Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Таноб дар гулӯятон, "24”-у "Наҳзат", бо чунин муборизаатон”


Сӯҳроби Ҷаҳон
Сӯҳроби Ҷаҳон

Сӯҳроби Ҷаҳон, донишҷӯ

Шояд сахт гуфта бошам, аммо фикр мекунам, ҳаққи чунин гуфтанро дорам.

Мухотаби гиромӣ, мегӯйӣ, чаро фақат мухолифон танқид мешунаванду касе пайдо намешавад, бо чунин лаҳн ба ҳукумат хитоб кунад ва бигӯяд, "таноб дар гулӯятон, масъулони кишвар ба чунин шеваи ҳукуматдориатон?"

Аҳли назар, биё, ба муборизаи мухолифону бархӯрди ҳукумат ба фаъолиятҳои эшон холисона назар бикунем.

Имрӯз гузоришеро дар бораи Эмомалӣ Холов дидам. Муаллиф ӯро аз забони мақомот ба узвият ба "Гурӯҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, гумонбар донистааст.

Эмомалие, ки покзод асту ягона ноновари хонавода ва соябони сари 11 фарзанд, қурбони сиёсати духӯра шуд.

Ин танҳо як намунаи зинда аст. Медонам, хабар доред ва ҳамагон низ огоҳанд, ки аз замони зуҳур ин ду гурӯҳ даъвои муборизаву мухолифат бо ҳукуматро доранд.

Ҳар рӯзу ҳар моҳу ҳар сол беҳтарин ҷавонмардони дарсхондаву покизаандеши моро ҳукумат бо баҳонаи рабт доштан ба ин гурӯҳҳо паси панҷараҳои оҳанин ва девори баланд мефиристад.

Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, модари Абдураҳмон-09 ва чанд нафари дигар намунаҳои нав ҳастанд. Онҳо ё ба иттиҳоми ва ё гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои, ба истилоҳи мақомот, "экстремистиву террористӣ"-и "Гурӯҳи 24"-у "Ҳизби наҳзат" боздошту ҳабс шудаанд.

Ва, ҳамин тавр, ҳазорон ҷавони дигар дар Русияву кишварҳои дигар бо айни гумон ҷустуҷӯ мешаванд.

Чанде аз кормандони "Маркази тоҷикон"-и зери раҳбарии Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, ки ҳамаашон дар донишгоҳҳои беҳтарини дохилу хориҷ хондаанд, низ дар кофтуков мебошанд.

Баъди ин ҳама ҳаводисе, ки дар минтақа ва ҷаҳон мегузарад, ба ин натиҷа расидам, ки бо лаҳни сахт ба мухолифон бигӯям: "таноб дар гулӯятон". Агар ба дастовардҳои 10-15-солаи "муборизаатон" бингарем, фақат, қурбонӣ мебинем.

Дар ин муддати дароз на Шумо болои режим пирӯз шудед ва на ҳукумат Шуморо мағлуб кард. Ин чӣ равиши мубориза аст, ки на созиш мекунед ва на омодаи созиш ҳастед ва на ба хостҳоятон мерасед?

Хабар доред, ки ба фишанге барои ҳукумат табдил шудед, ки бо истифода аз он ва аз пушти Шумо миёни беҳтарин ҷавонмардони ин кишварро шикастанд ва мешикананд?

Қарор аст, Додгоҳи олии Русия рӯзи 14-уми сентябр масъалаи ҳамчун созмони террористӣ шинохтани ҲНИТ-ро баррасӣ кунад. Агар ин қарор ба нафъи ҳукумати кишвар ҳал шавад, пас, боз як зарбаи дигар бар ҳазорон ҷавони тоҷик хоҳад гашт.

Пӯшида нест, ки қисми зиёди бинандаҳои бешумори расонаҳои марбут ба мухолифон муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳастанд. Онҳо ҳамарӯза барномаҳои Шумо, мухолифинро пайгирӣ карда, бо лайку комменту тамос ё бо гузаронидани маблағ ба корти бонкиатон ҳамрайъии худро нишон медиҳанд.

Мо аз тафтишу боздошт шудани ҳамватанон аз тарафи пулиси Русия хуб огоҳем. Хуб медонем, ки онҳо дар ҳар кӯчаву паскӯча, метрову бозор ва ҳатто маконҳои зисташон тафтишу азият мешаванд.

Аввалҳо агар фақат қайди макону патент мепурсиданд, чанд соли охир телефонҳоро низ тафтиш мекунанд. Чӣ чизҳое намеёбанд. Ба дохили ютубу инстаграму ватсап мераванд, то бубинанд, муҳоҷири сарсахт чӣ барномаҳову гурӯҳҳоро пайгирӣ мекунад.

Шоҳиди хеле аз чунин манзараҳо будам, агар Худое накарда аз таърихи ютуб мавъизаи домуллои серришро бинанд, тамом, дигар ба халосгар зор мешавед. Даҳҳо ҷавону навҷавон ба баҳонаҳои сармоягузорӣ ба кортҳои бонкии гурӯҳҳои террористии ДОИШ ва "Ал-Қоида" боздошту маҳкум шуданд.

Акнун, хонандаи ҳушманд, худ қазоват бикун, ки террористӣ эълон шудани Наҳзат дар қаламрави Русия барои пулиси ин кишвар чӣ дарҳоеро барои шикори тоҷикон боз мекунад.

Аммо чаро барои ду доираи манфиатхоҳ тамоми миллат бояд дар азоб бошад? Ин миллат кай ба пойи худ рост истоданро меомӯзад? Миллати бечора дигар байни баду бадтар мондааст, замин сахту осмон баланд...

Ҳукумат дар навбати худ гумон дорад, бо пайравӣ аз сиёсати сталинӣ болои ин мардум дуру дароз мемонад. Тарроҳони моддаҳои "307, қисми 2" ва "330, қисми 2" гумон доранд, ки ҷавонони мо дар аҳди Сталин зиндагӣ доранду аз раванди пешрафту тараққиёти дигар кишварҳо бехабаранд.

На сиёсати пешгирифтаи ҳукумат ва на аз мухолифонаш солиму мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳони муосир аст. Ин роҳе, ки барои пиёда кардани манфиатҳои гурӯҳиву оилавӣ истифода мебаред, тарсам, ки ба торикистон бубарад Шуморо ва ҳамаро.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG