Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҳукми раҳбари ширкати "Инвест Лото" ва ҳамроҳонаш, ки ба гуфтаи худашон бозии шаффоф доштанд, вале ба қавли мақомот ба ташкили қиморхона, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунии асъор муттаҳаманд, эълон шуд.
Ба 46 донишҷӯи бозгашта аз шаҳри Вуҳани Чин пас аз 15 рӯзи нигоҳдорӣ дар осоишгоҳи "Харангон" иҷоза доданд, ки ба хонаҳояшон баргарданд. Ҳамаи онҳоро рӯзи 26-уми феврал ҷавоб доданд. Ин афрод рӯзи 11-уми феврал аз Чин ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Лӯлиёни деҳаи Шодоб-1 дар ноҳияи Варзоб мегӯянд, дар интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 1-уми март ширкат мекунанд, аммо "намедонанд, ки номзад аз ҳавзаи онҳо кист".
Лӯлиёни як деҳаи наздик ба Душанбе мегӯянд, ки даъватнома ба интихоботро гирифтанд, вале намедонанд, ба кӣ раъй бидиҳанд.
Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик, ки бо хуруҷи вируси хатарноки "корона" дар Чин аз он кишвар ба Тоҷикистон баргаштаанд, дар ташвишанд, ки дар ватан онҳоро ба сафи артиш ҷалб мекунанд.
Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи Душанбе барои Муҳиддин Назаров, раиси ширкати “Инвест лото” ва чанде аз ҳамроҳонаш, ки ба ташкили қиморхона, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунии асъор муттаҳаманд, аз 6 то 23 сол зиндонро талаб кардааст.
Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (China Road & Bridge Corporation) бидуни сабқат ва ё тендер масъули сохтмони долонҳои зидди тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ таъин шудааст.
Ёфтҳои бештар