Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Иттиҳоди Аврупо ба "қадами севум"-и Эрон


Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 6-уми сентябр қадами севуми коҳиши уҳдадориҳояш дар доираи созишномаи ҳастаиро ниҳод. Ин тасмим ба вокунишҳои тунди байналмилалӣ рубарӯ шуд. Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Фаронса аз ин гоми Эрон изҳори нигаронӣ карда, онро “носозгор” ба созиши ҳастаӣ хонданд.

Дар пайи эълони тасмими Эрон дар бораи даври нави коҳиши уҳдадориҳои атомиаш, Бритониё аз ин иқдом башиддат ибрози нигаронӣ кард, Фаронса аз Ҷумҳурии исломӣ хост, ки аз ҳар иқдоми зидди созиши ҳастаӣ худдорӣ кунад. Як мақоми аршади Иттиҳоди Аврупо низ тасмими ҷадиди Эронро “носозгор” ба тавофуқи ҳастаӣ хонд.

Огнес Фун Дар Мул, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Фаронса рӯзи панҷшанбеи 5-уми сентябр дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, “Эрон бояд аз ҳар иқдоме худдорӣ кунад, ки зидди аҳдҳояш аст ва метавонад монеи талош ба коҳиши танишҳо шавад.”

Вай изофа кард, ки Порис ҳамроҳ бо шарикони худ ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ин тасмими нави Эронро баррасӣ хоҳад кард.

Ҳамзамон як мақоми Иттиҳоди Аврупо низ иқдоми Эронро “носозгор” ба созиши ҳастаӣ хонд ва ба Ҷумҳурии исломӣ нисбат аз анҷоми амале ҳушдор дод, ки метавонад, тавофуқи ҳастаиро таҳти таъсир қарор диҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё дар баёнияе шомгоҳи панҷшанбе эълом кард, ки “тарҳи Эрон барои коҳиши тааҳудоташ дар густариши таҳқиқоти ҳастаӣ амиқан нигаронкунанда аст.”

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: иҷрои “қадами севум”-и Эрон дар паймонкориҳои ин кишвар дар созиши ҳастаӣ “дар замоне, ки мо ва шарикони аврупоӣ ва байналмилалиамон барои коҳиши танишҳо бо Эрон башиддат кор мекунем боиси навмедӣ аст."

Як дипломати аршади Русия низ гуфта буд, вазирони умури хориҷии Эрон ва панҷ кишвари узви созиши ҳастаӣ ба зудӣ дар Ню-Йорк сари “иҷрои созиш” изҳори назар хоҳанд кард.

Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Теҳрон аз бардоштани қадами севум дар коҳиши аҳдҳои ҳастаияш хабар дод.

Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон шоми чаҳоршанбе эълон кард, ки созмони энержии атомии Эрон фавран “қадами севум”-ро оғоз мекунад

Расонаҳои дохилии Эрон хабар доданд, ки Беҳруз Камолвандӣ, сухангӯи созмони энержии атомӣ ҷузъиёти қадами севуми коҳиши уҳдадориҳои ҳастаӣ ва иқдоми созмони энержии атомиро рӯзи шанбеи 7-уми сентябр дар нишасти хабарӣ шарҳ хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки мақомҳои Эрон рӯзҳои ахир дар бобати имкони тавофуқ бо аврупоиҳо ибрози ноумедӣ кардаанд.

Фаронса, яке тарафҳои созиши ҳастаӣ рӯзҳои ахир талош карда буд як хати эътиборӣ бо арзиши 15 миллиард доллар барои тиҷорат бо Эрон роҳандозӣ шавад. Ин пешниҳод марбут ба тавофуқи Амрико ва додани имтиёз ба харидорони нафти Эрон аст.

Бо ин ҳол Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико таъкид кардааст таҳримҳо алайҳи Эрон лағв нахоҳанд шуд.

Созишномаи коҳиши барномаҳои ҳастаии Теҳрон бар ивази лағви таҳримҳо соли 2015 миёни Эрон ва ИМА, Фаронса, Бритониё, Русия, Олмону Чин имзо шуда буд. Вале Вашингтон соли 2018 аз он берун шуд. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, Эрон пинҳонӣ силоҳи ҳастаӣ омода мекунад ва бинаон Вашингтон таҳримҳои зидди Теҳронро бештар мекунад.

Мақомоти Эрон дар посух ба иқдоми Вашингтон гуфтанд, ки агар иштирокдорони аврупоии созишнома Эронро аз таҳримҳои Амрико муҳофизат накунанд, Теҳрон иҷрои уҳдадориҳои худро дар доираи созишномаи мазкур коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG