Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоятҳо аз бебарқӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон. Сокинон аз "лимит" мегӯянд, мақомот аз "таъмир" ВИДЕО


Мушкили бебарқӣ солҳост, ки дар Тоҷикистон ҳал намешавад

Баробари сард шудани ҳаво дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон, мардум аз камбуди барқ шикоят доранд. Чанде аз сокинони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки ин шабу рӯз бо маҳдудият барқ мегиранд. Мақомот пеш омадани чунин вазъро ба таъмири хатҳои барқрасон рабт медиҳанд.

Корбарони Радиои Озодӣ аз шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Мастчоҳ ва Айнӣ навиштаанд, аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ барқ надоранд.

Як корбари Радиои Озодӣ аз ноҳияи Файзобод низ гуфт, аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ низ аз барқ маҳруманд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Кӯлоб мегӯяд, рӯзона интиқоли барқ ба манзили сокинон бас мешавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Лимит" ҷорӣ нашудааст, вале нерӯи барқ ҳам нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани маҳдудиятро рад карда, вазъи пешомадаро ба тайёрӣ ба зимистон ва таъмири дастгоҳҳо рабт додаанд. Далеле, ки мақомот соли гузашта ва солҳои пеш аз он пеш низ дар мавриди камбуди барқ дар Тоҷикистон баён доштаанд.

Изҳороти ширкати "Барқи тоҷик". 12 октябри соли 2021
Изҳороти ширкати "Барқи тоҷик". 12 октябри соли 2021

"...буридани шохи дарахтон ва аз дигар монеаҳо озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин, гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизот дар баъзе аз қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муайян имкон дорад, интиқоли барқ қатъ карда шавад", -- омадааст дар изҳороти ширкати “Барқи тоҷик”, ки 12-уми октябр нашр шуд.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” нагуфтанд, ки таъмир кай ба поён мерасад. Солҳои гузашта низ дар вақти қатъ шудани интиқоли барқ, масъулин таъмирро далели асосӣ мегуфтанд, вале баъзе сокинон ба он шубҳа доштанд.

Тирамоҳи соли гузашта ширкати “Барқи Тоҷик” дар аввал қатъи барқро ба таъмири дастгоҳҳо рабт дод, вале дар ниҳоят муовини сарвазир эътироф кард, ки мушкили асосӣ камии об дар обанборҳо мебошад.

Бори охир моҳи январи имсол мақомот расман дар деҳаҳои кишвар лимити барқро ҷорӣ карда буданд ва ин маҳдудият то 4-уми май давом кард.

Таъмини мардум ва корхонаҳо бо барқ яке аз мушкилиҳои асосӣ барои ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд, то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомот ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар камбуди барқ доранд, фурӯши барқ ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад. Дар оғози моҳ мақомоти Қирғизистон гуфтанд, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар оғоз шудааст, аммо дертар мақомоти тоҷик рад карданд.

XS
SM
MD
LG