Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Мақомот чанд сол пеш Маркази миллии тестиро ташкил карданд, ки довталабон танҳо тавассути он имтиҳон бисупоранду донишҷӯ бишаванд. Ҳадафаш пешгирӣ аз ришваситонӣ гуфта шуд. Ҳоло, бо вуҷуди будани Маркази тестӣ, баъзе аз довталабон дар донишгоҳҳо имтиҳон месупоранд. Чаро?
Икром Сатторов, сокини шаҳри Душанбе, ин навбат натавонист, аз ёриҳои бепули Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳравар шавад. Намояндагони созмон барояш гуфтаанд, ба сабаби бас кардани кор дигар наметавонанд, аз ҳуқуқи корафтодаҳо ҳимоят кунанд.
Дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон шарту шароити созишномаи наверо баррасӣ кардаанд, ки қарор аст, ҳамкориҳои ду тарафро ба сатҳи баландтаре бардорад.
"Фақат як савол иҷоза аст." Шарти Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ба хабарнигорон.
Дар Тоҷикистон як моҳи гузашта мақомоти сохторҳои давлатӣ журналистонро даъват карда, аз кори яксолаашон гузориш доданд. Нишастҳои хабарӣ соле ду дафъа барпо мешаванд, вале бисёре аз хабарнигорон ҳарчи бештар аз ин нишастҳо норозӣ мемонанд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоши, ба гуфтаи он "рекордӣ" ё бесобиқаи гардиши савдои хориҷии кишвар хабар дод. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба бештар аз 7,5 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба як соли пеш 20,1 дарсад зиёд будааст.
Бо пешниҳоди Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти як созмони маъруфи ҳуқуқи инсон дар кишвар қатъ шудааст.
Раҳбари Кумитаи кор бо занон аз пахши навори “истинтоқ”-и келин аз сӯи хушдоман дар Интернет, ки боиси сарусадои зиёд шуд, норозигӣ кард. Ӯ иддао дорад, ки пахши чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.
Раҳбари Кумитаи занон аз нашри навори келини ситамдида дар Исфара, ки сарусадоҳои зиёдеро барангехт изҳори норозигӣ кард.Ӯ иддао дорад, ки нашри чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.
Дар Тоҷикистон баъзе аз донишгоҳҳо муҳтоҷи донишҷӯ шуданд. Соли гузашта бештар аз даҳ ҳазор хатмкунандаи мактаб ва довталаби идомаи таҳсил бо вуҷуди супурдани имтиҳону муваффақ шудан ба донишгоҳҳо наомаданд. Чаро? Пули таҳсил надоштаанд, ё чизи дигар?
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои пешгирӣ аз хато дар номи ширкатҳо соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз ташхиси забоншиносӣ гузаранд. Пешниҳоди мазкур баҳсҳоро дар бораи эҷоди монеаи дигар дар роҳи соҳибкорӣ барангехтааст.
Тақрибан 60 ҳазор кас соли гузашта ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуда, бештар аз 11 ҳазор нафар ба дарс ҳозир нашудаанд. Дар Маркази миллии тестӣ сабабро напардохтани пули шартнома гуфтанд. Дигарон қонуни хидмат дар артишро далел меоранд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз хатову ғалат дар номи ширкатҳо, соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз санҷиши забон гузаранд.
Раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иддао дорад, ки барои роҳ ёфтани сарояндаҳои маъруф ба телевизионҳои давлатӣ монеае вуҷуд надорад. Бархе овозхонҳои шинохта бар инанд, ки онҳоро дар телевизионҳои кишвар нишон намедиҳанд ва ин амали мақомот барояшон муаммо боқӣ мондааст.
Масъулони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯянд, барои намоиш додани ин ё он шахс дар ТВ-ҳои давлатӣ "рӯйхати сиёҳ" вуҷуд надорад. Баъзе аз овозхонҳои шинохта ҳамвора шикоят доранд, ки онҳоро ба телевизионҳои кишвар роҳ намедиҳанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, муҳоҷирони корӣ дар Русия метавонанд, аз ин ба баъд нафақа бигиранд. Ба шарте, ки санадҳояшон дурусту расмӣ бошад ва ба мақомоти Русия муроҷиат кунанд.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, аз ин баъд муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия метавонанд, нафақа бигиранд. Ба шарте, ки санадҳояшон дурусту расмӣ бошад ва ба мақомоти марбутаи Русия муроҷиат кунанд.
Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба арзёбии зиёни сокинон аз сармои қаҳратуни моҳи январ, ки аз беобӣ ва вайрон шудани қубурҳои обгузар шикоят доштанд, шуруъ кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷа манъ кардааст. Ин тасмим дар пасманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ гирифта шуда, ба гуфтаи мақомот, "то муътадил гардидани бозор" давом мекунад.
Ёфтҳои бештар