Додгоҳи Мадрид баррасии дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи истирдоди Шарофиддин Гадоев, соҳибкор ва узви "Гурӯҳи 24"-ро ба рӯзи душанбе, 14 июл, мавқуф гузошт.
Мақомоти андози Тоҷикистон аз як ширкати марбут ба миллиардери рус Олег Дерипаска тақозо кардаанд, ки 322 миллион сомонӣ қарзи ҷамъшудаашро ба давлат пардохт кунад.
Тоҷикистон дар орзуи сармоягузориҳои хориҷӣ талошҳое ба харҷ медиҳад, аммо фазои хешутаборбозӣ ва фасод роҳи сармояро ба кишвар бастаанд.
Тоҷикистон бо 8 миллион ҷамъият беш аз ҷаҳор ҳазор паноҳандагонро дар қаламраваш ҷой додааст, ки ағлабӣ эшон шаҳрвандони Афғонистонанд.
Ширкати «Мегафон» мегӯяд маҳдуд шудани дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳо бо сабабҳои берун аз масъулияти ин ширкат ба вуқӯъ пайвастааст.
Созмони Гузоришгарони бидуни марз аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки сабаби баста шудани торнамоҳои Google ва Youtube-ро шарҳ бидиҳад. Инҷониб ҳамчунон исрор меварзад, ки ин як мушкили фаннист, ки қарор аст, рафъ шавад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки кай?
Қиммати гӯшт ва маҳсулоти гуштӣ тайи се рӯзи охир дар бозорҳои Душанбе аз 34 сомонии қаблӣ барои як килограм то ба 37 сомонӣ боло рафтааст.
Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд ду сол аст, талош мекунад, натавонистааст, аз мақомоти Тоҷикистон маълумотномае гирад, ки ӯ ҷанговари интернатсионалист аст.
Вазорати фарҳанг мехоҳад фаъолиятҳои ҳунармандон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистонро таҳти назорати бештар бигирад. Ин талошҳо, аз ҷумла таъсиси шӯрои бадеӣ мояи нигаронии бархе аз фарҳангиёни тоҷик шудааст.
Аз ин баъд касе, ки мехоҳад, дар ниҳодҳои давлатӣ кор кунад, бояд омодаи ин бошад, ки собиқаи ӯ мӯшикофона тафтиш хоҳад шуд. Ва агар дар бораи гузаштааш ин номзад маълумоти дурӯғ пеш оварда бошад, роҳи ӯ ба сӯи мансаб баста хоҳад монд.
Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк рӯзи 29 май дар нишасти хабариаш аз шеваи инъикоси масоили кишвараш дар матбуоти Тоҷикистон ва ҳам аз мавқеи, ба гуфтаи ӯ, "бисёр дӯстона"-и ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи бӯҳрони Украина ситоиш кард.
Ширкати «Почтаи тоҷик» қабул ва ирсоли мактубу бастаҳоро ба самти Украина ба далели вазъи он кишвар муваққатан қатъ кардааст.
Як сокини ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мегӯяд, якуним сол пеш дар «Тоҷиксодиротбонк» ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, то ба ҳол маблағашро бозпас гирифта наметавонад.
Маҷаллаи Forbes ба пойтахти Тоҷикистон аз лиҳози шароити соҳибкорию тиҷорат дар байни 20 шаҳри Шӯравии собиқ мақоми 17-умро додааст.
Ширкати «Барқи тоҷик» изҳори омодагӣ кард, ки дар фасли гармо ба Қирғизистон 600 миллион киловатт/соат нерӯи барқ диҳад.
Кони тилои Покрӯд, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, аввалин захираи маъданҳои гаронбаҳои Тоҷикистон аст, ки ба таври пурра ба ихтиёри ширкати хориҷӣ, дар ин маврид корпоратсияи чиноии China Nonferrous Gold Limited, дода шудааст.
Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи пурсарусадои маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоев, сарбози қисми ҳарбии 2026 Сарраёсати нируҳои марзбонии КДАМТ-ро анҷом дода ба додгоҳ ирсол кард.
Миёни намояндагони Тоҷикистону Узбакистон дар ҳамоише дар Душанбе, ки масоили ҳамгиройи дар арсаи нақлиёт миёни кишварҳои узви СҲШ-ро баррасӣ мекард, баҳси лафзие сар зад, ки посухаш ба рӯзи дигар монд.
Тоҷикистон то ҳол имкони ташхиси фаннии таркиби маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашударо надоштааст. Ин маҳсулот бештар аз кишварҳои Осиё вориди бозори Тоҷикистон мешавад.
Ширкати кишоварзии «Синтсзян инхай»-и Чин аз қаламрави ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ҳудуди 100 гектар заминҳои кишоварзиро ба иҷора гирифтааст.
Ёфтҳои бештар