Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши тоҷикони Русия аз фармони Путин. Нархи билет аз Маскав ба Душанбе афзудааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Қисман сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия, миёни муҳоҷирон, бахусус онҳое, ки шиносномаи русӣ доранд, сару садои зиёд ба бор оварда, сабаби боло рафтани нархи билет аз Русия ба Тоҷикистон шудааст. Фармони басичсозиро Владимир Путин 21-уми сентябр имзо кард. Тарси муҳоҷирон ин аст, ки эҳтимол бидуни хоҳиш ба ҷанг бурда шаванд. Бино ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамаи ин вазъият сабаб мешавад, ки шумораи орзумандони шаҳрвандии Русия ба маротиб камтар гардад.

"Гуфтанд, аз Русия берун нашавам"

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро доранду дар гузашта дар артиши он кишвар хидмат кардаанд, аллакай даъватнома гирифтаанд. Яке аз онҳо, ки бо рутбаи подполковники артиши Русия бознишаста шудааст, гуфт, рӯзи 21-уми сентябр аз комиссариати ҳарбии ҷои зисташ даъватнома гирифт ва субҳи 22-юми сентябр ба он ҷо рафт.

Як намунаи даъвати нерӯҳои эҳтиётӣ дар Русия
Як намунаи даъвати нерӯҳои эҳтиётӣ дар Русия

"Рақами телефони ҳамроҳ ва телефони хонаамро навиштанд. Таъкид карданд, ки омода бошам. Шояд дар ҳолати зарурӣ занг зананд. Гуфтанд, аз Русия берун нашавам, чун саркашӣ аз артиш арзёбӣ мешаваду ҷавобгарӣ дорад," – афзуд мусоҳиби мо.

Фирдавс (номаш иваз шудааст), ҷавони 30-солаи тоҷики муқими Волгоград, рӯзи 21-уми сентябр даъват ба санҷиши тиббии сафарбарӣ ба артишро қабул кард. Ин хабар дар хонаи ин зодагони Тоҷикистон, ки бист сол пеш бо ҳадафи беҳбуди шароити зиндагӣ аз Душанбе ба Русия кӯчидаву шаҳрванди ин кишвар шуданд, нигарониву таҳлука эҷод кард.

Фирдавс мегӯяд, вақте ба санҷиши тиббӣ ҳозир шуд, даъватшудаҳои зиёдеро аз саросари Волгоград дид. "Аз суҳбат бо масъулон ва даъватшудаҳо фаҳмидам, ки дар навбати аввал шахсони хидматкарда, мутахассисони ҳарбӣ ба мисли артиллеристону маллоҳон ва дигарҳоро даъват мекунанд," – афзуд ӯ.

Бо ин вуҷуд, баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русияро доранду хидмат накардаанд, нигарон шудаанд. Ташвиш доранд, ки эҳтимол онҳоро ба ҷанг дар Украина мебаранд.

Шарҳи мавзуъ:

Нигаронии душаҳрвандиҳо дар Русия аз чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

"Парвоз"-и нархи билет

Бар асоси гузоришҳо, садҳо нафар талош доранд, ки Русияро тарк кунанд. Ба иттилои намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, аз шоми 21-уми сентябр арзиши билети парвоз аз Русия боло рафт. Онҳо рӯзи 22-юми сентябр дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, агар як рӯз пеш нархи билет аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе аз 1,5 ҳазор сомонӣ сар мешуд, ҳоло то ду баробар афзудааст.

Ширкати "Сомон Эйр" барои 28-уми сентябр билети парвозро аз Маскав ба Душанбе ба нархи 2600 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст. Баъзе аз муҳоҷирон дар Русия гуфтанд, рӯзи 22-юми сентябр арзиши билет ба зиёда аз 40 ҳазор рубли русӣ расид.

Видеоро дар инҷо бинед:

Билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон гарону камчин шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Дар ҳамин ҳол, парвози ҳавопаймоҳо аз Маскав то Минск қариб 700 доллар - 10 баробар гаронтар аз рӯзҳои пешин – арзиш доранд. Аммо ҳамин билетҳо ҳам бо суръат фурӯхта мешаванд. Миёни Маскав ва Минск дар рӯз 6 парвоз аст. Ҳамчунин дар самти парвози Маскав ба Ереван, Истанбул, Алмаато ва Тбилиси (Тифлис) ва шаҳрҳои дигари Гурҷистон тақрибан билет намондааст. Дар ин самтҳо танҳо барои ибтидои моҳи октябр билет пешниҳод мешавад.

"Раванд коҳиш меёбад"

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Ба гуфтаи баъзе аз коршиносон, раванди омадани шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз аввали имсол оғоз шуда буд. Улмас Раҳмонов, коршиноси бахши муҳоҷират, мегӯяд, ба иттилои ӯ, "то ҳол беш аз 57 ҳазор шаҳрванди Русия ба Тоҷикистон омадаанд", вале маълум нест, дар инҷо монданд ё ба кишварҳои дигар рафтанд. Мақомот ин оморро шарҳ намедиҳанд.

"Албатта, фармони нав на ҳама аз шаҳрвандони Русияро фаро мегирад. Ба сафи артиш танҳо се дарсади аҳолӣ даъват мешаванд. Ҳамин ҳам сабаб шуд, ки мардум якбора ба кишварҳои боз (бидуни виза) барои русиягиҳо фирор кунанд. Фикр мекунам, ин раванд каме идома карда, сипас, коҳиш меёбад," – афзуд ӯ.

Мақомоти Русия гуфтаанд, фармони "басичсозӣ" шаҳрвандонро аз сафарҳои хориҷӣ бознамедорад, вале онҳое, ки эҳтимол ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд, "беҳтар аст, ба хориҷа нараванд".

Коршиносон бар ин назаранд, ки Русия дар Украина талафоти зиёд дода, ба кумаки сарбозони эҳтиётӣ рӯйи ниёз овардааст. Худи Русия эътироф мекунад, ки беш аз 5 ҳазор афсару сарбозашро дар Украина аз даст дод. Таҳқиқоти ҷудогона омори талафоти Русияро се-чор баробар зиёд медонанд.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG