Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мавқеи Тоҷикистон дар баробари ҳукумати Толибон дигар нашудааст" ВИДЕО


Сироҷиддин Муҳриддин
Сироҷиддин Муҳриддин

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, мавқеи Душанбе дар баробари ҳукумати Толибон дар Афғонистон тағйир наёфтааст. Тоҷикистон хоҳони "ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон" дар Афғонистон аст. Толибон, ки моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, "аморати исломӣ"-и худро ҳамашумул медонад ва борҳо аз Душанбе хостааст, ба кораш дахолат накунад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Толибон дар мавриди таъсиси ҳукумати воқеии фарогир паёми дақиқ мефиристад.

"Интизор дорем, ки Толибон ба хотири манфиатҳои ҳамаи мардум дар Афғонистон омодагии худро ҷиҳати гуфтугӯ бо раҳбарони гуруҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар амал нишон медиҳанд. Ба қавли дигар, Толибонро зарур аст, ки ӯҳдадории худро ҷиҳати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар амал ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳанд," – афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Вазир мегӯяд, мавқеи Тоҷикистон дар муқобили Толибон тағйир наёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар кишвар 3 ҳазор хонавода ё 15 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ қарор доранд. Онҳое, ки пас аз расидани Толибон ба қудрат дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гурехтаанд. Қаблан, баъзе аз шаҳрвандони Афғонистон шикоят доштанд, ки ҳафтаҳо дар марз истоданд, аммо Тоҷикистон дарашро ба рӯи онҳо накушод. Баъзе аз онҳо бо таҳдиди Толибон ба хонаҳои худ баргаштанд, аммо аз сарнавишти ояндаи худ нигарон буданд.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз ворид шудани унсурҳои террористӣ ва амнияти худу кишварҳои дигари минтақа марзҳояшро бо Афғонистон бастааст. Аммо омодааст, пул ва гузаргоҳҳои марзиро барои расондани кумакҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ боз кунад.

Ба қавли вазири корҳои хориҷӣ, ҳоло худи Тоҷикистон низ дар фикри фиристодани ёрии башардӯстона ба мардуми Афғонистон аст ва ҳамоно ба содироти нерӯи барқ ба сокинони ин кишвар идома медиҳад.

Қосими Бекмуҳаммад, хабарнигори тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасмими боз накардани марзҳоро бо Афғонистон амри дуруст номид:

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

"Толибон ба далели ин ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шаванд, ҳадди аксар талош мекунанд, марзҳои Афғонистон суботи нисбӣ дошта бошад. Вале медонем, ки гуруҳҳои ифротӣ ва терористӣ, ки теъдодашон ба даҳҳо мерасад, ҳамчунон дар низоми толибонӣ ва низоми аморати исломӣ ҳузур доранд. Ва ҳамчунон огоҳ ҳастем, ки ҳузури густардаи ин гуруҳҳо дар минтақҳаои шимолии ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказист."

Гуруҳи Толибон, ки фаъолияташ ҳанӯз дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёде мамнуъст, моҳи августи соли гузашта дигарбора ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Толибон аз соли 1996 то 2001 низ ҳокими Афғонистон буданд, вале дар пайи ҳамлаи Эътилофи байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико сарнагун шуданд.

Ҳоло ин гуруҳ даъво дорад, ки дар муқоиса ба ду даҳсола пеш бархурдашро бо мардум ва кишварҳои ҷаҳон тағйир додааст ва мехоҳад, онҳоро ба расмият шиносанд. Баъзе аз кишварҳо, ба монанди Тоҷикистон, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳастанд, гуруҳи дигар мурооти ҳуқуқи одамон, озодии баёну дин ва кору таҳсили занон ва духтаронро аз шартҳои муҳими эътирофи гуруҳ медонанд. Чизе, ки Толибон мегӯянд, вуҷуд дорад, вале ҷаҳон ба ин бовар аст, ки ҳанӯз вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG