Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Додгоҳи олии Тоҷикистон як навраси 16-сола аз ноҳияи Варзобро бо гуноҳи қатли ду нафар ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки пахши барномаҳои телевизионӣ, ки ба инкишофи рӯҳиву равонии кӯдакон таъсир мерасонад, маҳдуд карда шавад.
Зоиршо Қодиров, корманди 35-солаи Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон, ки охири ҳафтаи гузашта бо захмҳои шадиди корд дар бемористон бистарӣ карда шуд, мегӯяд, вазъи саломатиаш беҳтар аст.
Баста шудани роҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия, ба далели хуруҷи коронавирус, сафи корҷӯёнро дар бозори мардикорони Душанбе зиёдтар кардааст.
Муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ таҳқиқи парвандаи ҷиноии Далер Шарифов хабарнигори тоҷикро ба поён расонда барои бознигарӣ ва хулосаи ниҳоӣ ба Додситонии кулл фиристодаанд.
Интихоби 25 узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, аз тарафи вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар ба поён расид.
Ба думболи сарсониву саргардонии мусофирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки мақомоти расмӣ масъалаи ташкили парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани онҳоро баррасӣ дорад.
Баъди ду ҳафтаи баста будан, дари масҷидҳои Тоҷикистон рӯзи 20-уми март дубора боз шуд ва садои азон баланд гардид.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти солонааш бо зиёиёни кишвар аз асардуздии олимони тоҷик ва ифшо шудани 40 мавриди он тавассути пойгоҳи "Диссернет" танқид кард.
Марги як донишҷӯи Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он ду афсар ва ё омӯзгори ин донишкада муттаҳаманд, додгоҳӣ шуд.
Бо шиддат гирифтани даъвову баҳс сари чарогоҳҳо ва афзудани норозигии мардуми деҳот, мақомоти Тоҷикистон комиссияи махсусе барои ҳалли ин мушкил таъсис додаанд. Комиссияи ба танзим овардани чарогоҳҳо бояд коре кунад, ки байни мардуми деҳот ва моликони чарогоҳҳо ҷанҷолу кашмакаш сар назанад.
Рӯзи 6-уми март аз воҳима ва навбати дарози мардум барои харидани орд дар бозору дӯконҳои Душанбе тақрибан нишоне намонда буд. Баръакс, тоҷирон бо мошину дӯконҳои пур аз орд мунтазири харидор меистоданд.
Таҳлука ба сабаби густариши вируси нав дар кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон таъсир гузоштааст, ки мардум хариди ниқобу маҳсулоти беҳдоштиро зиёд кардаанд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон "ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус", ки то ин дам дар ҷаҳон боис ба марги беш аз 3 ҳазор нафар шудааст, машварат дод, хондани намоз дар масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳои кишвар муваққатан манъ шавад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии порлумон кори панҷсолаи онро ситоиш кард. Баръакси он ки мухолифон кори ҳайати ҳозираи порлумонро чашмрас намедонанд ва онҳоро бештар барои сукут дар баробари мушкилоти мардум танқид мекунанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии порлумон кори панҷсолаи онро ситоиш кард.
Ёфтҳои бештар