Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Набаранд кӯдакони моро, барои чӣ мебаранд?" ВИДЕО


Пешниҳодҳо барои ислоҳи Қонуни оила ба порлумон, ки ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модариро барои “даллаҳо” ва соҳибони фоҳишахонаҳоро пешбинӣ мекунад, аз ҳама зиёдтар занони танфурӯшро нигарон кардааст. Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳи қонунро рӯзи 11-уми январ баррасӣ кард ва интизор меравад, вакилон рӯзҳои наздик онро тасвиб кунанд.

Заринаи 21-сола модари ду фарзанд аст. Мегӯяд, ҳанӯз аз 16-солагиаш вориди кӯчаи танфурӯшӣ шуд ва як хато дар наврасӣ ӯро ба ин кӯчаи хатарнок андохт. Ӯ хабарҳо дар бораи сахттар шудани ҷазо барои “даллаҳо” ва соҳибони фоҳишахонаҳоро аз зани миёнараве шунидааст, ки дар ин кор ба ӯ кумак мекунад. Ӯ мегӯяд: “Кӯдакони моро набаранд, ҷойи кор ташкил кунанд. Пули хона медиҳем, пули кӯдакон. Мо аз куҷо пул меёбем?

Ҷазо барои даллагӣ, танфурӯшӣ ва азияти ҷинсии наврасон вазнинтар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Зарина мегӯяд, мактабро пурра нахондааст ва ҳунаре ҳам надорад. Аз роҳи интихобкардааш пушаймон аст ва мегӯяд, кораш бисёр хатарнок аст: “Меоянд мезананд, (маъмурони милиса) протокол мекунанд. Мо ҳам чӣ кор кунем хайр, зиндагӣ маҷбур кардааст.”

Талоши тағйирот ба Кодекси оила ва сахттар кардани ҷазо ба даллаҳо ва соҳибони фоҳишахонаҳо дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилӣ сари чанд вақт дар бораи боздошти нафаре бо иттиҳоми танфурӯшӣ, ё ташкили фоҳишахона хабар медиҳад. Вазорат менависад, ки фалониро, ки дар хонааш барои як ҷуфт “шароити ҳамхобагӣ фароҳам овард, ҷарима кардааст.” Дар Тоҷикистон таъсис додани фоҳишахона бар асоси қонун манъ аст.

Мавҷударо як зани дигареро миёни гуруҳе аз занони танфурӯш пайдо кардем, ки барои пайдо кардани муштарӣ ба заноне мисли Зарина мусоидат мекунад. Ҳоло тарс дорад, мабодо бо қабули ин тарҳ дар порлумон ӯро аз ягона духтараш маҳрум кунанд: “Набаранд кӯдакони моро, барои чӣ мебаранд? Модар ин қадар азоб мекашад, бо инҳо гирифта мебаранд? Ҷойи корамон пайдо кунанд, ки мо кор кунем ва кӯдаконамонро дуруст тарбия кунем.”

"Ғами кӯдаконро мехӯрем"

Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, яке аз муаллифони тарҳи ислоҳ ба Кодекси оила ҳамин ниҳод аст. Онҳо ба ин боваранд , ки талоши маҳрум кардани волидон аз ҳаққи падарӣ ё модарӣ метавонад, танфуруширо дар Тоҷикистон камтар кунад, чун дигар афроди алоҳида метарсанд, хонаҳои худро ба танфурушону мизоҷони онҳо иҷора бидиҳанд.

Обидҷон Шарипов, масъули Кумитаи занон мегӯяд: ”Шумо тасаввур кунед, ки мо вақте занро ба корҳои ғайриахлоқӣ ҷалб мекунем, новобаста аз он дар хонаи зан як ё ду фарзанд мавҷуд аст, ки ба онҳо таъсир мерасонад. Дар ҳоле ки онҳо шаб ба ин корҳо машғуланд, тасаввур кунед, ки кӯдакони онҳо чӣ ҳол доранд.”

Матраҳ кардани мавзӯи занони танфурӯш дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон солҳои охир чизи нав нест. Мақомот мегӯянд, аз роҳи “корҳои фаҳмондадиҳӣ” дар фикри ҷилавгирӣ аз афзоиши онҳо мебошанд. Аммо созмонҳои ҷамъиятӣ бештар ба набуди кор ва даромади занон ҳамчун сабаби афзоиши ин гуруҳ ишора мекунанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон мегӯянд, маҳрум кардани касе аз ҳақи падариву модарӣ бояд асоснок карда шавад.

Гулчеҳра Раҳмонова, раҳбари Бунёди Ташаббуси ҳуқуқӣ мегӯяд: “Барои ин бояд далелҳое бошад ки асос шуда тавонад, то як нафарро аз ҳаққи падарӣ ё модарӣ маҳрум кунанд. Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳоро аз ҳуқуқи падариву модарӣ маҳрум мекунанд. То замоне, ки ба суд яке аз тарафҳо бо ариза муроҷиат накунанд, додгоҳе ҳеч тасмиме намегирад. То имрӯз дар қонунгузорӣ чунин буд, акнун дар тарҳи нав он шояд муфассал ворид мешавад.”

Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зан ва ё духтаронро метавонанд аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Ва агар духтареро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд. Пешниҳод барои сахт кардани ҷазо барои онҳое, ки шароит барои танфурушӣ фароҳам меоранд, бори аввал сурат мегирад.

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG