Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпаронӣ дар маркази Бадахшон. Раиси вилоят ба назди мардум баромад. ВИДЕО


Хоруғ, 27-уми ноябри 2021
Хоруғ, 27-уми ноябри 2021

Алишер Мирзонаботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27-уми ноябр, дар рӯзи севуми эътирозҳо дар Хоруғ, ба назди мардум баромада, аз онҳо хостааст, майдонро тарк кунанд, вале ҳангоми баргашташ ба бинои ҳукумат кашокаш шуда, тирпаронӣ сурат гирифтааст.

Бино ба хабари манбаъҳои Радиои Озодӣ, дар ин ҳодиса чанд кас захмӣ шудаанд. Баъзе аз манбаъҳо дар бораи ҷароҳат бардоштани чаҳор нафар ва манбаъҳои дигар дар бораи захмӣ шудани ду нафар хабар медиҳанд. Мақомот расман чизе нагуфтаанд.

Ба қавли як ҳамсуҳбати мо дар Хоруғ, раиси вилоят ҳамроҳи вазири энергетика Далер Ҷумъа ва яке аз чеҳраҳои маъруфи минтақа Хурсанд Мазоров ба майдон омада буд.

Алишер Мирзонаботов дар оғози моҳи ноябр раиси вилояти Бадахшон таъин шуд. Дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Хоруғ ва муовини раиси КДАМ кор кардааст
Алишер Мирзонаботов дар оғози моҳи ноябр раиси вилояти Бадахшон таъин шуд. Дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Хоруғ ва муовини раиси КДАМ кор кардааст

"Ӯ дар назди мардум баромад кард ва ба бинои ҳукумат баргаштанӣ буд. Тазоҳургарон ӯро суолборон карданд, ки чаро ин ҳодисаҳо рӯй доданд. Чанд кас кӯшиш карданд, ӯро дошта, дубора ба назди халқ биоранд. Дар ин лаҳза ба тарафи раиси вилоят санг партофтанд ва аз он тараф оташ кушоданд," -- нақл кард ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад.

Бахтовар Бахтиёров, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ҳодисаи охирро дар Хоруғ тасдиқ кард ва гуфт, Алишер Мирзонаботов дар суҳбат ба мардум гуфтааст, ба хонаҳояшон баргарданд ва роҳҳоро боз кунанд. "Раиси вилоят ваъда дод, ки мақомоти дахлдор ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Аммо мардум розӣ нашуд ва истеъфои раиси вилоятро талаб доранд," -- афзуд Бахтовар Бахтиёров.

Фаврӣ! Охирин хабарҳои Хоруғ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:48 0:00

Эътирозҳо дар Хоруғ кай сар шуд?

Эътироз дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр пас аз он сар шуд, ки як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, ба ривояти мақомоти интизомӣ ҳангоми боздошт дар хонааш аз туфангчаи "Макаров" тир кушод ва захмӣ гашт. Бархилофи хабари расмӣ, шоҳидон мегӯянд, Зиёбеков қасдан кушта шудааст. Бархе аз манбаъҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ на дар назди хонааш, балки дар роҳ ба тарафи Хоруғ ба ҳалокат расидааст. Мақомоти расмӣ ба ин сарусадоҳо посух надодаанд.

Додситонии Бадахшон баргузории амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд. Дар ин баёния гуфта мешавад, Зиёебеков ба "гаравгонгирӣ, латукӯб ва шиканҷаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А. дар рӯзи 1-уми феврали соли 2020" гумонбар будааст.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, Зиёбеков ва чанд нафари дигар ин корманди додситониро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона бо як духтари маҳаллӣ танбеҳ дода буданд ва раиси собиқи Бадахшон Ёдгор Файзов моҷароро ҳал карда буд. Прокурор низ дар як навори видеоӣ аз мардуми Бадахшон узр пурсида буд.

Талоши боздошти Зиёбеков пас аз барканории Ёдгор Файзов дар рӯзи 5-уми ноябр ва ба ин мақом таъин шудани раиси пешини шаҳри Хоруғ ва муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Алишер Мирзонаботов, рӯй дод. Худи Мирзонаботов мегӯяд, аз амалиёти боздошт огоҳ набуд ва ҳангоми баргузории он аз ноҳияи дурдасти Мурғоб дидан мекард.

Дар ин амалиёт ҳачмунин сокини дигари Роштқалъа, Гулназар Муродбеков, захмӣ шуда, дертар дар бемористон даргузашт. Дар даргириҳои байни пулис ва эътирозгарон дар Хоруғ рӯзи 26-уми ноябр шаҳрванди дигар Тутишо Амиршоев кушта ва 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ захмӣ шудаанд. Сокинон аз захмӣ шудани даҳҳо нафар хабар медиҳанд, вале ба сабаби иттилоъ надодани мақомоти расмӣ, санҷиши ин хабарҳо ғайриимкон аст

XS
SM
MD
LG