣ дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 апрели имсол бо иттиҳоми куштор дастгир шуда буд.
Он вақт мақомот гуфтанд, Мавлонов дар заминаи баҳси молу мулк бар сари бошишгоҳи саҳроӣ ду ҳамдеҳаашро парронда куштааст.
Таъйини ҷазои ҳабси абад барои куштор дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад.
Чанд таркиш дар ғарби Бандар Аббос
Расонаҳои Эрон аз шунида шудани садои чанд таркиш дар ғарби Бандар Аббос хабар доданд.
Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ба нақл аз хабаргузории “Тасним” (наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ) навишт, мардуми Бушеҳр ва Чағодак низ садои чанд инфиҷорро шуниданд.
Маҳалли дақиқ ва ҷузъиёти таркишҳо ҳанӯз маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта артиши Амрико дар рафти амалиёте, ки ба гуфтаи Фармондеҳии марказии Амрико панҷ соат тӯл кашид, ба ҳадафҳое дар гӯшаҳои мухталифи Эрон, аз ҷумла Бушеҳр, Чобаҳор, Чосак, Абумӯсо ва Бандар Аббос ҳамла кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, бо сабаби вайрон шудани шарти оташбас аз тарафи Эрон дигар ёддошти тафоҳум амал намекунад.
Э.Раҳмон хоҳони бозбинии низоми назорат дар маҳбасҳо шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазо, ниҳоди нозир бар зиндонҳо, изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ин корҳо боиси поймол шудани ҳуқуқи маҳбусон мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон 14-уми июл дар ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлия дар Душанбе гуфт, "ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ, содир намудани ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо аз ҷониби кормандони сарраёсат", ки боиси нақзи ҳуқуқи боздоштшудагон ва зиндониён мегардад, "ҳоло ҳам ҷой доранд". Аммо ӯ ҳеч омор пешниҳод накард ва ягон намуна ҳам наовард.
Президенти Тоҷикистон хоҳони бозбинии пурраи низоми назорати дохилии маҳбасҳо шуд.
Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва наздикони зиндониён борҳо аз шароити нохуб ва ҷой доштани ҳолатҳои шиканҷа дар зиндонҳо нигаронӣ кардаанд.
Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, моҳи июн ва июли имсол аз шиканҷа шудан ва фишори равонӣ ба онҳо нигаронӣ карданд. Мақомот ба ин гузориш вокунише нишон надоданд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси қонуни афв дар ҳафтаҳои охир ҳазорҳо зиндониро озод кардаанд. Қонуни нави афв 16-уми июни имсол имзо ва нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён татбиқ хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми июл аз мақомот хостааст, дар вақти иҷрои қонуни афв “ба омилҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд”. Соли 2019 ва баъди қабули қонуни афв, ки 20 ҳазор нафарро фаро гирифта буд, иддае аз вуҷуди мавридҳои фасод шикоят доштанд.
Боздошти 191 тоҷикистонӣ барои қочоқи маводи мухаддир
Дар нимаи аввали соли равон, 191 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар хориҷи кишвар дастгир шудаанд. Ҳашт нафар аз инҳо зан будаанд. Ин омор 13-уми июл дар нишасти Оҷонсии назорати маводи нашъаовар садо дод.
Ба қавли манбаъ, аз ин 191 тоҷикистонӣ, 156 нафарашон дар Русия, 12 кас дар Узбекистон, 19 тан дар Қазоқистон ва боқимонда дар Белорус ва Қирғизистон дастгир шудаанд.
Ба омори расмӣ, аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар умум 35 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.
Назари афроди боздоштшуда ва наздиконаш ба қазия маълум нест. Расонаҳои Русия ҳар чанд вақт аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар медиҳанд.
Баъзе аз муҳоҷирон, аз ҷумла таксирон ва хаткашонҳо мегӯянд, қурбони туҳмат мешаванд, чун намедонанд дар дохили боре, ки мебаранд чӣ аст.
Амрико муҳосираи дарёии Эронро барқарор кард
Президенти Амрико Доналд Трамп аз барқарор шудани муҳосираи дарёии Эрон дар тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод.
Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, муҳосираи дарёӣ танҳо ба киштиҳои эронӣ дахл дорад ва киштиҳои дигар кишварҳо метавонанд озодона аз тангаи Ҳурмуз гузаранд.
Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Вашингтон барои таъмини амнияти киштиронии байналмилалӣ аз киштиҳо маблағ мегирад. Ҳаҷми ин маблағ баробар ба 20 дарсади бори интиқолшуда будааст.
Ба гуфтаи Трамп, Иёлоти Муттаҳида дигар ният надорад амнияти яке аз муҳимтарин масирҳои баҳрии тиҷоратии ҷаҳонро ройгон таъмин кунад.
Гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин масирҳои тиҷорати ҷаҳонии нафт ба ҳисоб меравад ва қаблан 20 дарсад нафти ҷаҳон аз ин масир мегузашт. Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар таърихи 28 феврал, Эрон равуо аз гулугоҳи Ҳурмузро баст.
Боз шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз бандҳои асосии ёддошти тафоҳум буд, ки моҳи июн миёни Вашингтон ва Теҳрон ба имзо расид. Дар аввали моҳи июл Трамп изҳор дошт, ки оташбас бо Эрон амалан ба поён расидааст. Пас аз ин, Эрон бори дигар аз баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод.
Сели харобиовар дар Айнӣ, Деваштич ва Панҷакент
Дар се рӯзи охир дастикам ду бор селу ярч чанд хона ва иншооти шаҳру навоҳии вилояти Суғдро вайрон кард. Ба гуфтаи мақомот, офати табиӣ асосан дар ноҳияҳои Айнию Деваштич ва шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷумла рӯзҳои 11 ва 12-уми июл сел ба хонаи сокинони деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ зарар расонд. Дар ин офати табиӣ ҳамчунин роҳҳо, хатҳои об, боғҳо, заминҳои кишт, 11 мошини сабукрав, гирду атрофи мактаби деҳаи Каздон ва беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ осеб диданд.
Мақомот гуфтанд, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар шабакаи Фейсбук навишт, барои бартараф кардани пайомадҳои офати табиӣ ситод ташкил шудааст.
Инчунин дар рӯзҳои 11-12 июл ба чанд деҳаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент низ селу ярч фаромада зиёни ҷиддӣ расондааст.
Чанд деҳаи ноҳияи Деваштич низ дар пайи омадани сел зарар дидаанд. Феълан дар бораи андозаи хисорот маълумоти расмӣ дар даст нест.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо вобаста ба дархости кӯмак аз ҷониби корбарон ва блогерон роҳандозӣ шудааст.
Селу обхезӣ, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон бисёр зиёд мушоҳида шуд, фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок кард ва панҷ каси дигарро захмӣ шуданд.
Видеоро инҷо бинед:
"Кӯҳпора чаппа шуд." Ҳалокати чор наврас дар Нуробод
Дар пайи чаппа шудани кӯҳпора дар ноҳияи Нуробод чор наврас ҷон бохтаанд.
Як каси дигар захмист.
Ҳодиса шоми 11-уми июл дар ҷамоати Муҷихарф рух додааст.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Нуробод 13-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо барои ҷустуҷӯйи чорво ба кӯҳ рафта буданд. Ҳамон вақт як қисми кӯҳ канда шудааст."
Ба гуфтаи ин манбаъ, ки нахост номаш навишта шавад, се наврас дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як кас дар шифохона ҷон додааст.
Ду нафар аз ҷонбохтагон 10 ва 11-сола будаанд.
Ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест. Мақомот қазияро расман шарҳ надоданд.
Дар се рӯзи охир Тоҷикистон шоҳиди боронҳои сахт ва омадани сел буд. Аз ҷумла, бар асари омадани сел даҳҳо хона ва роҳу пулҳо дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент зарар диданд.
160 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия "зери назорат" будаанд
160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати "муҳоҷирони зери назорат" дар Русия қарор доштаанд. Ба онҳо хатари ронда шудан ё депортатсия аз ин кишвар таҳдид мекунад.
Шариф Норзода, муовини якуми вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон, 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "аз ин теъдод 25 ҳазор танро ноболиғон ташкил медиҳанд, ки бо аъзои дигари оила дар Русия ҳастанд".
Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, моҳи марти соли 2025 гуфт, ниҳоди зери раҳбарии ӯ 685 ҳазор хориҷиро ба рӯйхати "шахсони зери назорат" ворид кардааст.
Мақомоти тоҷик он замон гуфта буданд, ки 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати ба истилоҳ "сиёҳ" дар Русия ҳастанд ва агар ҳуҷҷату ҳузурашонро қонунӣ нагардонанд, ронда хоҳанд шуд.
Феҳрасти "шахсони зери назорат" дар пайи ворид шудани дигаргунӣ ба қонунҳои Русия аз 5-уми феврали соли гузашта ба иҷро даромадааст.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати кору муҳоҷират рӯзи 13-уми июл аз пешниҳоди омор дар бораи муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия худдорӣ карданд.
Шариф Норзода танҳо гуфт, дар шаш моҳи имсол 10 ҳазору 700 муҳоҷиреро, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва ҳаққи сафар ба ин кишварро надоранд, бо кор таъмин кардаанд.
Мақомоти Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар зиёда аз як миллион нафар шумурдаанд. Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон ду сол боз теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия пинҳон медорад.
Чаро мақомоти Тоҷикистон омори тобути муҳоҷиронро намегӯянд?
Роҳбарони ду ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз гуфтани омори интиқоли тобутҳо аз Русия ва кишварҳои дигар ба Душанбе худдорӣ карданд.
Хабарнигорон рӯзи 13-уми июл аз вазири кору муҳоҷират пурсиданд, ки дар нимаи аввали имсол пайкар ё ҷасади чанд нафар аз хориҷа ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Намояндагони вазорат аз посух додан ба ин суол худдорӣ карда, гуфтанд, "масъаларо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш мебаранд". Дар ҳоле ки қаблан Хадамоти муҳоҷират, як ниҳоди зери итоати Вазорати меҳнат, ин оморро эълон мекард.
Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июл аз гуфтани омори овардани тобут аз тариқи фурудгоҳҳои кишвар худдорӣ кард.
Соли 2025 танҳо ба воситаи фурудгоҳҳои Душанбе ва Кӯлоб 1623 тобути шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия ба ватан оварда буданд.
Омори овардани тобут ба Тоҷикистон то оғози ҷанги Русия алайҳи Украина ҳамеша дастрас буд.
Давоми чоруним соли ҷанг хабарҳо аз кушта шудани даҳҳо тоҷикистонӣ дар Украина ва интиқоли ҷасади онҳо ба ватан расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин мавзуъ эҳтиёткоранд ва зиёд суҳбат намекунанд.
Линдси Граҳам, сенатори таъсиргузори ҷумҳурихоҳ даргузашт
Линдси Граҳам, сенатори шинохташудаи ҷумҳурихоҳ дар ИМА, дар 71-солагӣ фавтидааст. Саҳифаи расмии вай дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) хабар дод, Граҳам шомгоҳи рӯзи шанбе, 11 июл “аз як бемории ногаҳонӣ” вафот кардааст.
Линдси Граҳам, ки ба унвони яке аз чеҳраҳои аслии сиёсии Амрико шинохта мешуд, беш аз 30 сол дар арсаи сиёсат фаъолият кардааст.
Ӯ аввалин бор дар соли 1992 ба унвони узви маҷлиси намояндагон вориди сиёсати Иёлоти Муттаҳида шуд. Грамаҳ соли 2003 сенатор интихоб ва беш аз 20 сол дар маҷлиси Сенат фаъолият дошт.
Линдси Граҳам, сенатори ҷумҳурихоҳи наздик ба Доналд Трамп, президенти ИМА, дар охирин изҳори назари худ дар бораи Эрон дар вокуниш ба созиши Эрону Амрико бар сари бозгушоии тангаи Ҳурмуз нисбат ба коҳиши таҳримҳо алайҳи Эрон ҳушдор дода буд.
Вай дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: “Ман комилан итминон дорам, ки раисҷумҳур Трамп иҷоза нахоҳад дод, Эрон даҳҳо миллиард доллар ба даст оварад, то ҷаҳонро гаравгон бигирад ва дар минтақа ҳарҷумарҷ эҷод кунад”.
Талоши ширкати чинӣ барои ёфтани нафту газ дар Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, "CNPC" ё ширкати миллии нафту гази Чин, натиҷаи корҳои саҳроии худро дар Тоҷикистон ҷамъбаст мекунад. Ин ширкати чинӣ дар чанд минтақаи вилояти Хатлон нафту газ меҷӯяд.
Намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об 10-уми июл гуфтанд, дар нимаи аввали имсол ҳамкорӣ бо ин ширкати чинӣ "дар самти ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва кашфи конҳои нафту газ идома дода шуд."
Мақомот бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфтанд, "ширкат ба ҷамъбасти натиҷаҳои корҳои саҳроӣ ва интерпретатсия (таҳлили маълумот) машғул мебошад".
Пештар намояндагони Идораи геологияи Тоҷикистон гуфта буданд, ба ширкати CNPC парвона ё иҷозаномаи кор то соли 2033 дода шудааст. Бар асоси ин санад, ширкат ҳақ дорад дар 57 майдон дар ҷануб-ғарби Тоҷикистон нафту газ ҷустуҷӯ кунад.
Тибқи омори Саридораи геология, дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна захираи нафт ва 3,4 миллиард метри мукааб газ муайян шудааст.
Талошҳо барои пайдо ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон камҳосил будаанд. Аз ҷумла, ширкатҳои "Газпромнефт", "Total" ва "Тетрис Петролиум" талош карданд, ки дар Тоҷикистон нафту газ истихроҷ кунанд, аммо дертар аз кишвар рафтанд.
Қарзи аҳолӣ аз барқ 600 миллион сомонӣ кам шудааст
Дар як соли ахир қарзи аҳолии Тоҷикистон аз барқ ҳудуди 600 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи омори ахир, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об 10-уми июл нашр кард, аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи барқ 1,1 миллиард сомонӣ қарздор ҳастанд. Як сол пеш қарзи аҳолӣ аз барқ 1,7 миллиард сомонӣ эълон шуда буд.
Омори мақомот дар бораи қарздории аҳолӣ аз барқ солҳост, ки шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.
Хабарнигорон борҳо ин мавзӯъро бо намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" баҳс кардаанд. Намояндагони "Шабакаҳои тақсимоти барқ" пештар гуфта буданд, беш аз 1 миллиард сомонӣ, қарзе мебошад, ки солҳои гузашта ҷамъ шудааст. Мустақилона тасдиқ кардани ин ҳарфҳо мушкил аст.
Ба гузориши ахири Вазорати энергетика, баъди аҳолӣ калонтарин қарздор аз барқ "Ширкати Алюминийи Тоҷик" мебошад, ки қарзаш ба 991 миллион сомонӣ расидааст. Як сол пеш қарзи ин корхона аз барқ 718 миллион сомонӣ буд.
Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 322 миллион сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо 100 миллион ва Корхонаҳои обу корез бо 126,4 миллион сомонӣ, аз қарздорони калон дар назди идораи барқ будаанд.
Таҳлили омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар як соли ахир ба ҷуз корхонаҳои буҷетӣ, қарзи Оҷонсии беҳдошти замин ва корхонаи обу корез ба таври назаррас зиёд шудааст.