Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Турсон: Мавсими Наврӯз меояд, ҳумоюн фурсатест! Қисми 1


Акбари Турсон
Акбари Турсон

Андар шаҷарайи таърихӣ, сиришти маданӣ ва нуфузи ҷаҳонии ҷашни Наврӯзи Аҷам

“Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,

Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.” Низомии Ганҷавӣ

Акбари Турсон, академик

Пешаҳдони қадимзамони мо, тоҷикон, Наврӯзро ҳодисайи сирф табиию мавсимӣ тасаввур намекарданд; падидайе, ки як вақтҳо мунаҷҷимон ба сифати оғозгаҳи соли хуршедӣ пазируфта, дар тақвимҳояшон ба қайд гирифта бошанд. Ба вежа ҷашни Наврӯзро иди анъанавие пиндоштан нашояд, ки бо мурури ҳазорсолаҳо маънӣ ва маслаки муқаддаси азалиашро гум карда, ба як расму таомули оддии мардум табдил ёфта бошад! Инро аз мутоилайи асари фарҳангшинохтии ҳаким Умари Хайём “Наврӯзнома” пай бурдан мумкин аст, ки мазмуну маслаки фалсафиаш поёнтар баён хоҳад шуд.

Ҳоли ҳозир фақат ҳамин қадарашро гуфта мегузарам, ки ба наздики ориёни ғарбию ҷанубӣ (эрониёну турониёни таърихӣ) Наврӯз муҷассамайи як падидайи рӯҳонию фарҳангӣ буда, бад-ин сифати хос як суннати фарҳангиеро таҷассум менамояд, ки маънан зиндаю таърихан қавист: ба ҳам васлу қарин кардани макону замонҳои иҷтимоию маданӣ рисолати азалию аслии ӯст.

Ва агар Наврӯзи Аҷамро аз рӯйи рисолати аслӣ ва азалиаш арзёбӣ кунем, онро дар баробари забони модарӣ (ҳозира забони дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ, аз ин пеш забонҳойи суғдӣ ва паҳлавии ашконӣ) рамзу рози наҷоти таърихии бахши бохтарии ирқи орӣ (аз ҷумла дар Турону Эрони кунунӣ) ҳисоб кардан даркор аст. Гузашта аз ин, аз ҳақиқати таърихӣ дур набуд, агар гуфта шавад, ки ҷашни Наврӯз ва забони адабӣ ба унвони рукнҳойи умдайи хештаншиносии эрониёну турониён кафили зиндамонии табори ориёии мо дар ҷараёни давру даҳри оянда низ мебошад.

Аз ин рӯ дар даврони Истиқлоли сиёсӣ расман иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани ҷашни Наврӯз дар шоҳроҳи рушду камоли маънавии халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибихтиёр (ба маънии ҳозиразамони истилоҳ) тадбири бамавқеъ ва иқдоми саривақтӣ буд.

Ин тасмими расмии ояндасоз аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошт, зеро дар шоҳроҳи барқарор ва устувор кардани ваҳдати аслҳою наслҳо дар қаринайи тамомияти таърихию мадании суннату анъанаҳои мардумӣ – истимрори маънавие, ки дар вақти ҳукумати режими коммунистӣ коҳида буд. Дар натиҷа уфуқи меҳанпарастии тоҷикона аз ҳисоби одату одоби бостониамон васею ғанӣ шуд ва ҳамроҳи ваҳдати миллии тоҷикон тобишу ҷилои хоси таърихию фарҳангӣ пайдо намуд.

Дар раванди худшиносии миллӣ, ки дар даврони Истиқлол тақвияту густариш ёфт, муҳимтарин ва мубрамтарин тадбир хештаншиносии байналмилалӣ аст, ки ҳанӯз ба ҳадди бояду шояд роҳандозӣ нашудааст. Дар татбиқу амалӣ намудани ин вазифайи муқаддаси миллӣ пеш аз ҳама аҳли илму дониш, адабу ҳунар ва рӯҳониёни равшанфикри худи ҷумҳурии Тоҷикистонро боястӣ саҳми сазовор гирифтан.

То чӣ андоза муҳимму муфид будани чунин иқдоми байналхалқиро самарайи хуби ҳарбу зарби оҳистаю пайвастайи идорайи намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ баройи эътирофу қадрдонии ҷаҳонии ҷашни Наврӯзи Аҷам бараъло собит кард. Ман, ки дар омодасозии далелу бурҳони илмӣ баройи қабули пешниҳоди мазкур бевосита ширкат варзида будам (аз ҷумла, таҳти унвони “Ҷашни Наврӯз ва идеалҳойи СММ” мақолайи куллие ба англисӣ навиштаам) ба нақши созандайи дипломатияи тоҷик бо камоли эътимоди шахсӣ ва ифтихори ватанпарварона ишора мекунам.

Ҳамзамон бо тааҷҷубу таассуф гуфта гузаштан лозим меояд, ки намояндагони баъзе аз давлатҳойи минтақаамон бо истифода аз нуфузу эътибори худ ба ҷунбу ҷӯли пасипардагӣ пардохтанд, ки Наврӯзи Аҷамро як навъ “натсионализатсия” карда, пешниҳодро андар ҷаҳонӣ кардани иди хоси мардуми эронитабор ба тариқи инфиродӣ, яъне аз номи шарифи миллати худашон, таҳия намоянд...

Инак, 23-юми феврали соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди муштараки намояндагиҳойи доимии ҷумҳуриҳойи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва дигар кишварҳое, ки меросбари фарҳанги Наврӯз мебошанд, якдилона қабул карда, Иди миллии кишварҳойи форсизабонро расман шинохт ва 21-уми мартро Рӯзи Байналмилалӣ эълон кард. Пас аз як сол (соли 2011) бо ташаббуси сафири доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддини Мӯҳриддин бо ҳузури Дабири Кулли СММ Пан Ги Мун, инчунин, иштироки ҳайати расмӣ ва аҳли ҳунари тоҷик таҷлили байналхалқиии иди Наврӯз баргузор гардид.

Дар арафайи ин маъракайи байналмилалӣ ману профессор Ричард Фрай (маъруфтарин ховаршиноси амрикоӣ, раҳматӣ худро “тоҷику эрондӯст” гуфта муаррифӣ мекард) тасмим гирифта будем, ки дар ҳошияи ҷашни мазкур дар қароргоҳи расмии СММ дар Ню-Йорк як гурӯҳ донишмандони фарҳангшиносро дар атрофи Мизи Гирд ҷамъ оварда, дар борайи мақоми таърихию мадании Наврӯзи Аҷам ба унвони рамзи растохези табиат ва илҳомгаҳи рушди тамаддун дар заминайи таҳлили илмию тааммули фалсафии одобу ойинҳойи иди солинавии ориён гуфтугӯ ва баҳс хоҳем кард.

Эссейи фалсафию фарҳангшинохтие, ки имрӯз дар сомонайи радиойи “Озодӣ” интишор меёбад, матни суханронии ман аз минбари ҳамон ҷамъомади илмии байналмилалӣ дар Ню-Йорк аст.

I

Вақте ки муосирони садайи бисту якум, ба вежа хориҷиён, рисолайи Умари Хайём «Наврӯзнома»-ро мехонанд, яқинан ҳайрон мешаванд, ки чаро муаллиф дар борайи чизҳо ва воқеаҳое ҳикоя мекунад, ки бо мавзӯйи асосии китоб (”кашфи ҳақиқати Наврӯз”) алоқа надоранд. Хайём дар баробари зикри таърихи пайдоиши Наврӯз андар ангуштарӣ ва он чӣ воҷиб ояд дар борайи ӯ, тиру камон, шамшер, зар ва қалам, аломати дафина ва манфиати шароб, хосиятҳойи рӯйи некӯ, асп ва ҳунари ӯ, инчунин номҳойи форсии аспон ва монанди инҳо муфассал сухан меронад. Ва ҳол он ки “Наврӯзнома” мисли «Аҷоиб-ул-махлуқот» китоби оммафаҳм нест; вай навиштайи ҳакимест, ки дар таърихи риёзиёт ва ҳайатшиносӣ мақоми хос дошту дар фалсафа худро шогирди Шайхурраис Абӯалии Сино мехонд!

Гап фақат болойи услуби хоси муаллиф ва ё сабки рисоланависиҳойи пешинзамон нест (масалан, омехтани таърих бо таворих, аз ҳам фарқ накардани воқеа ва афсона ё дида ва шунида); асл дар вежагиҳойи дарёфти худи падидайи Наврӯз аст, ки ба наздики пешаҳдони бостониамон на фақат рангу бӯйи нотакрор дошт, балки аз рамзу рози даҳр ҳам саршор буд. Аз ин ҷост, ки Хайём фақат сабаби ниҳодани Наврӯзро шарҳ надода ва ё танҳо таъриху ойини ҷашнгирии онро дар дарбори маликони Аҷам нақл накарда тандисайи фарҳангшинохтии Идро тарҳрезӣ намудаст.

Вежагии эҷодии ӯст, ки тандисайи худсохтаашро бо сангрезаҳойи гуногунранге кошинкорӣ намудааст, ки маҳсули илми ҳайатшиносӣ ва саноати танҷим (астрология), асотир (мифологияи ориёӣ) ва кимиё (алхимия), таълимоти ахлоқшинохтӣ (этика) ва зебошинохтӣ (эстетика) мебошанд. Яқин бувад, ки ин сангрезаҳойи маънавӣ сириштан аз ҳам фарқ мекунанд, вале онҳо дар қолаби сохтори културологии Хайём ба ваҳдати ботинӣ расида, Наврӯзро ҳамчун як падидайи яклахти табиию маданӣ таҷассум мекунанд. Маънии фалсафии ин падидайи том наздик ба ҳамон аст, ки дар забони килки Абулмаъонӣ (Бедил) омада:

“Дар ин ваҳдатободи касратбаҳор

Зи ҳар ҷузв айни гул аст ошкор.”

Мутахассисони фарҳангшинос пайдоиши иди Наврӯзро одатан дар заминайи гумони бадеие андар мурдани табиат дар зимистон ва аз нав зинда шудани он дар баҳор маънидод мекунанд, ки дар қадимзамон ба забони шеъру устура баён мешуд. Ҳамонанди ин пиндор дар муҳити маънавии ориён низ пайдо шуда буд, вале ҳусну таровати хосе дошт.

Дар қадимтарин марҳилайи таърих худшиносии одамизод дар ҷумла қитъаҳойи рубъи маскун аз парастиши отифонайи табиат оғозид, ки аз ду қисм иборат буд: ғаму ғусса хӯрдан аз пажмурда шудани рустаниҳо дар тирамоҳу зимистон ва шодию хурсандӣ кардан дар баҳор ба муносибати аз нав рӯйидани гиёҳҳову шукуфтани дарахтон. Дар Эрону Турони бостонӣ бошад, қисми дуввуми ин маросим шаклан рангинтару мазмунан ғанитар шуд. Чунин тағйири назар ба рӯҳи ахлоқи некбинонайи зартуштӣ мувофиқ буд. Ва чун дар кайҳони маънавии зардуштия ҳаёт бар мамот, кавн бар фасод бартарӣ дошт, зойишро ситоиш мекарданду маргро накӯҳиш.

Аз ин мавқейи назар як мушоҳидайи Ҳеродот ҷолиб аст: таърихнигори юнонзамин бо тааҷҷуб хабар дода, ки эрониёну турониён зодрӯзашонро ҷашн мегирифтаанд. Ва зимнан расми армуғоноварию тӯҳфадоданҳойи онҳоро бо ҳавас зикр кардааст. Аҷаб нест, ки бар асари ҳамин одобу суннати қадими эронию туронӣ фарҳангиёни юнонзамин ҳам минбаъд зодрӯзи бузургонашонро ҷашн мегирифтагӣ шудаанд.

Дар чаҳорчӯби суннати мавлудпарастии эронию туронӣ ё, васеътар гирем, тавлидгароии ориёӣ Наврӯз оғози як силсила воқеаҳойи кайҳоншумулро таҷассум мекунад, ки ҳар яке дар маҷройи мурури замон гардишгоҳ ё нуқтайи атф аст. Аз байни ин воқеаҳо муҳимтаринаш “таваллуди” чаҳор пояи кавну макон -- Одам, Хуршед, Замин ва Осмон мебошад, ки айнан дар аввалрӯзи замони кайҳонӣ офарида шудаанд.

II

Ба таъриху таъбири фарҳангшинохтии худи ҷашни Наврӯз рух оварда нахуст бархе худвежагиҳойи муҳимми иди бостониамонро шарҳу тафсир дода гузаштан даркор аст, ки ба қиёс дар сартосари ҷаҳон беназиранд.

Наврӯз қадимтарин дар таърихи ҷаҳон ҷашни соли нав аст; решайи маънавиашро бояд андаруни ҳазорсолаҳо ҷуст. Боиси тааҷҷуб нест, ки ҳатто Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барин ситорагони осмони ҳафтуми илмҳойи дақиқ ҳангоми маънидод кардани пайдоиши ин ҷашни бостонӣ ба забони устура ва ривояти динӣ ҳарф задаанд. Бино ба ақидайи суннатие, ки Хайём дар “Наврӯзнома” баён намудааст, дар қадимулайём “Кайумарс ин рӯзро оғози таърих кард”. (Дар асотири эронию туронӣ номи Кайумарс ҳамчун сараҷдоди одамизод ва ҳам нахустин шоҳ дар рӯйи замин зикр мешавад, ки ӯро “эзади таборак ва таъоло” таъйин карда.)

Як замони дигар аберайи Кайумарс Ҷамшед «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Ба таърихи воқеӣ рӯ оварда даставвал андар дине як ду ҳарф гуфтан даркор аст, ки дар замини маънавиаш Наврӯз таҳрезӣ гардидаст. Бино ба дарёфти таърихшиносон, миёни динҳойи ваҳдоние, ки аз тариқи ваҳй талқин шудаанд, зартуштия бостонитарин кеши дунёст. Вай ба унвони низоми динӣ гоҳе ба камоли рӯҳонӣ расид, ки ба ибтидойи “Замони меҳварӣ” (солҳойи 800-200, пеш аз оғози солшумории насронӣ) рост меояд.

Худи ҳамон замон зартуштия қудрату имкони маънавӣ доштааст, ки бо фарҳангҳойи даврайи бедории ақлонии одамизод (юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ ва сомӣ) ба муколамайи ҳамсанг пардозад. Дар рафти тамосҳойи маънавии ҳамонвақта ақидайи ахлоқию кайҳоншинохтии эрониёну турониён ба ташаккулу такомули шуури монотеистӣ мусоидат кардааст. Чунончӣ, асари ғояҳойи зардуштӣ дар се шохайи суннати рӯҳонии аҳли сомӣ – яҳудия, насроният ва ислом бармалост.

Пас, агар дар миқёси таърихи умумиҷаҳонӣ биандешем, онгоҳ дармеёбем, ки фарҳангу одоби аҷдоди тоҷику форс ва сойири ақвоми эронитабор (курдҳо, осетинҳо, балуҷҳо, паштунҳо ва дигарон) дар рушду камоли маънавии мардуми Шарқу Ғарб саҳми шойиста гирифтааст.

Ба пайдоиши иди Наврӯз аз айнаки тамаддуншиносӣ нигариста метавон пиндошт, ки ин падида дар ҳошияи як дигаргунии куллии таърихӣ мавсум ба Инқилоби неолитӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Яке аз тағйироти умдае, ки дар натиҷайи ин табаддулоти иқтисодию иҷтимойӣ ба амал омад, гузариш аз тақвими қамарӣ (солшуморӣ аз рӯйи даврзании Моҳ) ба тақвими шамсӣ (солшуморӣ аз рӯйи ҳаракати Офтоб) буд. Ин воқеаро фақат аз иваз шудани тариқҳойи солшуморӣ иборат донистан нашояд; як тағйироти усулӣ ва қатъӣ рух дода буд, ки дар раванди он худи бунёди ҷаҳоншининохтии одамӣ дигар шуд.

Баройи ба аҳамияти таърихии ин дигаргунӣ сарфаҳм рафтан кунҷи назар ва дастгоҳи пажӯҳишро тағйир додан мебояд: ба масъала аз мавқейи назари таърихи фарҳанг не, балки назарияи фарҳанг нигаристан даркор аст.

Наврӯз бар пояи суннати фарҳангие такя мекунад, ки барояш худбинии гузаро ва ҳамроҳи нодида гирифтан, иқрор накардан ё инкор намудани арзишҳойи маънавии дигар халқҳо тамоман бегона бувад. Ин як ҳақиқати баҳснопазири таърихист, ки дигарон ҳам эътироф кардаанд. Чунончӣ, падари илми таърихнигорӣ Ҳеродот ҳамин ҷиҳати ибратангези одобу ойинҳойи аҷдоди моро таъриф карда зимнан гуфтааст: “Эрониёну турониён назар ба дигар халқҳойи дунё ба қабули урфу одатҳойи бегонагон майли бештар доранд”.

Дар воқеъ ҳам, маҳз ба шарофати ҳамин хислати некӯст, ки мардуми ориётабору эронизабон дар ҷараёни таърихи чандинасраашон бо халқу кишварҳойи дуру наздик – Бобилу Миср, Ҳиндустону Юнон, Арабистону Туркистон – дар тамоси фарҳангӣ ва таъсири дуҷонибайи маънавӣ буданд.

(Идома дорад)

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG