Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҳам дур ва дар ихтилоф". Баҳси "Толибон" дар нишасти СҲШ баъди як моҳи ба қудрат расиданаш


Мудири варзиши "Толибон" Башир Аҳмад Рустамзай (марказ) маҳорати ҷавононро дар як гимназия дар Кобул тамошо мекунад. 14-уми сентябри соли 2021
Мудири варзиши "Толибон" Башир Аҳмад Рустамзай (марказ) маҳорати ҷавононро дар як гимназия дар Кобул тамошо мекунад. 14-уми сентябри соли 2021

Пас аз як моҳи ба қудрат расидани "Толибон", раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкорҳои Шонгҳой дар ҷаласае дар Душанбе вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Ин нишаст ба фарқ аз ҷаласаҳои пешина, ба назар мерасад, барои тақрибан ҳама аъзои созмон чолишбарангез хоҳад буд.

Русия чӣ мехоҳад? Чин чӣ?

Таҳлилгарон мегӯянд, тақрибан ҳар як узви созмон нисбат ба мақомдорони нави Афғонистон бархӯрд ва мавзеъгирии худро доранд.

Русия бо "Толибон" аз пеш муколамаро шуруъ кардааст, вале ҳоло мегӯяд, рафтори онҳоро мушоҳида карда, баъдан қарор қабул мекунад. Узбекистон гуфтааст, ба ҳамкорӣ бо "Толибон" омодааст.

Владимир Путин ва Сӣ Ҷин Пин дар ҷаласа ба таври онлайн иштирок хоҳанд кард
Владимир Путин ва Сӣ Ҷин Пин дар ҷаласа ба таври онлайн иштирок хоҳанд кард

Чин, ташаббускори таъсиси Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва бозигари калидиву бонуфузи минтақаӣ, зоҳиран ба эҷоди ҳамкориҳои дипломатӣ бо "Толибон" тайёр аст. Ҳанӯз дар охири моҳи июли имсол ҳайати "Толибон" бо раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар дар Пекин дар сатҳи вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Ван И, дурнамои ҳамкориҳои Афғонистону Чинро баррасӣ карданд.

Пекин бо ин гурӯҳи ҷангӣ равобити корӣ эҷод карда, барои таъмини ёриҳо, аз ҷумла ваксина, ваъда додааст. Ваъдаи "Толибон" ин будааст, ки намегузорад тундгароёни уйғур, ки Чин онҳоро ба унвони таҳдиди дохилӣ арзёбӣ мекунад, дар хоки ин кишвар амал кунанд.

Аз Афғонистон рафтани Амрико ва нирӯҳои дигари хориҷӣ дарҳоро ба рӯйи Чин ва афзоиши нуфузи он кушодааст, аммо Пекин айни замон нигарон аст, ки дар холигоҳи амниятии Афғонистон дарнамонад. "Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз ин назар барои Чин метавонад, пойгоҳе барои ҳалли дипломатии ин масъала шавад", -- мегӯянд таҳлилгарон.

Нерӯҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳангоми тамрин. Аз бойгонӣ
Нерӯҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳангоми тамрин. Аз бойгонӣ

Дидгоҳҳои Ҳинду Покистон

Узви дигари созмон – Покистон аст, ки бо "Толибон" зоҳиран бархӯрди ноҳамвор дорад, аммо Исломободро ҳомӣ ё пуштибони аслии "Толибон" дар минтақа меноманд.

Дар муқобил Ҳинд аст, ки бо ҳамсояаш Покистон муносибати сахту мушкиле дорад ва то ҷое "Толибон"-ро барои Деҳлӣ як хатари амниятӣ арзёбӣ мекунад. Ва ниҳоят Тоҷикистон мизбони ҷаласаи сарони Шонгҳой аст, ки гуфтааст, ҳукумати ҳозираи "Толибон"-ро қабул надорад.

Бо назардошти ин ҳама мавзеъгириҳо, ба назар мерасад, дар таърихи 20-солаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мисли имрӯз аъзои он ба ин андоза аз ҳам дур ва дар ихтилоф набуданд.

Эрон ва масоили дигар

Дар миёни масоили дигаре, ки қарор аст дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой садо диҳад, баррасии узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд. Дар зимн, бори аввал ва дар доираи сафари нахустини хориҷии худ дар мансаби раиси ҷумҳурии Эрон, қарор аст, Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон биояд.

Иброҳим Раисӣ
Иброҳим Раисӣ

Инчунин, қарор аст, моҳи сентябр нирӯҳои СҲШ дар Русия машқҳои муштарак барпо кунанд. Ин тамринҳо бахше аз машқҳои зиддитеррористии аъзои созмон буда, бо ҳадафи эҷоди таҷрибаи беҳтари байни нирӯҳо барпо мешавад.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, талоши асосии ҷаласаи сарони СҲШ ба ҳам овардан ва ё ҳадди аксар кам кардани ихтилофи миёни кишварҳои узв дар мавзеъгирӣ нисбат ба "Толибон" хоҳад буд.

Як суоли дигаре, ки баъзе аз таҳлилгарони ғарбӣ медиҳанд, ин аст, ки ҷаласаи Душанбе барои Чин як имтиҳони ҷиддии санҷиши нуфузи он ба ҳайси як лидери муҳими минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар қаламрави АвруОсиё хоҳад буд.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо ташаббуси Чин таъсис шудааст, вале воқеият ин аст, ки Осиёи Марказӣ аз муддатҳо пеш як минтақаи таҳти нуфузи Русия будааст. Чин, меросбари фалсафаи боназокати давлатдорӣ, ҳамеша нишон додааст, ки ба ҳассосияти Маскав дар заминаи нуфузи афзояндаи Пекин дар минтақа эҳтиром қоил аст.

Ба қавли сиёсатшиносон, Чин Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро мисли як созмон ё ташаккули таҷрибавӣ барои санҷидани ҳамкориҳои ду қудрат дар минтақа арзёбӣ кардааст. Таҳлилгарон мегӯянд, Маскав аз афзоиши нуфуз ва ҷоҳталабӣ ё амбитсияҳои Пекин нохушнуд аст ва аз нақши як бародари хурдӣ дар миёни ду қудрати азими минтақаӣ дар ин созмон чандон розӣ нест. Далелаш, ба қавли таҳлилгарон, ҳам дар бархӯрди дигаргунаи Русия нисбат ба Чин дар равобити дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст.

XS
SM
MD
LG