Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Хонаводаи Комрони Субҳон, ҷавони тоҷике, ки ба ҳамлаи масҷиди шиаён дар шаҳри Шерози Эрон муттаҳам мешавад, хабари марги ӯро дарёфт кардааст. Ба нақли волидайн, писарашон барои кор ба Русия рафт ва моҳи август бедарак шуд.
Саидаҳмад Раҳимов, писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов, ба гуноҳи куштани як сокини ноҳияи Варзоб ба 20 сол зиндон маҳкум шуд. Ҳукмро Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи даҳуми ноябр эълон кард. Модари ҷавони кушташуда, Муҳаммадҷовид Зокирзода, гуфт, аз ҳукм розист. Ҷониби дигар эътироз дорад.
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 9-уми ноябр серодам буд. Ҳаводорони варзиш ва сокинони пойтахт ба истиқболи паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов омада буданд. Ӯ се рӯз баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Боку, ба Тоҷикистон баргашт.
Бориши барфу борон дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мушкили куҳнаро дубора бармало карду даҳҳо ронанда ва мусофирро саргардон. Сангреза роҳи Душанберо ба Хоруғ муваққатан баст. Роҳ аз пойтахт ба Хуҷанд низ ба рӯи мошинҳои борбар пӯшида шуд.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, баъди бештар як соли раҳоӣ аз зиндон, дигарбора боздошт шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорони Душанбе гуфтанд, дар бораи сабаби боздошти ӯ маълумот надоранд. Мақомоти интизомӣ шарҳ намедиҳанд.
Гурӯҳе аз сокинони деҳаи Порвори ноҳияи Раштро ҳалношуда мондани баҳси чарогоҳ бо хонаводаи Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ноҳия нигарону саргардон кардааст.
Дар як деҳаи минтақаи Рашт, ки мардумаш бо чорводорӣ зиндагиро пеш мебаранд, гурӯҳе сокинон шикоят доранд, ки хонаводаи раиси пешини ноҳия онҳоро аз нони даҳонашон мондааст. Ба иддаои онҳо, наздикони раиси пешин чарогоҳҳоро аз худ кардаву ба мардуми дигар иҷозаи истифода намедиҳанд.
Нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон боло рафтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, истеҳсоли он дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки “кофтукоб идома дорад”. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо ва намояндагони созмонҳои рӯзноманигорӣ ба қавли мақомот бовар надоранд.
Имрӯз дуюми ноябр, рӯзи хатми беҷазоии ҷиноят алайҳи журналистон аст. Дар Тоҷикистон, ки дар як муддати кутоҳ якбора 7 журналист пушти панҷара рафтаанд ин мавзӯъ доғ шудааст. Созмонҳои журналистӣ аз норӯшаниҳо дар қазияи хабарнигорон ва афзоиши фишор ба журналистон изҳори нигаронӣ мекунанд.
Омӯзгорон ва ҳамдеҳагони Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба фарзияи марги ӯ дар тамрингоҳи Белгород бовар надоранд.
Дар зодгоҳи Эҳсон Аминзода, як ҷавони тоҷик, ки дар қатли 11 нафар дар як қисми низомӣ дар Русия муттаҳам мешавад, бовар надоранд, ки ӯ ба чунин коре қодир бошад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба зодгоҳи Эҳсон Аминзода ба ноҳияи Кушониён рафтанд ва аз онҳое пурсиданд, ки Эҳсонро мешиносанд.
Сокинони як маҳалла дар ноҳияи Кушониён шикоят доранд, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд. Дар ҳукумати ноҳия изҳори бехабарӣ карданд. Ҳуқуқдонҳо хилофи қонун донистанд.
Мақомот дар Тоҷикистон содироти ангиштро ба Афғонистону Покистон ва Узбекистон манъ кардаанд. Дар Вазорати саноат сабаби тасмимро “таъмини талаботи дохилӣ дар сармо” номиданд. Сокинон аз афзоиши нархи “тилои сиёҳ” шикоят доранд.
Мансабдорони Тоҷикистон чанд сол пеш иддао карда буданд, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар ба қадри кофӣ ҳаст ва маҳудияти он моли таърих шуда. Аммо ҳар сол дар тирамоҳу зимистон ба таври ошкору ниҳон интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум кам мекунанд.
Дар ҳоле ки наздикони Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода, барои шиканҷа шудани ӯ дар боздоштгоҳ аз ВКД 400 ҳазор сомонӣ хоста буданд, додгоҳ 5 ҳазор сомонӣ пардохти ҷуброни зарар таъин кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, розӣ нестанд.
Боз тирамоҳ ва боз шикоятҳои пайиҳам аз набудани нерӯи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон. Мардум гила доранд, ки мақомот пули истифодаи барқро саривақт мегиранд, вале бе ягон огоҳӣ онҳоро рӯзонаву шабона аз гармиву рӯшноӣ маҳрум мекунанд.
Ҳазорҳо шаҳрванди Русия, ки баъди эълони сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш ба Тоҷикистон гурехтаанд, дар бораи ин кишвар ва мардумаш назари дигаре дар зеҳнашон пайдо шудааст.
Як ҳайат аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои баррасии вазъи озодии матбуот ба Тоҷикистон омадааст. Сафар дар замоне сурат мегирад, ки чанд хабарнигор дар Тоҷикистон боздошт шудаанд ва додгоҳҳо онҳоро яке паси дигар ба зиндон маҳкум мекунанд.
Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки муаллимон дар Тоҷикистон заҳмати зиёд мекашанд, вале дар иваз маоши кам мегиранду баъзан беэҳтиромӣ мебинанд. Ин пурсиш дар рӯзи муаллимон анҷом шуд. Шарҳи бештари онҳо дар видеост.
Ёфтҳои бештар