Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди Трамп махфиёна ба Арабистони Саудӣ сафар кард


Ҷаред Кушнер ва Маҳмуд Аббос - 24 августи соли 2017
Ҷаред Кушнер ва Маҳмуд Аббос - 24 августи соли 2017

Ҷаред Кушнер, домоди президент Трамп ва мушовири наздики ӯ, сафари эълоннашудаеро дар Арабистони Саудӣ анҷом дод. Ин сафар аз рӯзи чоршанбе то шанбе идома дошт. Кохи сафед баъди як рӯзи бозгашти Кушнер аз Саудӣ, хабарро тасдиқ кард. Кушнер дар маъмурияти Трамп масъули Ховари Миёна аст. Ёвари мушовири амнияти миллӣ Дина Пауэлл ва фиристодаи вежаи Вашингтон дар умури Ховари Миёна Ҷейсон Гринблатт дар ин сафар Кушнерро ҳамроҳӣ карданд. Ахирӣ дар баробари Арабистони Саудӣ ҳамчунин аз Қоҳира, Оммон Байтулмуқаддас ва Рамаллоҳ боздид ба амал овард.

Кохи сафед нагуфтааст, ки Кушнер дар Арабистони Саудӣ бо кӣ мулоқот кард. Аммо бори дигар талоши президент Трамп барои дастрасӣ ба сулҳи байни исроилиҳо ва фаластиниҳо таъкид шудааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Ийолоти Муттаҳида дар ин раванд танҳо нақши миёнҷиро хоҳанд дошт ва дар ҳеҷ сурат мустақиман вориди гуфтушунид намешавад.

Аз замони фаъолияташ дар маъмурияти Трамп, ин сеюмин сафари Кушнер ба Арабистони Саудӣ аст. Моҳи август ӯ ҳамчунин бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос гуфтугӯ анҷом дод.

XS
SM
MD
LG