Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори тоҷирони узбекистонӣ дар Исфара холӣ монд. ВИДЕО


Гузари тоҷирони узбекистонӣ дар бозори "Навбаҳор"-и Исфара

Як гӯшаи бозори "Навбаҳор", маъруф ба гузари тоҷирони узбекистонӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ки то се моҳи пеш нисбатан арзону серодам буд, холӣ мондааст. Ин гузар баҳори имсол дар пайи беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбекистон ифтитоҳ шуд, вале кораш дер давом накард.

  • Абдуғанӣ Рауфов, як масъули бозори молу маҳсулоти Узбекистон дар Исфара, охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ яке аз сабабҳои холӣ мондани бозоррро бештар ба "гаронии боҷи гумрукӣ" рабт дод.
Қаблан аз мо хоста буданд, ки боҷи гумрукиро пурра аз байн барем. Дар ҳоли ҳозир ин кор номумкин аст, чун байни Тоҷикистону Узбекистон барои лағви боҷи гумрукӣ санад имзо нашудааст.

​"Маҳсулоташон харидор наёфт"

Аммо Собит Умарзода, муовини раиси шаҳри Исфара, рӯзи 3-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски матоъ ва маҳсулоти дигари тоҷирони узбекистонӣ "сифати хуб надошт ва харидор наёфт", бозор пароканда шуд. Ӯ гуфт, ҳоло баъзе аз тоҷирони узбекистонӣ ба савдои меваву сабзавот машғуланд, ки дар гӯшаи дигари шаҳри Исфара ҷойгир аст.

"Бозори меваю сабзавоти мо ҷудо аст. Бозори "Навбаҳор" асосан барои харидуфурӯши матоъ ва ҷиҳози дигар пешбинӣ шудааст. Азбаски матои онҳо сифати паст дошт, мардум нахарид. Ва онҳо воридоти чунин молро қатъ карданд. Акнун баъзеи онҳо хурмову ангур ва харбуза меоранд", - гуфт ӯ.

Муовини раиси шаҳри Исфара вуҷуди масъалаи боҷи гумрукиро дар ин қазия рад накард. Собит Умарзода гуфт, дар гузашта тоҷирони Узбекистон хоста буданд, ки барои воридоти мол ба кишвар онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ пурра озод намоянд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамоҳо кунед:

Бозори тоҷирони узбек дар Исфара холӣ монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

"Хостанд, ки боҷи гумрукӣ пурра лағв шавад"

Тобистони имсол мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки касе ҳақ надорад ба он кишвар бо худ беш аз 10 кило бор ворид намояд. Ба дунбол мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки воридоти ҳамагӣ панҷоҳ кило бор аз Узбекистон ба кишвар иҷозат аст. Барои ворид кардани аз ин миқдор бештар мол бояд бояд вобаста ба навъ ва ҳаҷмаш боҷи гумрукӣ пардохта шавад.

Собит Умарзода "қаблан аз мо хоста буданд, ки боҷи гумрукиро аз байн бубарем. Дар ҳоли ҳозир ин кор номумкин аст, чун байни Тоҷикистону Узбекистон барои лағви боҷи гумрукӣ санад имзо нашудааст. Мо тарафдори воридоти баъзе мол аз Узбекистон ҳастем. Барои мисол, мо корхонаҳои калони консерва дорем ва мехоҳем аз онҷо помидор биоранд. Вале барои ворид шудани мошинҳои калони боркаш пардохти аз 250 то 500 доллар муқаррар шудааст, чӣ кор кунем", - шарҳ дод муовини раис.​

Ҷой ва "чек" - бепул

​Се моҳ қабл дар гузари тоҷирони узбекистонӣ дар бозори “Навбаҳор”-и Исфара тақрибан 100 нафар кор мекард. Онҳо аз маҳсулоти ғизоӣ сар карда, то ҷорӯбу гулҳоро ба савдо гузошта буданд. Абдуғанӣ Рауфов мегӯяд, ҳатто ба бозор хатти барқ кашида, барои тоҷирони узбек ҷои хоб ва “чеки бозор”-ро бепул карда буданд.

Донохон Назирова
Донохон Назирова

Донохон Назирова, яке аз фурӯшандаҳои бозори “Навбаҳор”, мегӯяд, пас аз онки ҳамватанонаш рафтанд, ӯ нахост муштариёнро дар Тоҷикистон аз даст бидиҳад ва ҳоло ба як гӯшаи бозори марказии Исфара кӯчидааст. Ӯ гуфт, "аввал савдо хуб буд, баъд барои баъзеҳо мушкили ба расмиятдарории гумрук пеш омад. Баъдан харидоронамон кам шуданд. Инҷо (манзур бозори марказии Исфара) савдоямон хуб аст."

Ҳоло ба мисли Донохон Назирова баъзе аз тоҷирони узбек, ки роҳҳои нави тиҷоратро меҷӯянд, дар як канори бозори марказии шаҳри Исфара ҷой гирифтаанд.

Додугирифт аз марзи 200 миллион доллар гузашт

Бозори "Навбаҳор" чун рамзи таҷдиди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон боз шуд. Бо ифтитоҳи бозор, маҳсулоти арзони Узбекистон ба Тоҷикистон сарозер гардид, аммо бо гузашти вақт низоми савдо сахттар ва ҷӯшу хурӯш камтар шуд.

Тоҷикистону Узбекистон беш аз бист сол равобити хуби сиёсиву иқтисодӣ надоштанд. Додугирифти ду ҳамсояи девор ба девор то ба марзи 15 милилон доллар дар як сол поин омада буд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нуҳ моҳи соли 2018 мизони додугирифт ба тақрибан 220 миллион доллар расидааст Қаблан раҳбарони ду кишвар ваъда дода буданд, ки ин рақамро солҳои наздик то ба 1 миллиард доллар мерасонанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG