Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон гуфтанд, ки чаро Толибон онҳоро бад мебинанд. ВИДЕО


Сафорати Афғонистон дар Душанбеб 7-уми марти 2022
Сафорати Афғонистон дар Душанбеб 7-уми марти 2022

Як гуруҳ аз занони афғон имсол Рӯзи занро дур аз хона ҷашн мегиранд. Гуруҳи дигаре, ки дар Афғонистон мондаанд, аз бисёр озодиҳои худ маҳрум шуда, рӯзҳои худро кунҷи хона сипарӣ мекунанд.

Пас аз суқути ҳукумати Кобул дар соли 2021, бори нахуст занҳои муҳоҷири афғон дар Душанбе Иди модарро ҷашн гирифтанд. Баръакси чанд чорабинии гузашта, рӯзи 7-уми март толори сафорати Афғонистон дар Душанбе пур аз одам буд ва ҳузури гарми муҳоҷирони афғон, ба вижа занҳо, ба назар мерасид.

Дар чорабинӣ баъзе аз чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла Суҳайло Ҷӯё, вакили собиқи шӯрои вилоятии Тахор, Миногул Ғиёсӣ, фаъоли ҳуқуқи зан, Алимуҳаммад Усмонӣ, вазири пешини обу энержӣ, Қадамшоҳи Шаҳим, сардори собиқи ситоди кулли нерӯҳои Афғонистон ва овозхон Мир Мафтун иштирок доштанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Занон гуфтанд, ки чаро Толибон онҳоро бад мебинанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Аз мушкили занони афғонистонӣ гуфтанд

Дар баробари рақсу суруд, занони афғон аз мушкилоти кишвари худ ва авзои бади хонумону духтарон дар аҳди Толибон нигаронӣ карданд.

«Дар ҳоли ҳозир занҳои Афғонистон аз ҳеч ҳуқуқи асосияшон, аз ҷумла кору омӯзиш баҳравар нестанд. Наметавонанд, ки танҳо аз хонаҳояшон бароянд, сафар кунанд,» – гуфт Ҳокима Ҳиҷрон, шоири афғони муқими Тоҷикистон.

Таҷлил аз Рӯзи Модар дар сафорати Афғонистон дар Душанбе
Таҷлил аз Рӯзи Модар дар сафорати Афғонистон дар Душанбе

Дар миёнаҳои моҳи августи соли гузашта, баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, зиндагии занону духтарони он кишвар ба куллӣ дигар шуд. Толибон дари мактабҳоро ба рӯйи духтарони синфҳои болоӣ бастанд ва занонро аз ҳаққи кору озодиҳои дигар маҳрум карданд.

Ба назари Миногул Ғиёсӣ, фаъоли ҳуқуқи занон, «Толибон меҳаросанд, зеро саводашон камтар аст. Намехоҳанд, ки занҳо озод бошанд, кор кунанд. Бино бар исломе, ки Толибон мегӯянд, ба занҳо ҳаққи таҳсил дода нашудааст. Дар ҳоле ки дар исломи асл гуфта шудааст, дарс ба зану мард фарз аст.»

«На талаби мазҳабӣ, балки дастгоҳи фишор аст»

Талаби дигари Толибон ба сар кардани бурқа аст. Суҳайло Ҷӯё, вакили собиқи шӯрои вилоятии Тахор, мегӯяд, ин талаб на ҷанбаи мазҳабӣ дорад, балки василаи фишор аст.

"Ин ҷузъи дастовези онҳо шудааст, ки ба унвони сатр мехоҳанд хонумҳоро таҳдид кунанд. Дар ҳоле ки мардуми Афғонистон мусалмонанд ва ҳамеша ҳиҷобро риоят кардаанду мекунанд. Он як абзори фишору таҳдид шудааст. Зану мард ду боли як паранда ҳастанд, табъан Толибон мехоҳанд як бол шикаста бошад," -- гуфт, Суҳайло Ҷӯё.

Кобул
Кобул

Қаблан занони паноҳҷӯи афғон аз тақдири норӯшани чанде аз занони нопадидшуда дар кишварашон изҳори нигаронӣ карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ба рафтори Толибон бештар таваҷҷуҳ кунанд.

Толибон борҳо ваъда додаанд, ки ба ҳуқуқи занон дар Афғонистон эҳтиром мегузоранд ва дари мактабҳоро барои духтарон боз хоҳанд кард. Занони паноҳҷӯи афғон дар Душанбе мегӯянд, ба ваъдаҳои Толибон бовар надоранд.

Пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, Толибон қудратро ба даст гирифтанд, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Эҳтиром ба ҳуқуқи занону духтарон ва ташкили ҳукумати фарогир аз талабҳои асосии ҷомеи ҷаҳонӣ аст.

Ба иттилои расмӣ, 15 ҳазор паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG