Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишор, таҳдид, боздошт... Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро чӣ интизор аст?


Дар акс: Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Хушом Ғулом ва Далери Имомалӣ
Ба бовари таҳлилгарони мустақил, воқеаҳои Бадахшон ва фишорҳо ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, мумкин аст, охирин шуълаҳои умеди ҷомеаи маданӣ ва иқдомҳои озоди шаҳрвандиро фурӯкаш кунад.

Як моҳи охир барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пур аз озмоиш буд. “Амалиёт”-е, ки аз сӯи ҳукумат дар ВМКБ эълон шуд, тибқи иттилои гуногун, даҳҳо кушта бар ҷой гузошт. Ҳукумат расман танҳо аз кушта шудани 16 нафар хабар дод. Дар ин муддат, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз “Комиссияи 44”, ки дар пайи тазоҳуроти моҳи ноябри соли 2021 таъсис шуд, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева ва блогнавис Хушом Ғулом аз сӯи мақомот ба гумони созмондиҳии тазоҳурот дар Хоруғ ва Рӯшон муттаҳам ва боздошт шуданд.

Амалкарди мақомоти қудратӣ боиси пахши баёнияҳо аз сӯи созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар гардид, ки аз ҳукумат ва ниҳодҳои зидахли СММ хоҳони таваҷҷуҳ ба боздошти рӯзноманигорон ва вазъи ВМКБ шуданд.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар боздошт аст
Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар боздошт аст

Аммо, дар авҷи хашми мудофеони ҳуқуқи башар, се рӯзноманигори дигар – Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва баъдан Мамадсултон Мавлоназаров, машҳур бо номи Муҳаммади Султон (ҳамзамон афсари пешини амният) боздошт шуданд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) рӯзи 22-юми июн аз мақомоти тоҷик дархости раҳоии “фаврӣ”–и блогнависҳо ва рӯзноманигоронро кард. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башар, онҳо барои фаъолияти касбиашон боздошт шуданд.

Бо вуҷуди ин, мақомот майле барои созиш нишон намедиҳад, ки ба қавли коршиносон бонги ҳушдордиҳанда барои фаъолияти баъдии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

“Омодагӣ барои интиқоли қудрат”?

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, мегӯяд, ҳукумат мехоҳад, дар пасманзари оромии кул, аз ҷумла дар байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ даст ба интиқоли қудрат бизанад. “Ҳукумат аз он тарс дорад, ки меросбари аслӣ – Рустами Эмомалӣ – тавони ҳифзи ҳукуматро надорад. Аз ин рӯ, дар байни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ поксозии ҳаддиаксарӣ анҷом медиҳад, то дигарон сукут ихтиёр кунанд,” -- мегӯяд Мирсаидов.

Аммо коршиносони наздик ба ҳукумат назари дигар доранд. Яке аз кормандони пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, алайҳи ҳамаи рӯзноманигорони боздоштшуда дар доираи қонун иттиҳомҳои мушаххас вуҷуд дорад. “Сиёсати ҳукумат бар зидди мардум нест, балки бо ҳадафи ҳифзи субот ва назм аст,” -- бовар дорад ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, иқдомоти ҳадафманди сохторҳои қудратӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар оянда бо мақсади ҷилавгирӣ аз бесуботӣ дар ҷомеа аст. Аммо, ҳамсуҳбати мо шарҳ надод, ки чӣ гуна тақнидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гузоришҳо дар мавриди мушкилоти иҷтимоӣ боиси бесуботӣ мешаванд.

Тарс дар ҳаво мавҷ мезанад

Маълум нест, то куҷо мақомоти тоҷик тавонистаанд бесуботиро дар ҷомеа пешгирӣ кунанд, аммо, ба назар мерасад, саркӯби ҷомеаи шаҳрвандии бе ин ҳам заиф муяссар шуд.

Дар муддати ним соли охир расонаҳои тоҷик ба истиснои Радиои Озодӣ аз бозтоби воқеаҳои ВМКБ худдорӣ карданд. Ғайр аз ин, ҷомеаи расонаии Тоҷикистон барои кумак ба рӯзноманигорони боздоштшуда кӯтоҳӣ кард ва намояндагони расонаҳо танҳо бо нашри баёнияҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иктифо карданд.

«Воқеаҳои ахир нишон доданд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ имконияти таъсиргузорӣ бар марказҳои тасмимгирро пурра аз даст додааст. Агар қаблан ба ин садоҳо каме таваҷҷуҳ мешуд, ҳоло мақомот ҳамаи пешниҳодҳоро ҳамчун хатар барои худ қабул мекунад,» -- мегӯяд пажӯҳишгари тоҷик Азиз Нуруллоев.

Ин коршинос таъкид мекунад, ки воқеаҳои охир дар Тоҷикистон ҳокӣ аз табдили низоми сиёсӣ ба сӯи худкомагӣ аст, ки барои ҷомеа пайомадҳои шикананда хоҳад дошт. “Ҳатто дар солҳои 60–70-уми Шӯравӣ давлат барои фаъолияти равшанфикрон муҳит ва роҳҳоеро боқӣ мегузошт, ки онҳо назари худро ба мақомот мерасониданд. Ҳоло мо чунин чизро намебинем, чунки тарс пеши роҳи ҳамаи талошҳоро барои гуфтани андешаи мустақил бастааст” , - шарҳ медиҳад Нуруллоев.

Чӣ хоҳад шуд?

Шарикони рушд дар тӯли солҳои истиқлол барои пешрафти ниҳодҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон садҳо миллион доллар додаанд. Ин маблағҳо барои тарҳҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва тавсеи ҷанбаҳои қонунии иқдомҳои шаҳрвандӣ ва ғайра сарф мешуданд. Давлат бо фароҳам кардани имконият барои фаъолон уҳдадории худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро ва кумаки молӣ дарёфт мекард.

Кумакҳои бебозгашти ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва инчунин қарзҳои боимтиёзи маблағгузорон ба ҳисоби миёна 15 дарсади буҷаи воридшударо ташкил медод.

Ба қавли Азиз Нуруллоев, ҳоло мумкин аст радабандии Тоҷикистон дар бисёре аз нишондодҳо коҳиш ёбад, ки боиси кам шудани кумакҳои молӣ мегардад. “Ба эҳтимоли зиёд, тарҳҳои башардӯстона дастгирӣ хоҳанд шуд, чунки онҳо алоқаманди бесуботии ҷомеа нестанд”, - мегӯяд коршинос.

Рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, бо вуҷуди нақзи ҳуқуқи башар ба ҳукумати Тоҷикистон кумак хоҳад шуд. “Ғарб дар мавриди мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар саволҳо хоҳад дошт, аммо то замоне ки дар он сӯи марз Толибон қудратро ба даст доранд, режими Раҳмон муттаҳид маҳсуб хоҳад шуд. Барои ӯ дар амри мубориза бо терроризм маблағ ҷудо хоҳад шуд. Ӯро новобаста аз саркӯби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгирӣ ва мақомоти қудратиро нерӯманд хоҳанд кард”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Инки мавқеи назоратии ниҳодҳои ғарбӣ нисбати Тоҷикистон ба тарҳ ва имиҷи онҳо чӣ гуна асар хоҳад гузошт, шояд, саволи риторикӣ хоҳад монд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG