Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помири адолатҷӯ? Сабаби кашмакашҳои доимӣ дар минтақа чист? ВИДЕО


Майдони марказии шаҳри Хоруғ. 25-уми ноябри 2021
Майдони марказии шаҳри Хоруғ. 25-уми ноябри 2021
Муноқиша дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дигарбора фазои сиёсии Тоҷикистонро гарм кард. Сабаби низоъ, монанди солҳои пеш, муносибати оштинопазири мардуми маҳаллӣ бо ниҳодҳои қудратии кишвар аст. Мақомоти расмӣ чунин низоъро нодида мегиранд. Коршиносони мустақил бар инанд, ки мардум тарзи ҳозираи мудирияти минтақаро қабул надоранд. Ин дар ҳолест, ки марказ ҳам ният надорад, муносибаташро дигар кунад.

Эътирози чоррӯзаи сокинони ВМКБ дар шаҳри Хоруғ шоми 28-уми ноябри имсол ба поён расид. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, бо мақомот ба созиш расиданд ва баъди ин тазоҳургарон розӣ шуданд, ки майдони марказиро тарк кунанд.

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ аз вилояти Бадахшон, ки дар музокирот иштирок доштанд, мақомот ваъда додаанд,

  • Эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашанд;
  • Чӣ гуна кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, Гулназар Муродбеков ва Тӯтишо Амиршоевро ба таври ошкор таҳқиқ мекунанд;
  • Хатти Интернетро барқарор менамоянд.

44 шаҳрванди фаъол аз ноҳияҳои гуногуни ВМКБ ҷараёни таҳқиқро назорат хоҳанд бурд.

Аммо мақомот расман барои ваъда додан ба мардум шитоб намекунанд. Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 29-уми ноябр аз қавли Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар дод, ки "масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура ва дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд."

Ситоди байниидоравӣ, тавре ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ хабар доданд, ҳеч гуна уҳдадориҳои мушаххасеро дар ин замина эълон накарда, танҳо зикр намудааст, ки "субот ва тартибот дар Хоруғ барқарор шуд" ва "гирдиҳамоии баргузоршуда ғайриқонунӣ буд".

Аз чӣ сар шуд?

Гулбиддин Зиёбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Гулбиддин Зиёбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Эътироз дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр, пас аз марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, оғоз шуд. Мақомот Зиёбековро ба чанд ҷиноят гумонбар карда, гуфтанд, ӯ як сол боз дар ҷустуҷӯ буд ва ҳангоми амалиёти боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон доду захмӣ шуд. Дар гузоришҳои расмӣ дар бораи марги ӯ чизе гуфта намешавад.

Норозиён ин фарзияро рад карда, гуфтанд, Гулбиддин Зиёбеков дар озодӣ буд ва мушкил дар замони раёсати Ёдгор Файзов, раиси собиқи ВМКБ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳал шуда буд. Ба гуфтаи онҳо, бо омадани раиси нави вилоят, генерали амният, Алишери Мирзонабот, парванда алайҳи ӯ дубора боз шудааст.

Тазоҳуроти рӯзҳои 25 ва 28-уми ноябр дар Хоруғ боиси задухӯрд бо мақомоти интизомӣ шуда, дар натиҷа, ба гуфтаи манобеи гуногун, ба камияш чаҳор эътирозгар аз тири силоҳ захмӣ шуданд. Телевизиони маҳаллии "Бадахшон" дар бораи маҷруҳ шудани панҷ афсари нерӯҳои амниятӣ хабар дод, вале шумораи қурбониёнро дар миёни мардуми осоишта эълон накард.

Ҳодисаҳои Хоруғ боиси эътирозҳои густурдаи зодагони ВМКБ ва шаҳрвандони дигари Тоҷикистон дар Русия, Бритониё, Олмон, Австрия, Амрико ва Канада шуд. Онҳое, ки бо амалкарди мақомоти Тоҷикистон розӣ нестанд, аз Душанбеи расмӣ хостанд, ки барои ҳалли мушкилот дар Бадахшон аз зӯр истифода накунад.

Чаро ҳар чанд сол Хоруғ ноором мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Нуқтаи доғ

Иллати нигаронӣ эҳтимолан вазъиятест, ки дар даҳ соли охир дар минтақа ба вуҷуд омадааст. Дар ин муддат муноқишаҳо байни аҳолии маҳаллӣ ва нерӯҳои амниятӣ то бархӯрди ошкорои мусаллаҳона расидаанд.

Муноқишаҳои сахттарин дар солҳои 2012, 2014, 2018 ва 2020 рух дода, сабаби талафоти ҷонӣ дар байни мардуми маҳаллӣ шудаанд. Баъзе аз низоъҳо бо эътирозҳои густардаи сокинони минтақа дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамроҳ буд. Дар ҳоле ки эътироз алайҳи режим дар Тоҷикистон дар шароити сиёсии муосир кори ғайримумкин дониста мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон бархӯрди низомии худро ба мубориза бо гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ба раҳбарии фармондеҳони саҳроии пешин, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 ба ҷонибдорӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон меҷангиданд, асоснок карданд. Мухолифони Душанбеи расмӣ ва коршиносони мустақил иқдомоти зӯроваронаи мақомотро талоши бо зӯр таҳти итоат даровардани минтақаи "бевафо" медонанд.

Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо

Сиёсатмадори мухолиф, зодаи шаҳри Хоруғ, Алим Шерзамонов, мегӯяд, аз соли 2012 боз мақомот талош доранд, ки дар минтақа як тартиботи барои худашон қобили қабулро ҷорӣ кунанд. "Ҳар бор фикр мекунанд, ки мушкил ҳал шудааст, вале дар амал ҳанӯз муваффақ нашудаанд," – гуфт ӯ.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

"Метавонам ба Шумо далели оддиеро пешниҳод кунам, ки баёнгари бисёр чиз аст. Агар дар интихоботҳои порлумонии солҳои 2005-2010 дар рӯйхати ҳизби ҳоким се нафар буданд, дар соли 2020 як нафар ҳам набуд. Вакили ҳозира дар Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи якмандатӣ ба порлумон роҳ ёфтааст. Ин баёнгари он аст, ки марказ оҳиста-оҳиста ба хулосае омадааст, ки ба пуштибонии минтақа ниёз надорад," – афзуд Алим Шерзамонов.

Ба гуфтаи ӯ, мақомот ба хулосае расиданд, ки баъди барканории Ёдгор Файзов аз мақоми раиси вилояти Бадахшон дар аввали моҳи ноябри имсол "ҳамаи масъалаҳо ҳал шудааст" ва ин чиз онҳоро ба иҷрои тасмимҳои зӯроварона водор сохт.

Дар ҳудуди ВМКБ Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад. Онро соли 2018, пас аз танқидҳои президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ҷиноӣ дар минтақа, таъсис доданд. Баъдан раиси ҷумҳурӣ як моҳ муҳлат дод, ки тартибот дар шаҳр барқарор шавад ва ба маъмурони амниятӣ маслиҳат дод, ки барои мубориза бо раҳбарони ғайрирасмӣ, ки ба гуфтаи ӯ, ба кори мақомоти вилоят монеъ мешаванд, ҳангоми зарурат аз нерӯи мусаллаҳ истифода баранд.

Усулҳои кӯҳна

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Таҳлилгари мустақил, Абдумалик Қодиров, таъини Ёдгор Файзовро ба мансаби раиси ВМКБ дар соли 2018 "яке аз тасмимҳои дурусттарини сиёсӣ" медонад. "Баробари рафтани миёнарави байни мардум ва ҳукумат, онҳо дарҳол ба усулҳои кӯҳна гузаштанд. Муколамае, ки тамоми ин муддат шакл гирифта буд, ноком шуд," – бовар дорад ӯ.

Ба қавли Қодиров, ҳукумат аз усулҳои бозмондаи Шӯравӣ истифода карда, мехоҳад, бо ҳар васила садоқати сиёсии минтақаро ба даст биоварад, аммо ҳамзамон фаромӯш мекунад, ки "монополияи иттилоотӣ надорад ва ҳама гуна зӯроварӣ аз тарафи манбаъҳои алтернативӣ зуд рӯйи об мебароянд."

Моҳи ноябри соли 2018 дар пайи як муноқиша Ёдгор Файзов, ки қаблан ҳамчун мудири иҷроияи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кор мекард, раиси вилояти Бадахшон таъин шуд. Вай дар давоми се соли роҳбарияш бӯҳронҳои бавуҷудомадаро зуд бартараф мекард ва бо ин хислаташ аз дигарон фарқ дошт. Пас аз камтар аз як моҳи барканории ӯ аз мансаб дар минтақа муноқишаи нав сар зад.

"Стратегияро дигар кунанд". Чӣ гуна?

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов дар шарҳи ҳодисаҳои Хоруғ навишт, гирдиҳамоиҳои охир танҳо зоҳири рӯҳияи эътирозӣ ва норозигии ҷомеаро нишон медиҳад. "Дар робита ба вазъи ВМКБ, ин маънои онро дорад, ки тамоми сиёсати пешгирифтаи ҳукумати марказӣ нисбати вилоят бенатиҷа баромад. Ба ибораи дигар, ин ноком шуд, зеро на ба эътидол, балки ба ноором шудани вазъ дар минтақа оварда расонд," -- навишт Муллоҷонов.

Коршинос пешниҳод кардааст, ки мақомот бархӯрди худро бознигарӣ кунанд, барномаи рушди босуръати минтақаро таҳия намоянд, фонди рушди минтақавӣ таъсис диҳанд, аз гузоштани постгоҳҳои доимӣ барои рафъи ташаннуҷ даст кашанд ва тағйироти кадриро ба роҳ монанд.

Маълум нест, ки мақомот баъди даргириҳои навбатӣ дар минтақа ба чӣ натиҷа расидаанд. Дар мавриди кадрҳо дар вилоят маълумоти расмӣ нест. Натиҷаи тафтиши буҳронҳои ба ин монанд дар солҳои 2012 ва 2014 низ нашр нашудаанд.

Алим Шерзамонов мегӯяд, маъмулан мақомоти интизомӣ ба зидди шахсоне, ки дар вокуниш ба амалкарди нерӯҳои қудратӣ ба эътироз мебароянд, парвандаи ҷиноӣ мекушоянд. "Онҳо дар сари мизи гуфтушунид на амалиёти асосии ғайриқонунӣ, балки иштирок дар тазоҳуроти беиҷозаро муҳокима мекунанд. Дар натиҷа, аз ҳарду ҷониб ҳеч кас ба ҷавобгарӣ кашида намешавад ва низоъ яхбаста мемонад," -- мегӯяд ӯ.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи масоҳат минтақаи калонтарини Тоҷикистон аст. Аҳолияш қариб 250 ҳазор нафар (5 дарсади аҳолии Тоҷикистон) буда, қисми зиёди онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Сатҳи камбизоатӣ дар минтақа тақрибан 40 дарсад аст, дар гӯшаҳои дигар ба 20-30 дарсад мерасад. Бино ба маълумоти расмӣ, 2,1 дарсади корхонаҳои саноатӣ ва 0,7 дарсади маҳсулоти саноатии кишвар ба ВМКБ рост меояд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG