Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ғолиби давраи аввали лигаи олии Тоҷикистон шуд


Давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 20-уми май бо пирӯзии “Истиқлол”-и Душанбе ба поён расид.

«Истиқлол», ки дар даври ҳафтуми мусобиқот дар меҳмонӣ бар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, бо касби 19 имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро соҳиб шудааст. Ду голи меҳмононро Эҳсони Панҷшанбе ва Аҳтам Назаров ба самар расониданд. Як голи дигарро легионери узбекистонии хуҷандиҳо Асилҷон Бегимқулов ба дарвозаи дастааш зад.

Се даста – “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки 11-имтиёзӣ ба даст овардаанд, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мутаносибан дар ҷойҳои дуюм, сеюм ва чаҳорум қарор гирифтаанд.

“Кӯктош” бозии даври ҳафтумро дар сафар бо “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. “Регар-ТадАЗ” бар дастаи мизбон – ССКА “Помир”-и Душанбе – бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ду голи меҳмононро Шодибек Ғаффоров ва як голи дигарро Нозим Бобоҷонов ба самар расониданд. Ду голи низомиён ба Шерзод Маҳамадиев ва Шелдорӣ Акбари Ораш марбут аст.

Боз дар як бозии даври ҳафтум «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои Ҳусейн Нурматов ва Нуриддин Ҳамроқулов ба мизбонон пирӯзӣ овард. Як голи меҳмононро Саидҷон Шарипов аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Чаҳор бозии даври ҳафтуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо ҳузури 20 500 тамошобин доир гардид. Аз ҳама бештар – 8 500 мухлис – дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бозии мизбононро муқобили “Истиқлол” тамошо карданд. Умуман, 28 бозии давраи аввали лигаи олии Тоҷикистонро дар варзишгоҳҳо 119 900 мухлис тамошо кардааст.

Давраи дуюми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон ҳафтаи оянда шуруъ мешавад. Бозии марказии даври ҳаштуми мусобиқот миёни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзи якшанбеи 26-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:3

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 6 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 9 (1:1). Шелдорӣ Акбари Ораш, 13 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 30 (2:2). Нозим Бобоҷонов, 61 (2:3).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

18 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:0

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

18 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Асилҷон Бегимқулов, 32 – ба дарвозаи худ (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (0:2). Аҳтам Назаров, 79 (0:3).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

19 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 8500 тамошобин.

«Хатлон» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Ҳусейн Нурматов, 11 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 21 (2:0). Саидҷон Шарипов, 80 – аз пеналтӣ (2:1).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

19 май. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

7

6

1

0

25-6

19

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

7

3

2

2

10-8

11

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

3

2

2

11-11

11

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

3

2

2

8-8

11

5

«Хатлон» (Бохтар)

7

2

2

3

7-10

8

6

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

7

2

1

4

6-12

7

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

1

2

4

6-12

5

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

7

1

2

4

5-11

5

Нишонзанҳо: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – 5 тӯб, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, (ҳарду аз «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ.

Даври 8-ум

25 май (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Панҷшер» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истаравшан»

26 май (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG