Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди иқтисодии Бадахшон: Ҳадафҳои олӣ ё ваъдаҳои хушку холӣ?


Шаҳри Хоруғ, моҳи июни 2022

Мақомоти Тоҷикистон пас аз амалиёти ба гуфтаашон “зиддитеррористӣ” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз марҳилаи нави рушди иқтисодии вилоят гап мезананд. Коршиносони мустақил амалкарди мақомотро кӯшише барои тасаллӣ додани мардум меноманд.

Пас аз он ки Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшон рӯзи 17-уми июн аз маҳви “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” дар Бадахшон хабар дод, президент Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ ва Рӯшон изҳори назар кард.

Ӯ ба иҷрои барномаҳои давлатии рушд даъват кард. Вазирони нақлиёт, саноат, меҳнат, маориф, тандурустӣ ва раҳбарони сохторҳои дигар дар мавриди тақвияти фаъолият дар ВМКБ дастурҳои монанд гирифтанд.

Телевезиони маҳаллӣ ва расонаҳои наздик ба ҳукумат зуд ба бозтоби сафари ҳайати ҳукуматӣ дар раъси Шералӣ Кабир, вазири саноат, ба минтақа пардохтанд. Ин ҳайат ҳангоми сафар чанд иншооти хурдро дар Хоруғ, Рӯшон ва Ишкошим дид.

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳри Хоруғ хабарҳо расиданд, ки чанд корхонаи саноатӣ, ки дар солҳои навадум хусусӣ шуда буданд, дубора ба дасти ҳукумат гузаштанд ва аз чашми ҳайат дар канор намонданд. Ин хабар тасдиқ ва рад нашуд, чунки намояндагони ҳукумати ВМКБ ба тамосҳои батакрори Радиои Озодӣ посух надоданд.

Умед ба тағйир

Сокини Хоруғ ва омӯзгори собиқ Низорамо Аслишоева чашмбароҳи тағйири ҷиддӣ аст. “Кори ҳукуматро ҳар рӯз аз телевизион нишон медиҳанд. Дар шаҳр ҳам мегӯянд, ки корхонаҳои даврони Шӯравӣ ба кор оғоз ва ҷойи кории зиёде эҷод хоҳад шуд,” -- мегӯяд Аслишоева.

Тибқи таблиғоти расонаҳои давлатӣ, дар 30 соли истиқлол “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” монеи рушди минтақа шуданд ва пас аз маҳви онҳо хеле аз мушкилиҳои иқтисодӣ моли таърих хоҳанд шуд. Бисёре аз сокинони вилоят ба ҳақиқӣ будани ин гуфтаҳо бовар надоранд.

Як иқтисоддони маҳаллӣ аз Хоруғ ба шарти фош нашудани ном рӯзи 8-уми июл гуфт, ба тағйироти бунёдии иқтисодӣ бовар надорад. “Агар пештар мардум нодор буданд, акнун дорои эҳсоси хусуматомезанд. Ин ҳама талоши иттилоърасонӣ барои итминонбахшӣ ба мардум ва нишон додани ин аст, ки ҳукумат кор мекунад. Нерӯи кории боқимонда ба таври бесобиқа вилоятро тарк мекунад ва ин таблиғоти давлатӣ коро нест,” – гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, мақомот барои ҷалби сармоя ба вилоят тарҳи мушаххас надоранд ва ба эҷоди фазои муносиби сармоягузорӣ даҳсолаҳо лозим аст.

Моҳи октябри соли 2020 раиси пешини ВМКБ Ёдгор Файзов "Барномаи рушди ВМКБ 2015-2020”-ро танқид кард. Ба гуфтаи вай, дар бисёре аз ноҳияҳо амалӣ шудани ин барнома ҳанӯз шуруъ нашудааст ва дар баъзе маврид танҳо 20% иҷро шудааст. Файзов он замон таъкид дошт, барномаҳое, ки манбаъҳои молии дақиқ надоранд ва бо сармоягузорон мувофиқа нашуда бошанд, муассир нахоҳанд буд.

Сармоягузорӣ бар ивази амалиёт?

Бо ин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июни имсол, ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Данғара, таъкид дошт, ки дар 30 соли истиқлол нисбат ба вилояти сераҳолии Хатлон ба ВМКБ пули бештар сарф кардаанд. “Танҳо барои сохтани роҳи Қалаихумб – Ванҷ 220 миллион доллар сарф шуд ва сохтанаш идома меёбад,” -- гуфт раиси ҷумҳурӣ.

Бар асоси иттилои расмӣ, соли 2021 буҷаи ВМКБ 328 миллион сомонӣ ё 29 миллион доллар будааст, ки аз ин маблағ 216,8 миллион сомонӣ ва ё 19 миллион доллар ёрона (субвенсия) аст. Танҳо 112 миллион сомонӣ маблағи худи вилоят будааст. Барои муқоиса ҳаҷми ёронаҳо дар вилояти Хатлон, ки дар буҷаи ҷумҳурӣ ҷой дода шудааст, 613,3 миллион сомонӣ аст, ки 3 маротиба аз ВМКБ бештар аст.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолиф, мегӯяд ҳукумати марказӣ пас аз ҳар амалиёти низомӣ ба вилоят маблағи муайян мефиристад. “Соли 2008 баъди шиддат ёфтани вазъият ба бунёди аввалин сохтмонҳо пардохтанд. Пас аз воқеаҳои соли 2012 роҳро бозсозӣ карда, чанд бинои баландошёна ва театр сохтанд. Ин бор, шояд, талоши бештаре хоҳанд кард, чун талафоти ҷонӣ бесобиқа буд. Дар маҷмуъ, ин як ҳилаҳои таблиғотии исботшуда аст,” -- мегӯяд Шерзамонов.

ВМКБ минтақаи камаҳолӣ ва аз нигоҳи иқтисодӣ ақибмондаи Тоҷикистон аст. Саҳми холиси маҳсулоти саноатии вилоят 0,8% аст. Аҳолии вилоят ҳудуди 230 ҳазор нафар ва теъдоди сокинони шаҳрнишин 13,4% ва рустонишин 86,6% ҳастанд. Тибқи омори расмӣ, дар вилоят 47 корхона кор мекунад. Дар ВМКБ нерӯи барқ, нӯшобаҳои ғайриспиртӣ, ғалла, картошка, сабзавот ва гӯшт истеҳсол мешавад.

Ин вилоят пайваста шоҳиди даргирии сокинон ва мақомот аст. Мардум даргириҳоро ба мушкили иҷтимоиву иқтисодӣ ва риоя нашудани ҳуқуқи озодиҳояшон рабт медиҳанд, мақомот ба фаъолияти “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ”.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG