Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони эҳтимолии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон маълум шуданд


Ҳамаи рақибони эҳтимолии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти XVI қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17), ки тирамоҳи имсол дар Бразилия доир мегардад, маълум шуданд.

Ба ҷуз аз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар қаҳрамонии Осиё-2018 дар Малайзия ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-соламушарраф шудааст, боз 23 дастаи мунтахаб дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Бразилия ширкат меварзад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯйхати комили дастаҳое, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-сола иштирок мекунанд, ба таври зайл аст: Тоҷикистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия (ҳама аз Осиё), Камерун, Нигерия, Ангола, Гвинея (ҳама аз Африқо), Канада, ИМА, Мексика, Гаити (ҳама аз Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, кишварҳои ҳавзаи Кариб), Бразилия, Аргентина, Чили, Эквадор, Парагвай (ҳама аз Амрикои Ҷанубӣ), Зеландияи Нав, ҷазираҳои Соломон (Уқёнус), Фаронса, Ҳолланд, Италия, Испания ва Маҷористон (ҳама аз Аврупо).

Қуръакашии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-сола рӯзи 22-юми июн дар маҷмааи Риосентрои Рио-де-Жанейрои Бразилия доир мегардад. Бар асоси қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим мешавад. Ду дастаи беҳтарини ҳар як гурӯҳ, инчунин чор дастаи нишондодҳояш беҳтар аз байни шаш дастаи ҷойҳои дуюм ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) ҳанӯз муҳлати аниқи баргузории қаҳрамонии ҷаҳонро миёни наврасони то 17-сола дар Бразилия тасдиқ накардааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои бори дувум дар таърихи худ дар қаҳрамонии ҷаҳон ширкат меварзад. Футболбозони навраси тоҷик соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ то 1/8 финал баромада буданд.

XS
SM
MD
LG