Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.
12 созмони байнулмилии ҳомии ҳуқуқ дар солгарди боздошти Бузургмеҳр Ёров аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки ин вакили дифои шинохтаро “бидуни қайду шарт” озод кунад.
Бо дастури ҳукумати вилояти Хатлон донишҷӯён, хонандагони мактаб, омӯзгор ва кормандони мақомоти давлатӣ рӯзҳои 27-28 сентябр ба пахтачинӣ фиристода шудаанд.
Раҳоии Исматулло Абдуллозода, раиси пешини фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳ бо чанде аз зердастони собиқаш, ки бо гумони аз худ кардани беш аз 1 миллиард сомонӣ боздошт шуда буданд, баҳсҳоеро дар ҷоемаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Низомиёни украинӣ ва коршиносони байналмилалӣ якдилона мегӯянд, ки маркази "Рубикон" яке аз муассиртарин ташаббусҳои Вазорати дифои Русия дар бахши истифодаи ҷангии паҳпод (дрон)-ҳо мебошад.
Дар чанд соли охир даҳо нафар аз мухолифони сиёсӣ ё фаъолони маданӣ бо ёрии давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бозгардонданд ва аксарият зиндонӣ шуданд. Аммо шуморе аз шаҳрвандон гӯё бо хоҳиши худ ва бо орзуи афв бармегарданд. Бархе афв мешаванд, вале аксарият бар пояи “далелҳои нав” зиндонӣ мегарданд.
Игор Лосик, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пас аз сипари кардани панҷ соли зиндон дар Белорус, озод шуд.
Вазъи саломатии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар маҳбаси низомаш сахти Душанбе бад шуда, ӯро ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичный” гузарондаанд.
Мақомоти Лаҳистон мегӯянд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо кӯмаки нерӯҳои паймони низомии НАТО паҳподҳои воридшудаи Русия ба ҳарими ҳавоии он кишварро сарнагун ва маҳв кардаанд.
Гурӯҳе аз вакилони рус тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ палатаи поёнии порлумон пешниҳод кардаанд, ки дар сурати қабул, иҷоза намедиҳад, муҳоҷирони кории тоҷик, зану фарзандонашонро бо худ ба Русия баранд.
Дар талоше барои тарбияи зиндониён ва коҳиши шумораи онҳо дар зиндонҳо, порлумони Узбекистон қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он барои ҳар як китоби хондаи маҳбус муҳлати ҷазои ӯ 3 рӯз кӯтоҳ мешавад.
Эҳёи забон, нерӯҳои нав, ҷанг ва сулҳ, орзуи ҷомеаи озод. Тоҷикистон дар 34 соли озодияш ба куҷо расид?
Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади як зан бо се фарзандашро дар хонаашон пайдо кардаанд ва ин ҷиноят мардуми деҳаи оромро сахт тарсондааст.
Мақомоти Русия эълон карданд, ки пас аз 10-уми сентябр ба ихроҷи муҳоҷироне оғоз мекунанд, ки дар кишвар ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.
Сула дар бемористони пур аз бозмондагони зилзилаи вайронгаре, ки шарқи Афғонистонро ларзонд, ба ҳуш омад.
Ҳавопаймоҳои самти Русия - Тоҷикистон моҳҳои ахир пур аз мусофирони хурдсолу наврас буд. Агар қисме барои таътилгузаронӣ омаданд, гурӯҳи дигарро, ки ба мактаб роҳ наёфтаанд, падару модарони муҳоҷир ночор ба ватан баргардонанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ҳамин вилоятро барои бадрафторӣ бо духтарандарони ноболиғаш ба 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум кардааст.
Дар Қирғизистон амалиёт ба зидди занони ниқобпӯш идома дорад, ки дар онҷо ба сар кардани ин либоси исломӣ манъ аст. Коре, ки дар Тоҷикистон солҳо пеш анҷом медоданд.
Бо гузашти беш аз як моҳ ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро, ки дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шуданд, ҳанӯз пайдо накардаанд.
Ёфтҳои бештар