Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон тирпарониро дар Хоруғ тасдиқ кард, аммо гуфт, "эътирозгарон ба вакил зарари ҷисмонӣ расонданд"


Парвиз Орифзода. Акс аз навори ТВ "Бадахшон"

Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, норозиёни ҷамъомада дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ даъвати раиси вилоят Алишер Мирзонаботро ба қатъи тазоҳурот қабул накарда, ба эълони ӯ дар бораи таҳқиқи куштори Гулбиддин Зиёбеков қонеъ нашудаанд.

Онҳо, тавре ки Парвиз Орифзода шоми 27-уми ноябр дар паёмаш дар шабакаи телевизионии "Бадахшон" гуфт, ба раиси вилоят ва намояндагони ҳукумат "ҳамла кардаанд", ки дар натиҷа, "ба вакили порлумон, Азиз Гиёзода, зарари вазнини ҷисмонӣ расондаанд".

Манобеи Радиои Озодӣ дар Хоруғ захмӣ шудани вакили порлумонро тасдиқ карданд. Ба қавли як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад, "Гиёзода барои ором кардани мардум ҳамроҳи раиси вилоят ба назди эътирозгарон баромада буд. Вақте сангпартоӣ шуд, ба ӯ ҳам расид."

Қаблан баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 27-уми ноябр бар асари тирпаронии мақомот дар майдони марказии Хоруғ чанд нафар маҷруҳ шудааст. Дар бораи захмӣ шудани ба камияш 4 кас гузориш мерасад, вале додситони вилоят дар бораи захмиён ҳеч ишора накард.

Парвиз Орифзода дар изҳороте, ки шоми шанбе тавассути телевизиони "Бадахшон" пахш шуд, тирпарониро дар маркази шаҳри Хоруғ тасдиқ кард, аммо гуфт, "он тири огоҳкунанда буд" ва ба ҳаво холӣ карда шуд.

Додситони ВМКБ гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои рӯзи шанбе бар асоси моддаҳои

  • “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” (328, қисми 2);
  • “таҳқири намояндаи ҳокимият” (330);
  • “авбошӣ” (237) ва
  • “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (110)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Ба қавли додситон, ҳодиса баъд аз зуҳри 27-уми ноябр замоне сар зад, ки Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, баъди се рӯзи эътирозҳои, ба гуфтаи ӯ, "ғайриқонунӣ" ва талаби сокинон, ба назди мардум баромадааст.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Алишер Мирзонаботов рӯзи 27-уми ноябр аз эътирозгарон хостааст, майдонро тарк кунанд. Баъзе аз иштирокчиёни тазоҳурот гуфтаанд, талаби раиси вилоятро қабул надоранд ва баръакс "истеъфои ӯро хостанд".

Эътирозҳо дар Хоруғ кай сар шуд?

Эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр пас аз он сар шуд, ки як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, ба ривояти мақомоти интизомӣ ҳангоми боздошт дар хонааш аз туфангчаи "Макаров" тир кушод ва захмӣ гашт. Бархилофи хабари расмӣ, шоҳидон мегӯянд, Зиёбеков қасдан кушта шудааст. Бархе аз манбаъҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ на дар назди хонааш, балки дар роҳ ба тарафи Хоруғ ба ҳалокат расидааст. Мақомоти расмӣ ба ин сарусадоҳо посух надодаанд.
Додситонии Бадахшон баргузории амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд. Дар ин баёния гуфта мешавад, Зиёебеков ба "гаравгонгирӣ, латукӯб ва шиканҷаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А. дар рӯзи 1-уми феврали соли 2020" гумонбар будааст.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, Зиёбеков ва чанд нафари дигар ин корманди додситониро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона бо як духтари маҳаллӣ танбеҳ дода буданд ва раиси собиқи Бадахшон Ёдгор Файзов моҷароро ҳал карда буд. Прокурор низ дар як навори видеоӣ аз мардуми Бадахшон узр пурсида буд.
Талоши боздошти Зиёбеков пас аз барканории Ёдгор Файзов дар рӯзи 5-уми ноябр ва ба ин мақом таъин шудани раиси пешини шаҳри Хоруғ ва муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Алишер Мирзонаботов, рӯй дод. Худи Мирзонаботов мегӯяд, аз амалиёти боздошт огоҳ набуд ва ҳангоми баргузории он аз ноҳияи дурдасти Мурғоб дидан мекард.
Дар ин амалиёт ҳачмунин сокини дигари Роштқалъа, Гулназар Муродбеков, захмӣ шуда, дертар дар бемористон даргузашт. Дар даргириҳои байни пулис ва эътирозгарон дар Хоруғ рӯзи 26-уми ноябр шаҳрванди дигар Тутишо Амиршоев кушта ва 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ захмӣ шудаанд. Сокинон аз захмӣ шудани даҳҳо нафар хабар медиҳанд, вале ба сабаби иттилоъ надодани мақомоти расмӣ, санҷиши ин хабарҳо ғайриимкон аст.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG