Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги зани 57-сола дар паи истеъмоли сирко


Додситонии шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги Сайрамбӣ Достиеваи 57-сола оғоз кард, ки пас аз нӯшидани сирко ба ҳалокат расидааст. Ин зан рӯзи 6-уми январ пас аз се рӯзи бистарӣ шудан дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расид. Як манбаъ аз Додситонии Кӯлоб рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби марги Сайрамбӣ Достиева таҳқиқ мешавад.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки ин зан чаро сирко нӯшидааст. “Ба эҳтимоли зиёд, ин ҳодиса худкушӣ ҳаст, вале сабабҳои даст задани ин зан ба ин амал ҳанӯз пурра дақиқ нашудааст”, - гуфт ӯ. Дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зан дар ҳолати вазнин ба беморхона ворид шуд ва узвҳои ҳозимааш аз заҳри сирко сахт осеб дида буд.

XS
SM
MD
LG