Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Трамп гуфт, агар Путин розӣ нашавад, таҳрим ҷорӣ мекунад

Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар Владимир Путин, президенти Русия, бо Украина ба созиши сулҳ нарасад, алайҳи Маскав таҳримҳои изофӣ ҷорӣ хоҳад кард.

Изҳороти Трамп рӯзи 21-уми январ дар ҷараёни суханронияш дар Кохи Сафед ва дар посух ба суоли хабарнигор садо дод.

Ӯ ҳамзамон аз раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин, хост, ки дар хатми ҷанг дар Украина ҳамкорӣ кунад.

“Мо бо президенти Украина Владимир Зеленский суҳбат мекунем ва ба зудӣ бо президент Путин ҳам гуфтугӯ хоҳем кард,” -- гуфт Доналд Трамп, аммо ҷузъиёт надод.

Трамп ҳамчунин изҳор дошт, ки тими ӯ масъалаи фиристодани силоҳи бештарро ба Украина баррасӣ мекунад.

Вай дар ҷараёни маъракаҳои интихоботии худ ҳукумати қаблии Амрикоро барои ёрии зиёд ба Украина танқид карда буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вокуниши Вазири маориф ба латукӯби омӯзгор

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгор аз ноҳияи Нуробод
Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгор аз ноҳияи Нуробод

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба танқидҳо дар бораи ҳимоя накардан аз ҳуқуқи омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов посух дод.

Раҳим Саидзода 10-уми июл дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов "нисбати хонанда аз таҳқир истифода бурдааст ва ин исбот ва алайҳаш чораҷӯйӣ шуд".

Ба гуфтаи Саидзода, намояндагони Иттифоқи касаба дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат карданд.

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгор аз ноҳияи Нуробод пештар шикоят кард, ки рӯзи 8-уми май бародари як хонанда ӯро задааст. Додгоҳ 3-юми июн омӯзгорро дар иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди таълиму тарбияи кӯдак, гунаҳор карда, 1560 сомонӣ ҷарима баст. Фарде, ки ба латукӯби омӯзгор муттаҳам мешуд, барои майдаавбошӣ ба панҷ шабонарӯз ҳабс маҳкум шуд.

Баъди содир шудани ҳукм омӯзгор гуфт, аз ин қарор розӣ нест ва аз кор дар мактаб даст мекашад. Ин мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.

Се хешованди зиндонии Саид Абдуллоҳи Нуриро озод кардаанд

Муҳибулло Нуриддинов ва Нурулло Саидов
Муҳибулло Нуриддинов ва Нурулло Саидов

Нурулло Саидов – бародар, Муҳибулло Нуриддинов ва Нусратулло Саидов – бародарзодаҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро аз зиндон озод кардаанд.

Ҳарсеи онҳо соли 2022 бо ҷурмҳои гуногун, аз ҷумла барои гирифтани пул аз намояндагони мухолифон, ки мақомот ғайриқонунӣ медонанд, аз панҷ то панҷуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Чизе, ки Муҳаммадҷони Нурӣ, писари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, соли 2022 “қасосгирӣ” номид.

Дар ҳоле мақомот дар бораи озодии се хешованди Саид Абдуллоҳи Нурӣ ягон шарҳ намедиҳанд, як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми июл гуфт, "нисбат ба онҳо қонуни нави афв татбиқ шуд".

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон, қароргоҳаш дар Лаҳистон (Полша), ки бо шахсони наздик ба хонаводаи зиндониён дар Тоҷикистон дар тамос будааст, рӯзи 10-уми июл хабарро тасдиқ кард.

Вай гуфт, ба иттилои ёфтаи онҳо, Муҳибулло Нуриддинов ва Нусратулло Саидови 67-сола рӯзи ҷумъа аз маҳбаси Хуҷанд озод шуда, "дар роҳ ба тарафи вилояти Хатлон ҳастанд".

"Нурулло Саидов, додарзодаи дигари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, аз маҳбаси "Якум Советский” дар Душанбе баромад," – афзуд ӯ.

Қонуни нави афв дар Тоҷикистон, ки 16-уми июни имсол имзо шуд ва ба иҷро даромад, нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист, татбиқ хоҳад шуд.

То кунун беш аз чаҳор ҳазор нафар, аз ҷумла қариб сесад зан аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда шудаанд.

Дар ин миён қонуни афв ба баъзе аз мухолифон, фаъолони маданӣ ва сиёсатмадорони зиндонӣ, ки ба ҷиноятҳое чун хиёнат ба давлат, таҷовуз ба номус ё қаллобӣ ба миқдори махсусан калон айбдор шудаанд, сабукӣ нахоҳад дод. Ҳарчанд ин афрод ҳукми додгоҳро бепоя ва бештар дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Тоҷикистон содироти барқро кам кардааст

Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол ба хориҷи кишвар қариб 1,5 милиард киловат соат барқ содир кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7 дарсад камтар будааст.

Ба гузориши Вазорати энержӣ ва захираҳои об, бахши асосии барқ (702 миллион киловат соат) ба Афғонистон ва 338 миллион киловати дигар ба Узбекистон содир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, маблағи барқи фурӯхташуда 292,2 миллион сомонӣ ($ 31,6 млн) аст.

Дар Вазорати энержӣ ва захираҳои об гуфтанд, 90 дарсади барқ "дар давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо, яъне моҳҳои апрел-июн содирот шудааст".

Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.

Шарҳи мақомот дар бораи содир шудани барқ танҳо дар давраи тобистон қаблан шубҳаву гумонҳоеро ба миён оварда буд.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика 10-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, созишномаи нави фурӯши барқ бо ширкати "Брешно"-и Афғонистон имзо шудааст. Вазир бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфт, муқаррароти ин созишнома аз санадҳои қаблӣ фарқи зиёд надорад.

Интиқоли барқ ба хориҷ дар шароите, ки мардуми Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд, танқидҳоеро ба миён оварда буд.

Бештар аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон то 6-8 соат барқ мегиранд.

Корхонаи махсус барои коркарди батареяи мошинҳои барқӣ

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи мошинҳои таксӣ дар Душанбе аз мошинҳои барқӣ иборат аст.
Дар ҳоли ҳозир ҳамаи мошинҳои таксӣ дар Душанбе аз мошинҳои барқӣ иборат аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то соли 2028 дар кишвар барои коркарди батареяи мошинҳои барқӣ корхонаи махсус сохта мешавад.

Исфандиёр Шукурзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист 9-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин корхона бояд дар яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе бунёд гардад.

Шукурзода афзуд, онҳо пешниҳод кардаанд, ки то сохтани ин корхона, батареяи мошинҳои барқӣ дар анбори махсусе дар Душанбе ҷамъоварӣ шаванд.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, феълан мушкилоти ҷиддии экологӣ бо батареяи мошинҳои барқӣ вуҷуд надорад, вале баъди чанд сол метавонад ин масъала муҳим шавад.

Овардани мошинҳои барқӣ аз хориҷ, бахусус аз Чин ба Тоҷикистон давоми се соли ахир ба таври назаррас зиёд шуд.

Феълан ҳамаи мошинҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе аз мошинҳои барқӣ иборат аст. Батареяи ин мошинҳо ва роҳҳо нобуд кардани он қаблан нигаронии ҳомиёни муҳити зистро ба миён оварда буд.

Озодии беш аз ҳазор маҳбус дар Душанбе

Маҳбаси маъруф ба "Якум советский" дар шаҳри Душанбе. 10 июли 2026.
Маҳбаси маъруф ба "Якум советский" дар шаҳри Душанбе. 10 июли 2026.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, субҳи 10-уми июл беш аз ҳазор маҳбусро бар асоси қонуни афв аз маҳбаси маъруф ба "Якум советский"-и шаҳри Душанбе озод карданд.

Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки наздикони даҳҳо зиндонӣ барои пешвози наздиконашон ба назди зиндон омадаанд.

Мақомот озодии зиндониён аз ин маҳбаси Душанберо шарҳ надодаанд.

Дар маҳбаси маъруф ба "Якум советский" чанд хабарнигору блогери зиндонӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Аҳмади Иброҳим адои ҷазо мекунанд.

Пештар наздиконашон гуфтанд, ки бар асоси қонуни афв се сол аз муҳлати боқимондаи ҳабси ин хабарнигорон кам карда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, имрӯз, 10 июл аз маҳбасҳои шаҳри Хуҷанд низ шуморе аз зиндониён раҳо шудаанд.

Пеш аз ин, дар рӯзи 6-уми июл 2 ҳазору 979 тан, аз ҷумла тақрибан сесад занро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда буданд.

Мақомот баръакси дафъаҳои гузашта маросими озодии зиндониёнро бе эълони пешакӣ ва асосан бо ҳузури хабарнигорони давлатӣ гузаронданд.

Қонун дар бораи афв рӯзи 16-уми июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуд.

Бар асоси он, бояд 18 ҳазор кас аз боздоштгоҳу зиндон ё аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шаванд.

Аз нишасти НАТО то ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико

Аз нишасти НАТО то ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Элизабет Стикни, сухангӯйи Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ натиҷаи нишасти раҳбарони НАТО дар Туркия ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаро хулоса кард.

Ӯ рӯзи 9-уми июл гуфт: "Ба қавли президент Доналд Трамп, нишасти НАТО бисёр муваффақ буд. Мо мехостем, ки кишварҳои узв харҷи дифоиашонро афзоиш бидиҳанд ва ҳамаи онҳо тааҳҳуд карданд, ки ҳазинаҳои дифоиашонро бештар мекунанд."

Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки дар ин ҷаласа, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, дар робита бо ислоҳоти стратегии ояндаи НАТО иттифоқи назаре ба даст омад?

Элизабет Стикни: "Эътилофи НАТО бояд ба ҳар навъ таҳдид омода бошад. Муҳим аст, ки барои расидан ба ин ҳадаф мо бештар ҳамкорӣ кунем. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои узви НАТО ба ин ҳамкорӣ тааҳҳуд карданд."

Радиои Озодӣ: Ҳафтаи гузаша дар Вашингтон ҷаласаи муҳими вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ИМА - Сироҷиддин Муҳриддин ва Марко Рубио барпо шуд. Изҳороти расмиро мо дидем, вале чунин ба назар мерасад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан дар ин гуфтугӯҳо муҳимтарин бахш буд ва аз ҷумла, баъзе матолибе ҳам нашр шуд, ки тарафҳо дар заминаи истихроҷи сурма ба мувофиқате омаданд. То куҷо ин дуруст аст?

Элизабет Стикни: "Вақте дар бораи Тоҷикистону Амрико сӯҳбат мекунем, мо дар бораи фурсатҳои ҳамкорӣ гап мезанем. Ва ҳамон қисме, ки шумо гуфтед, ҳафтае пеш вазири корҳои хориҷӣ оқои Рубио бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Вашингтон дидор кард. Онҳо дар мавриди густариши фурсатҳо сӯҳбат карданд. Кишварҳои мо ба густариши ҳамкории тиҷҷорӣ, ҳамкории амниятӣ ва ҳамкории беҳдоштӣ алоқаманд ҳастанд. Ва ҳам мавзӯи маъданҳо матраҳ шудааст. Вале беҳтар аст, ки дар мавриди ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо сӯҳбат накунам."

Боздошти як сокини Узбекистон барои садама дар ИМА

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Амрико шаҳрванди 42-солаи Узбекистон Беҳзод Асроровро бо гумони содир кардани садама ё тасодуфи роҳ, ки боис ба марги як нафар шудааст, дастгир карданд.

Садама рӯзи панҷуми июл дар Оҳайо рӯй дода, дар ин ҳодиса Тобиас Форсайт, донишҷӯи 21-сола ва дарвозабони тими донишгоҳи Массачусетс, ҷон бохтааст.

Расонаҳои Амрико навиштанд, ки Беҳзод Асроров мошини борбар меронд.

Ӯро ҳамзамон ба сохтакорӣ гумонбар медонанд.

Ба иттилои мақомот, Беҳзод Асроров баъди ҳодиса дастгоҳи сабти ҳаракат дар роҳро дар ҷайбаш пинҳон кардааст.

Матбуот гуфт, "ӯ забони англисиро намедонад ва бо пизишкону ходимони полис ба воситаи Google Translate суҳбат намуд".

Полис ӯро дар маҳбаси Мэдисон ҷой намудааст.

Барканории сармеъмор пас аз канда шудани порае аз як бино дар Хуҷанд

Низом Мирзозода гуфт, қазияро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ таҳқиқ доранд
Низом Мирзозода гуфт, қазияро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ таҳқиқ доранд

Дар вокуниш ба канда шудани гӯшае аз як бинои баландошёнаи нимсохт дар Хуҷанд, сармеъмори ин шаҳр ва намояндаи Хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон аз мансаб ронда шудаанд.

Раиси Кумитаи сохтмон рӯзи 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин ниҳод дар ҳайати 10 тан як кумисюни вижа ташкил карда, барои санҷиш ба вилояти Суғд фиристод. Низом Мирзозода ҳамзамон гуфт, видеои канда шудани гӯшае аз як бино махсус сабт шудааст ва онро рақобат миёни ширкатҳои сохтмонӣ донист.

"Дар он ҷо як чизи дигар аст. Агар аҳамият дода бошед, ду шахс нишастаанд ва навор гирифта ва гуфта истодаанд, ки ҳоло ҳамон девор чаппа мешавад. Савол пайдо мешавад, ки онҳо аз куҷо медонанд, ки ҳамин девор чаппа мешавад?" -- гуфт раиси Кумитаи сохтмон.

Ҳарчанд Низом Мирзозода аз гуфтани ҷузъиёти рақобат, номи ширкатҳои сохтмонӣ ва ҳувияти соҳибони онҳо худдорӣ кард, аммо гуфт, ин ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам таҳқиқ доранд. То кунун назари ширкати сохтмонӣ ба ин ҳодиса ва гуфтаҳои раиси Кумитаи сохтмон маълум нест.

Навор дар Инстаграм:

Сифати сохтмонҳои нав, хусусан биноҳои маскунӣ дар солҳои охир яке аз баҳсҳои доғ дар миёни мардум дар Тоҷикистон аст.

Рӯзи 19-уми июн дар пайи шамоли сахт порае аз девори як бинои нимсохт дар шаҳри Хуҷанд канда шуд ва наворҳои он лаҳза дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси сифати биноҳои навро дубора доғ кард.

Радиои Озодӣ он замон маълум карда буд, ки ин бинои нимсохт дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, аз сӯйи ширкати “Каскад” бунёд мешавад. Намояндагони ин ширкат шарҳе надоданд.

Ба омори Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар шаш моҳи соли 2026 дар сохтмони беш аз ҳазору сад бино зиёда аз се ҳазору ҳафтсад камбудӣ ошкор гашта, навад нафарро дар умум 300 ҳазору 254 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Эрон: Дар ҳамлаҳои ду рӯзи ахири Амрико 14 тан кушта шудаанд

Вазорати тандурустии Эрон эълон кард, ки дар ҳамлаҳои ду рӯзи ахири Амрико ба ин кишвар, дастикам 14 нафар кушта ва 78 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳусейн Кирмонпур, раиси Маркази робитаҳои умумии Вазорати тандурустии Эрон 9 июл гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ то кунун панҷ вилояти Эронро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз миёни захмиён 47 нафар ҳамчунон дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд ва дигар маҷрӯҳон пас аз дарёфти хадамоти тиббӣ, рухсат шудаанд.

Ин мақоми вазорати тандурустии Эрон мушаххас накардааст, ки омори талафоти эълоншуда шомили нерӯҳои низомӣ мешавад ё танҳо марбут ба ғайринизомиён аст.

Пеш аз ин артиши Эрон аз кушта шудани ҳашт низомӣ ва Сипоҳи посдорон аз кушта шудани яке аз нерӯҳои худ дар ҳамлаҳои шаби нахусти Амрико, хабар дода буданд.

НАТО дар соли 2026 ба Украина $82 млрд кӯмаки низомӣ мекунад

Сарони НАТО дар саммити Анқара.
Сарони НАТО дар саммити Анқара.

Раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО бо нашри эъломияи муштарак дар поёни нишасти дурӯзаи худ, рӯзи 8 июл ӯҳдадор шуданд, ки дар соли 2026, ҳафтод миллиард евро (ҳудуди 82 миллион доллар) таҷҳизоти низомӣ, кӯмаки амниятӣ ва омӯзиши низомӣ дар ихтиёри Украина қарор диҳанд ва бар идомаи ҳимоят аз Киев таъкид карданд.

Ҳамзамон бо баргузории нишасти НАТО дар Анқара, Русия субҳи 8 июл ҳамлаҳои наверо алайҳи Украина анҷом дод, ки дар натиҷа дастикам ҳафт нафар кушта шуданд. Украина низ ба ин ҳамлаҳо посухи мутақобил дод.

Тибқи гузоришҳо, Русия ҳафтаи гузашта тақрибан ҳар рӯз бо истифода аз паҳподҳо ва мушакҳои баллистикӣ, минтақаҳои гуногуни Украинаро ҳадаф қарор додааст, ки бар асари он беш аз 50 тан кушта шудаанд.

Маҳдудият дар равуои мошинҳо дар марзи Қазоқистон. Ҳадаф чист?  

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қазоқистон бо ҳадафи пешгирӣ аз берун бурда шудани маводи сӯхт, дар убуру мурури нақлиёт аз кишварҳои ҳамсояаш маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Дар ин бора муовини нахуствазири Қазоқистон Кайирхон Туткишбоев рӯзи 7-уми июл дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, бар асоси муқаррароти нав, мошинҳои сабукраву борбар, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, дар шабонарӯз танҳо як бор ҳақ доранд аз сарҳад гузаранд. “Аз ин роҳ метавон тавозунро дар истифодаи маводи сӯхт таъмин кард,” – афзуд Туткишбоев.

Муовини сарвазири Қазоқистон гуфт, чунин қарор ба ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар марбут аст. Илова ба ин, Вазорати энержии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои миллӣ як захирагоҳи маводи сӯхтро тартиб дода, тавозуни истифодаи онро дар бозори дохилӣ назорат мекунад.

Вай афзуд, вақтҳои охир ба ҳисоби онҳо “истифодаи маводи сӯхт дар минтақаҳои сарҳадии Қазоқистони Ғарбӣ, Оқтеппа ва Павлодар якбора боло рафтааст”.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Қазоқистон дар сарҳад бо Русия навбатпоиҳои калон мушоҳида мешавад.

Дар Русия аз охири моҳи июн як бӯҳрони маводи сӯзишворӣ мушоҳида мешавад. Далелаш ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои истеҳсоли нафти Русия дар посух ба ҳуҷумуҳои пурқурбонии Маскав ба мавзееъҳои аҳолинишини Украина мебошад.

Рӯзи 6-уми июл корхонаи коркарди нафти Омск, ки дар 2500-километрии сарҳади Украина ҷойгир аст, мавриди ҳамлаи паҳподҳои украинӣ қарор гирифт. Баъди ин, корхонаи Омск, ки соле 21 миллион тонна нафт истеҳсол мекард, корашро боздошт.

Дар Узбекистон алифборо ислоҳ мекунанд

Дар Узбекистон мехоҳанд алифбои забони узбекиро, ки бар пояи хати лотинӣ асос ёфтааст, ислоҳ кунанд.

Муаллифон пешниҳод кардаанд, ки дар алифбои забони узбекӣ на 26, балки 28 ҳарф ва як апостроф ё аломати монанд ба вергул ворид шавад. Онро дар болои сатр мегузоранд.

Вакилони Узбекистон рӯзи 7-уми июл тарҳи нави қонунро ба Сенат фиристодаанд. Бино ба пешниҳоди онҳо, навишти чунин ҳарфу садоҳо ислоҳ мешаванд:

Gʻ → Ğ – ҳарфи "Ғ"

Oʻ → Ö – ҳарфи "Ӯ"

Sh → Ş – ҳарфи "Ш"

Ch → Ç – ҳарфи "Ч"

Инчунин, пешниҳод шудааст, ки навишти ҳатмии пасванди "ng", ки хоси бисёр калимаҳои узбекӣ мебошад, аз алифбо берун карда шавад. Дар иваз, ин садо бо ишораи дигаре ифода хоҳад ёфт.

Иқдоми порлумони Узбекистон бе пурсиши афкори умум ҷараён гирифт.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ навишт, вокуниши мақомоту сохторҳои дахлдори Узбекистон ба тарҳи қонуни ислоҳи алифбо маълум нест.

Ҷумҳурии Узбекистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор кард, тадриҷан аз алифбои кириллӣ даст кашида, ба алифбои лотинӣ гузарад.

Давоми се даҳсола дар ин кишвар ҳарду навъи алифбо роиҷ буд, вале насли навро дар мактабҳо бар асоси алифбои лотинӣ таълим медоданд. Он замон қарори президент Ислом Каримовро барои даст кашидан аз алифбои кириллӣ талоши фосилагирӣ аз нуфузи Русия ва Кремлин номиданд.

Аз он замон то кунун танқидҳое ҳам дар бораи интихоби шакли навишти бархе ҳарфу садоҳо вуҷуд дошт.

“Шахсан қабул кунед.” Масъулияти нави додрасҳо дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додрасҳоро дар Тоҷикистон вазифадор кардаанд, ки пеш аз баррасии шикоятҳо, ба арзи корафтодагон гӯш диҳанд.

Ин дигаргунӣ ба қонун “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар нимаи моҳи июн ба иҷро даромад.

Тибқи он, раиси Додгоҳи олӣ, додгоҳҳои ҳарбӣ ва додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки корафтодагонро “шахсан қабул кунанд”.

Дар матни пешинаи қонун чунин банд вуҷуд надошт.

Бар асоси Констиутсия, додгоҳ дар Тоҷикистон гунаҳкор ё бегуноҳ будани шахсони гумонбар дар ҷиноятро бояд маълум кунад ва дар баҳсҳои шаҳрвандӣ ҳақро ба ҳақдор бирасонад.

Сокинони зиёде шикоят мекунанд, ки барои додхоҳӣ ба додгоҳ мераванд ва моҳҳо ё ҳатто солҳо интизор мемонанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, додгоҳҳои Тоҷикистонро яке аз ниҳодҳои фасодзадаи кишвар унвон кардааст.

Дар се соли охир ҳудуди 20 тан аз додрасҳои тоҷик бо ҷурми ришваситонӣ боздошт ё аз мансаб барканор шудаанд.

Дар гузориши Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал дар соли 2025 Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз нигоҳи мубориза бо фасод дар ҷойи 166, танҳо як зина болотар аз Туркманистон ҷой гирифтааст.

Корхонаи коркарди нафт дар Омск фаъолияташро боздоштааст

Омск, Русия, 6-уми июли 2026
Омск, Русия, 6-уми июли 2026

Корхонаи коркарди нафти Омск дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина дар рӯзи 6-уми июл кори худро боздоштааст.

Дар ин бора хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 7-уми июл бо такя ба ду манбаъ гузориш дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар ин ҳамла дастгоҳи коркарди аввалияи нафт оташ гирифта, зарар дидааст.

Ширкати "Газпромнефт", молики ин корхонаи коркарди нафт дар Русия, мавзуъро шарҳ надод.

Корхонаи коркарди нафти Омск дар масофаи беш аз 2500 километр аз сарҳади Украина ҷойгир аст.

Мақомоти Русия ҳамла ба корхонаро тасдиқ карда, хабар доданд, ки дар ин ҳодиса касе ҷон набохт.

Тавоноии корхонаи коркарди нафти Омск тақрибан 21 миллион тонна сӯзишворӣ дар як сол аст.

Низомиёни украинӣ пештар низ ба чанде аз корхонаҳои бузурги коркарди нафт дар Русия зарба задаанд.

Дар натиҷа, дар бисёре аз минтақаҳои Русия камбуди сӯзишворӣ пеш омадааст.

Навор дар Инстаграм:

Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ба таҳқиқи қочоқи даҳҳо сангпушти нодир аз Фурудгоҳи Душанбе ба Фурудгоҳи Домодедовои Маскав шуруъ кардааст.

Хадамоти гумруки Русия рӯзи 3-юми июл аз кӯшиши интиқоли 476 сангпушти нодир аз Тоҷикистон ба Русия хабар дод. Ин ниҳод гуфт, як шаҳрванди Русия бо гумони қочоқи ин сангпуштҳо боздошт шудааст.

Зайнулло Шарифзода, раиси Фурудгоҳи Душанбе, 8-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз расонаӣ шудани ин хабар Додситонии нақлиёти Тоҷикистон таҳқиқи қазияро шуруъ кардааст.

Ба гуфтаи Шарифзода, тибқи маълумоти пешакӣ ин сангпуштҳо рӯзи 27-уми марти имсол аз тариқи хати бағоч аз Фурудгоҳи Душанбе гузаронда шудаанд.

Раиси Фурудгоҳи Душанбе афзуд, масъули таҳқиқи бағочҳо кормандони идораи гумрук ҳастанд. Мавқеи идораи гумруки Тоҷикистон ба ин масъала аниқ нест.

Зайнулло Шарифзода афзуд, пас аз анҷоми санҷиши додситонии нақлиёт ҷузъиёти қазияро ба расонаҳо шарҳ медиҳанд.

Раиси Фурудгоҳи Душанбе мушаххасан нагуфт, ки агар ин сангпуштҳо 27-уми март ба Маскав бурда шудаанд, пас, чаро хабари он аввали моҳи июл расонаӣ шуд.

Ин аввалин мавриди қочоқ аз Фурудгоҳи Душанбе нест. Дар гузашта ҳам чанд ҳолати ғайриқонунӣ баровардан ё овардани мол аз тариқи Фурудгоҳи Душанбе расонаӣ шудааст. Аз ҷумла соли 2023 ду корманди Фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми мусоидат дар қочоқи тило ба Ҳиндустон дастгир шуданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG