Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддимонополӣ гуфт, масъалаи донишҷӯёни қарздорро мебинад. ВИДЕО


Бинои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон ба баррасии шикояти донишҷӯён ва наздикони онҳо дар бораи мушкили пардохти пули таҳсил оғоз кардааст.

Ҳафтаи гузашта чанд донишҷӯ аз Душанбе ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки масъулони донишгоҳҳо онҳоро ба имтиҳон роҳ намедиҳанд ва талаб доранд, аввал маблағи шартномаи таҳсилро супоранд.

Ин гуруҳи донишҷӯён мегӯянд, бо оғози пандемияи COVID-19 вазъи молии оилаашон бад шуд ва онҳоро дар пардохти маблағи таҳсил дасткӯтоҳ кард. Ҳарчанд масъулони коллеҷу донишгоҳҳои Тоҷикистон барои ин кори худ далел доранд.

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 28-уми декабр гуфтанд, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора, ба баррасии шикояти донишҷӯён шуруъ кардаанд.

Онҳо дар суҳбати ҳузурӣ бо мо гуфтанд, дар ҳолати пардохт шудани нисфи маблағи таҳсил масъулони донишгоҳҳо набояд донишҷӯёнро аз ворид шудан ба имтиҳонҳо манъ кунанд. Чун, ба гуфтаи масъулони Хадамот, бар асоси муқаррарот, донишҷӯ ҳақ дорад маблағи таҳсилро ду дафъа ва қисм-қисм супорад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон масъули танзими маблағи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо аст ва муассисаҳои таълимӣ нархномаи худро бо ин ниҳод мувофиқа мекунад.

Ин ниҳод дар ҳоле ба баррасии шикояти донишҷӯён шуруъ мекунад, ки волидони баъзе аз онҳо гуфтанд, маҷбур шуданд барои аз имтиҳон намондани фарзандон қарз гирифтаву маблағи таҳсилро супоранд. Аз ҷумла, Гулчеҳра, сокини шаҳри Кӯлоб ва модари се донишҷӯ мегӯяд, барои аз имтиҳон намондани фарзандон маҷбур шуданд пули таҳсилро аз хешовандон бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, аксе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он ба донишҷӯёни коллеҷе ҳушдор додаанд, танҳо баъд аз супоридани маблағи шартнома ҳуқуқи дар имтиҳонҳо ширкат карданро доранд. Дар поёни эълон танҳо "шуъбаи муҳосибот" зикр шудааст ва дақиқ нест, ин эълон ба кадом коллеҷ тааллуқ дорад. Ҳарчанд баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, чунин эълонро дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри кӯлоб дидаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Кумитаи зиддиинҳисорӣ шикояти донишҷӯёнро таҳқиқ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Зубайдулло Азиззода, мудири Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар оғози соли таҳсил донишҷӯён нисфи маблағро супорида, ваъда дода буданд, ки боқимондаи онро то оғози имтиҳонҳо месупоранд. Ваъдае, ки ба гуфтаи Азиззода, иҷро нашуд ва онҳо маҷбур шуданд як қисми донишҷӯёнро ба имтиҳонҳо роҳ надиҳанд.

Дар умум донишҷӯён мегӯянд, солҳои пеш пули таҳсилро аз хешовандони муҳоҷирашон мегирифтанд. Аммо имсол бо сабаби пандемияи COVID-19 пайвандони онҳо ба Русия рафта натавонистанд ва ба ин хотир пардохти маблағи таҳсил барои онҳо мушкил шудааст.

Масъулони донишгоҳҳо мегӯянд, аз ин вазъи донишҷӯён хабардоранд ва ҳамчун имтиёз ба шогирдон шаш моҳ муҳлат дода буданд ва онҳо бояд ҳадди ақал нисфи маблағро супоранд.

Дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон феълан беш аз 227 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки 166 ҳазори онҳо бояд маблағи таҳсилро супоранд. Дар сурати насупурдани маблағи таҳсил, донишгоҳ ҳақ дорад, онҳоро хориҷ кунад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG