Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Варшава аз бетаваҷҷуҳӣ ба қазияи Муяссар ва Ифтихор шикоят карданд


Муяссар Саъдоншоев
Муяссар Саъдоншоев

Дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава қазияи ду зодаи Бадахшон – шоиру наворбардор Муяссар Саъдоншоев ва узви «Комиссияи 44» Ифтихор Саидбековро баҳс кардаанд. Онҳо тобистони имсол ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти зиндониён, рӯзи 5-уми октябр дар нишасти Варшава гуфтааст, ҳардуи онҳо бо иттиҳоми бофта аз озодӣ маҳрум шуданд, вале «на ягон фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва на ягон созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон садое баланд накард».

«Ҳама хомӯширо ихтиёр карданд. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳар сол барои рушди демократия ва шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад ва чорабиниҳо мегузаронад. Оё ҳамаи ин ба хотири намоиш нест?» -- пурсидааст ӯ.

Бобоев хостааст, намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорони байнулмилалӣ барои таҳқиқи қазияи аъзои "Комиссияи 44" ба Тоҷикистон бираванд. "Баъдан ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асоси гузориши онҳо метавонад, ба Тоҷикистон фишор биорад, то парвандаҳо ошкор ва беғараз баррасӣ шаванд," – гуфтааст ӯ.

Муяссар Саъдоншоев, маъруф ба тахаллуси Муяссари Кӯҳистонӣ, 28-сола аст ва ҳукмашро рӯзи 24-уми июни имсол дар Хоруғ эълон кардаанд. Ифтихор Саидбеков 27-сола ва узви «Комиссияи 44» баҳори имсол дар Бадахшон дастгир шуда буд.

"Комиссияи 44"-ро дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон ташкил карданд. Шаш узви он шомили гуруҳе буданд, ки аз муфаттишони Додситонии кул ва Додситонии ҳарбии Тоҷикистон таркиб ёфта, ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузаштаро дар Хоруғ таҳқиқ мекард.

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта, баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар пайи ҳодисаи моҳи майи имсол дар Хоруғу Рӯшон, ки даҳҳо нафар кушта шуданд, фаъолияти «Комиссияи 44» мамнуъ ва аъзояш боздошт шуданд. Қисме аз онҳо ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG