Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Саҳми Турко Дикаевро дар шаклгирии журналистикаи нав дар минтақаи Кӯлоб барҷаста медонанд. Шогирдони ӯ ҳоло дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ кор мекунанд.
Дар Файзобод чун борон борид, бошитоб ҳама ба ҷои рехтану чакидани об зарф мегузоранд. Борон дар ин деҳа раҳмати нодир аст.
Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар аз созмонҳои байналмилалӣ кумак хостааст. Дар як ҳафтаи ахир борону сел дар чанд ноҳияи кишвар даҳҳо манзилро вайрон ва чандин оиларо беҷо кард. Дар ин ҳодисаҳо дар Панҷакенту Хуросон ва Панҷ чаҳор нафар ҷон бохтанд.
Дар як ҳафтаи ахир дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ду бор сел омад ва даҳҳо хона зери обу лой монд. Замони навор бардоштани мо, ки баъди ҳодиса буд, кормандони нерӯҳои имдодии давлат мушоҳида намешуданд. Ҳар кас бо нерӯи худ оқибатҳои селро бартараф мекард.
Сокинони рустои Дӯстӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон як таркиби оҳаниро, ки дар болои дарёи Ёқсу гузошта шудааст ва ягона роҳи онҳо ба маркази ноҳия аст, бештар бо номи “Пули сирот” мешиносанд. Онро ба сабаби борикӣ ва хатарзо буданаш чунин ном гузоштаанд.
Жолаи сахту ногаҳонӣ ба даҳҳо гектар зироати кишоварзон дар ноҳияи Фархор зарар расонд ва деҳқонон умедашонро аз ҳосили имсол кандаанд.
Жолаи сахту ногаҳонӣ ба даҳҳо гектар зироати кишоварзон дар ноҳияи Фархор зарар расонд ва деҳқонон умедашонро аз ҳосили имсол кандаанд. Кишоварзони зиёндида мегӯянд, баъди ин бедодгарии табиат ба мақомот муроҷиат карданд, ки онҳоро қисман аз молиёт озод кунанд, аммо посухе нашунидаанд.
Сокинони як деҳаи ноҳияи Ҳамадонӣ барои расидан ба бозори хуб ва серхаридор пулеро убур меунанд, ки ба қавли худашон аз “пули сирот” хавфноктар аст.
Баъди чаҳор соли бедарак будан, духтари Давлатбӣ Одинаева – сокини ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб – аз Сурия тамос гирифтааст. Вай аз модараш хостааст, ки агар тавонад пул фиристад, "то ҷони ӯ ва шаш фарзандашро харад".
Абдуҷаббор Ҳалимовро дар зодгоҳаш дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ба хок супориданд. Ӯ рӯзи 19-уми май дар ошӯб дар зиндони ноҳияи Ваҳдат кушта шуд.
Баъзе аз онҳо бояд то соли 2030 ва ё ҳатто то соли 2044 умри худро дар зиндон сипарӣ мекарданд. Баъзеҳо камтар аз 2 сол ва ё 1 сол пушти панҷараҳои зиндони “Ваҳдат” буданд, ки ошӯби шаби 19-уми май ҳукми зиндони онҳоро ба якборагӣ “адо” кард.
Кушташудаҳои ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат рӯзи 20-уми май ба хок супурда шуданд. Бархе аз ин зиндониёни тоҷикро, ки дар исёни шаби 19-уми май кушта шуданд, бо иштироки наздикон ва гурӯҳи дигарро бе ҳузури пайвандонашон дафн карданд.
Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархор иддао доранд, ки мақомот рӯзи 10-уми май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва, ба гуфтаи наздикон, лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад.
Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархор иддао доранд, ки мақомот 10 май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва, ба гуфтаи наздикон, лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад. Мақомот шарҳ намедиҳанд.
Муҳаррик аз дастгоҳи обкашонӣ, таҷҳизоте аз мошини "Жигулӣ" ва ҷузъи дигаре аз яхдони вайроншуда -- тавсифест аз тракторе, ки Исроил Муродов, ихтироъкори хатлонӣ, сохтааст.
Ин пирамард дар суги шаҳре мегиряд,ки чанд сол аз онҷо ба маҳви мардумаш амр медоданд. Дар ӯ ба фоҷеа мубтало шудани мардум яъсовар аст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як посгоҳи ҷанҷолӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлобро аз байн бардоштааст, чун ба гуфтаи мақомоти вазорат натиҷаи кораш хуб набуд.
Ёфтҳои бештар