Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзноманигори 26-сола Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов)-ро ба ҳафтуним сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додситон ҳашт соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд. Худаш дар сухани охирин дар мурофиа гуфтааст, гуноҳе надорад.
Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз ҳомиёни хабарнигорон дар Тоҷикистон ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро “бисёр ноодилона” хонда, озодии фаврии ӯро талаб карданд.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзноманигори 26-сола Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов)-ро ба ҳафтуним сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард.
Дар Тоҷикистон ба мероси сиёсии Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, назарҳои ба ҳам зид доранд. Бархе ӯро “симои бузурги таърихи ҷаҳон” медонанд, иддае мегӯянд, "бо сиёсатҳои ғалат” сабаби фурӯпошии як давлати аз назари онҳо “раиятпарвар” ва сар задани ҷангу ноамниҳо шуд.
Ду миллион лампаи каммасрафи симобдор, ки мақомот замоне мардумро ба истифодаи он маҷбур карданду ҳоло мегӯянд, аз он даст кашед, дар анборҳои Тоҷикистон «хуфтаанд». Баъзе аз экологҳо симоби дохили лампаҳоро ба ҳаёти сокинон хатарзо медонанд.
Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, 24 августи соли 1992 дар Душанбе кушта шуд. Аз он замон то ҳоло ду нафарро ба гуноҳи куштани ӯ ҳукми қатл дода, як фармондеҳи давраи ҷангро низ дар ин кор гумонбар медонанд, аммо то ҳанӯз чигунагии тарҳрезӣ ва наҳваи иҷрои он норӯшан мондааст.
Як сокини 49-солаи Душанберо аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум карда, ба Афғонистон рондаанд. Мақомот мегӯянд, Аслишо Мирзогули Ҷондоршо шаҳрванди Афғонистон аст ва бо санадҳои тақаллубӣ шиносномаи Тоҷикистонро гирифтааст. Ӯ худро Бегмуҳаммад Давлатов ва шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон медонад.
Мақомот як сокини 49-солаи Душанберо аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум кардаанд ва амр додаанд, ки ба Афғонистон ронда шавад. Мақомот мегӯянд, ин мард Мирзогули Ҷоншоҳ, шаҳрванди Афғонистон аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон омада, ва бо санадҳои тақаллубӣ шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.
Маркази миллии тестии Тоҷикистон имсол тасмим гирифтааст барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ба довталабоне, ки аз имтиҳонҳои вуруд ба донишгоҳу донишкадаҳо нагузаштаанд, шонси дигаре диҳад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти қатли ҷавони 23-солаеро нишон дод, ки дӯсташ ва писари як паҳлавони маъруфи тоҷикро дар куштани у муттаҳам кардаанд.
Интиқоли молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маротиб камтар шудааст.
Ҷасади Нур Табаров адиб, рӯзноманигор ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистонро дар қабристони зодгоҳаш дар шаҳри Ваҳдат ба хок супурдан
Фаридун Хайруллозода, рӯзноманигори ҷавон, ровӣ ва роҳбари радиои “Авторадио” шоми 11 ба 12-уми август дар синни 27-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, нафти хом ва маҳсулоти нафтиро аз Эрон ва Туркманистон ворид кунад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ворид намудани 130 мошини барқӣ дар 6 моҳи ахир хабар дод, ки онҳо истеҳсоли Чин ва Олмон буда, ҳоло дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Дар Тоҷикистон шумораи бекороне, ки расман номнавис шудаанд, 8,6 дарсад афзудааст.
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ шарҳ дод, ки чаро мансабдорони тоҷик бе иҷозаи президент наметавонанд рисолаи илмӣ ҳимоя кунанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз коҳиши назарраси таксиҳои ба истилоҳ "мардумӣ" ё "7 сомона", ки дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, хабар дода, ҳамзамон хост чунин таксиҳо корашонро идома диҳанд.
Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омори назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ қимати маҳсулоти озуқа дар кишвар 7 дар сад боло рафтааст.
Ёфтҳои бештар