Ҷанги Украина
Сафири Украина дар Душанбе аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҷанги Русия гуфт. ВИДЕО
- Чӣ қадар аз нерӯҳои пойгоҳи 201 ба ҷанг дар Украина рафтаанд?
- Оё шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар сафи нерӯҳои Русия меҷанганд?
- Вазъи ҳозира ва ояндаи ҳамкориҳои Душанбе ва Киев чӣ гуна аст?
Ба ин ва суолҳои дигар сафири нави Украина дар Тоҷикистон, Валерий Евдокимов, рӯзи 13-уми октябр посух дод.
Радиои Озодӣ: Дар мавриди ҷанги Русия алайҳи Украина чӣ хабари нав доред?
Валерий Евдокимов: “Беш аз 230 рӯз аст, ки ҷанг идома дорад. Мехоҳам, аз мушакборони шаҳрҳои Украина бигӯям, ки рӯзи 10-уми октябр сурат гирифт. Русия алайҳи сокинони осоишта ҷинояти даҳшатноке анҷом дод ва ман ин амалро наслкушӣ меномам. Мушакборони шадид субҳи рӯзи душанбе сурат гирифт. Замоне ки ҳазорҳо сокини шаҳрҳои бузурги Украина аз пайи кори худ буданд. Теъдоде аз сокинон кушта ва майдончаҳои бозии кӯдакон, осорхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ зарар диданд. Зербиноҳое мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки барои сокинон обу нерӯи барқ ва алоқа фароҳам мекарданд. Дар натиҷа, муассисаҳое ба мисли бемористонҳову кӯдакистонҳо ва муассисаҳои дигари наҷоти инсон бе обу нерӯи барқ монданд.
Вақте субҳи даҳуми октябр шаҳри Киев мушакборон шуд, Ахмадет Оксана Леонтевна, пизишки бемористон, ҷон бохт. Ин зан писари панҷсолаашро ба кӯдакистон бурда, ба ҷойи кор ба назди беморон бармегашт. Дар ин лаҳза мошинаш ба маркази таркиши мушак афтод ва дигар имкони наҷот надошт. Мутаассифона, фавтид. Як сол пеш шавҳару як фарзанди дигараш дар пайи ҳамлаи низомии Русия кушта шуда буданд. Акнун писараш ятим монд. Ин андӯҳи бузург аст.
Ҳоло тамоми мардум сарҷамъ шуда, зербиноҳои муассисаҳои шаҳриро барқарор карданд, нерӯи барқ дастрас ва хадамоти алоқа дубора имконпазир шуд. Мо бори дигар собит кардем, ки мардуми Украина шуҷоъ ҳастанд ва метавонанд, зидди ҳар як хатару мушкилот ва душмани худ истодагарӣ кунад.”
Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, дар бораи раъйпурсӣ ва ҳамроҳкунии чанд минтақаи Украина ба қаламрави Русия чӣ назар доред?
Валерий Евдокимов: “Посух ба ин суол содда ва қобили дарк аст. Дар Ню-Йорк таҳаввулоти ҷолибе рӯй дод. Дар ҷаласаи 11-уми ғайринавбатӣ ва махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милал ғайриқонунӣ будани баргузории раъйпурсиро дар қаламравҳои ғасбшудаи Украина аз сӯи Русия пуштибонӣ карданд. Ҳамзамон, тамоми амалҳои баъдии Русия дар мавриди илҳоқи сарзаминҳои Украина ба қаламрави Русия ғайриқонунӣ дониста шуданд. Гузашта аз ин, СММ аз ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки ғасби қаламрави Украинаро аз сӯи Русия эътироф накунанд. Ҳамчунин, аз Федератсияи Русия талаб карда шуд, ки тасмимҳои ғайриқонунии худро аз эътибор соқит сохта, тамоми нерӯҳояшро аз қаламрави Украина берун кунад. Муҳим ин нукта аст, ки ба ҷонибдории ин тасмим 143 кишвари узв раъй доданд. Мухолифи ин тасмим мисли ҳамеша панҷ кишвари ғасбгар ва шариконаш буданд – Русия, Беларус, Кореяи Шимолӣ, Сурия ва Никарагуа.
Видеоро дар инҷо бинед:
Агар содда карда гӯем, ғасби қаламрав дуздӣ аст, онҳо талош доранд, қисмате аз сарзамини моро бидузданд. Тамоми ҷаҳониён мебинанд, ки Русия талош дорад, ҳар чизеро, ки дасташ ба он мерасад, бидуздад. Сарбозонаш чойнику мошинҳои ҷомашӯӣ медузданд, сардоронашон тавлидоти корхонаҳо, гандумро медузданд, пешвояшон бошад, тасмим гирифтааст, қаламрави моро бидуздад. Мутмаинам, ки дузд бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Вагарна, Путин боз дуздидани чизи дигареро орзу мекунад ва ин даъфа на танҳо хоки Украина, балки қаламрави кишварҳои дигар метавонанд, мавриди сирқаташ қарор бигиранд.”
Радиои Озодӣ: Валерий Владимирович, иттилоъ дорем, ки теъдоде аз нерӯҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ҷанг ба Украина фиристода шудаанд. Метавонед, омори дақиқеро дар бораи теъдоду дар кадом вилоятҳои Украина ҷангидани ин нерӯҳо бигӯед?
Валерий Евдокимов: “Воқеан, сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар ҷанг ба зидди Украина нақши фаъоле доранд. Фикр мекунам, ҷузъу томҳои асосии ин пойгоҳ дар моҳи марти имсол ба Украина фиристода шуда буданд. Нерӯҳо ва техникаи низомии пойгоҳ пайваста ба Украина фиристода мешаванд. Дар мавриди теъдоди нерӯҳо бо баровардаи таҳқиқоти журналистии Радиои Озодӣ розӣ ҳастам. Мо ба ин назарем, ки аз 1500 то 1700 нерӯи ин пойгоҳ ба Украина фиристода шудааст. Иттилое дар даст ҳаст, ки онҳо дар ҳайати ду баталйони гуруҳҳои тактикӣ ҷангида истодаанд. Омори дақиқеро гуфтан душвор аст, зеро ин ҷанг аст ва ҳар рӯз метавонад, талафоте шавад. Ин сарбозон асосан дар ду самт – дар маҳалли Донетск ва Купинск мушоҳида шудаанд. Ҳамчунин, онҳо дар ҷангҳои атрофи Леман ва минтақаҳои дигар дида шудаанд. Албатта, шуморе аз онҳо куштаву захмӣ шуда, баъзе асир уфтодаанд. Дар Ютуб, дар саҳифаи Владимир Золкин, мусоҳиба бо ду низомии асир нашр шуд. Ин низомиён дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон хидмати низомӣ карда ва моҳи сентябр асир уфтодаанд. Онҳо мегӯянд, ки якуми август ба Украина рафтанд ва тақрибан баъд аз як моҳ дар гуруҳи 80-нафарӣ асир афтоданд. Гуфтаниам, бале онҳо дар ин ҷанг ширкат мекунанд, дар ин ҳамлаи ғасбкорона ҳамроҳ ҳастанд, дар қатли шаҳрвандони мо ширкат мекунанду дар тахриби шаҳрҳову муассисаҳои мо даст доранд. Ҳарчӣ бештар онҳо дар ин ҷанг ширкат кунанд, ҳамон қадар куштаву захмиҳояшон бештару теъдоди зиёдашон асир гирифта мешаванд.”
Радиои Озодӣ: Ҳама медонанд, ки дар Русия басеҷ (басиҷ, сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ) эълон шудааст. Шумо ба ин кор чӣ назар доред?
Валерий Евдокимов: “Хашми беасоси Путин, сустии артишаш ва сохторҳои низомӣ ӯро водор месозанд, тасмимҳое бигирад, ки кӯшиши хомӯш кардани аланга бо бензин аст. Басеҷ ба Русия дар тағйири вазъ дар ҷабҳа ҳеч ёрӣ карда наметавонад. Путин ҳатман дарк мекунад, ки бо чунин кор наметавонад моро тарс ё шикаст диҳад, пас, суоле ба миён меояд, ки чаро чунин рафтор мекунад? Бадии кор дар он аст, ки Путин тасмим гирифтааст, дар ин кор на танҳо мардуми кишвари худ, балки пойи сокинони кишварҳои шарикашро низ бикашад. Иттилое дар даст дорем, ки Русия мехоҳад, душаҳрвандиҳо ё муҳоҷирони хоҳони шаҳрвандии Русияро низ ба ҷанг дар Украина бифристад. Ҳарчанд мақомоти расмии Русия ин корро рад мекунанд, раванд аллакай шуруъ шудааст. Дар ин зимн мехостам, он идда аз шаҳрвандони кишвари ба мо дӯсти Тоҷикистонро ҳушдор диҳам, ки фикри ширкат дар ҷангро аз сар дур кунанд. Ин кор боиси ғаму андуҳ ва фалокат мешавад.”
Радиои Озодӣ: Оё дар сафи нерӯҳои Русия ва дар ҷанг ба зидди Украина шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд? Чӣ қадаранд?
Валерий Евдокимов: “Дар ин ҷанг дар сафи Русия намояндаҳои миллатҳои Қафқоз ё Бурятияву Удмуртия ва миллатҳои дигар меҷанганд. Русия мехоҳад, мардуми кишварҳои дигарро низ ба ин ҷанг ҷалб кунад. Дар ин масъалаҳо бояд бисёр эҳтиёткор буд ва ҳар иттилоъро дақиқ санҷид. Ҳоло наметавонам, иддао кунам, ки тоҷикон дар Украина дар сафи артиши Русия меҷанганд. Барои ин кор бояд иттилои дақиқ дар бораи ҳар як тоҷики ҷангида дар Украинаро дар даст дошта бошам. Чунин иттилоъ надорам.
Дар ин маврид мехостам, ин нуктаро низ таъкид кунам, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Русия муқаррароти душаҳрвандӣ дорад. Ба ин назарам, ки дар даҳаи 90-ум муқаррароти душаҳрвандӣ ба хотири мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум роҳандозӣ шуда буд. Ҳоло шаҳрвандии Русия ба доми маргбор табдил шудааст.”
Радиои Озодӣ: Вазъи ҳозира ва ояндаи робитаҳои Тоҷикистону Украинаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Валерий Евдокимов: “Ман мавқеъгирии Тоҷикистонро дар мавриди эътироф накардани минтақаҳои ғасбшудаи Украина аз сӯи нерӯҳои Русия истиқбол мекунам. Ин ба мавзӯи ғасби нимҷазираи Қрим, вилоятҳои Донетск ва Луҳанск рабт дорад. Ҷониби Тоҷикистон дар ин мавзеъгирии худ устувор аст. Дар бораи дурнамои робитаҳо чизе гуфтан душвор аст, зеро ҷанг идома дорад. То ҳол Украина сӣ дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ё 30 дарсади иқтисоди худро аз даст додааст. Русия бузургтарин корхонаҳои оҳангудозии Украина, бандарҳову фурудгоҳҳо ва дигар корхонаҳои бузурги кишварро тахриб карданд. Мо гардиши маҳсулотро миёни кишварҳоямон баррасӣ кардем ва аз 25-уми феврали соли ҷорӣ то 25-уми сентябр гардиши маҳсулот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 56 дарсад кам шудааст. То моҳи феврали соли ҷорӣ мо ба Тоҷикистон дору ва ширинӣ содирот мекардем. Бо оғози таҷовузи низомии Русия ба зидди кишвари мо роҳҳои интиқоли бор баста ва бештаре аз корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои ҷангзада қарор гирифтанд. Баъзе аз онҳо комилан тахриб шудаанд. Мо дар бахши энержӣ ҳамкориҳои густурда доштем, корхонаҳои украинӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон мушорикати барҷаста доштанд ва мехостанд, ҳоло низ дар сохтмони неругоҳҳо ширкат дошта бошанд. Аммо, ин ҷанг дар ин ниятҳо тағйироте ворид кард. Пешбинӣ кардани дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии миёни Украина ва Тоҷикистон хеле душвор аст.”
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Баҳси фасод дар замони ҷанг. Ба саноати дронсозӣ дар Русия чӣ шуд?
Ду парвандаи пурсарусадо дар бахши паҳподӣ ё дронсозии Русия баҳсро дар бораи фасод дар саноати низомии ин кишвар бори дигар гарм кардааст. Сухан дар бораи боздошти ду мудири ширкати “Drone Solutions” меравад. Онҳо 8-уми август боздошт шуданд. Ин ҳодиса камтар аз ду моҳ пас аз боздошти Валерий Кустов, миллиардери рус ва молики як ширкати бузурги фаъол дар саноати паҳпод, рух додааст.
Ҳар ду парванда бо иттиҳомҳои молӣ ва қаллобӣ пайванд доранд ва бавижа дар миёни блогерони тарафдори ҷанги Русия дар Украина бозтоби густурдае пайдо кардаанд. Чеҳраҳое, ки мегӯянд, фасод ва мудирияти нодуруст аз сабабҳои суст шудани тавони низомии Русия дар ҷанги Украина аст.
Ширкати “Drone Solutions” дар моҳи апрел паҳподеро бо номи Aist (Stork) ба маънои "Лак-Лак" ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, муаррифӣ карда буд. Ин ширкат мегуфт, ин паҳпод барои интиқоли таҷҳизоти пизишкӣ ва борҳои дигар тарҳрезӣ шудааст.
Аммо ҳоло ҳар ду мудири ин ширкат бо иттиҳоми қаллобӣ рӯбарӯ ҳастанд ва дар сурати маҳкумият, мумкин аст, то 10 сол зиндонӣ шаванд.
Ҷузъиёти парванда ҳанӯз рӯшан нест, аммо боздошти ин ду нафар ба суръат вокуниши рақибони фаъол дар саноати паҳподи Русияро дар пай дошт.
Дмитрий Третяков, мудири ширкате, ки иддао мекунад нахустин паҳподи Русияро муҷаҳҳаз бо ҳушвора ё ҳуши маснуии дохилӣ сохтааст, пас аз ин боздоштҳо навишт, саноати ҳавонавардии бидуни сарнишини Русия "пур аз касоне ҳаст, ки ҳеч таҷрибае дар ҳавонавардӣ надоранд".
“Мушкили аслии ин саноат, ғайрикасбӣ, дуруғгӯӣ ва намоишкории касоне аст, ки онро идора мекунанд,” – афзуд ӯ.
"АЗ КОРХОНАИ МАЙОНЕЗ ТО САНОАТИ ПАҲПОД"
Парвандаи дувум ба Валерий Кустов рабт мегирад. Тоҷире, ки пеш аз вуруд ба саноати паҳпод ё дронсозӣ бештар ба далели фаъолият дар тавлиди майонез шинохта мешуд.
Вай дар соли 2023 ширкати "Ҳамлу нақли оянда"-ро дар шаҳри Толятти, яке аз марказҳои аслии мошинбарории Русия, ки дар ҳудуди 800-километрии Маскав ҷойгир аст, роҳандозӣ кард. Вебсайти ин ширкат ҳанӯз аксҳои боздиди президенти Русия Владимир Путинро аз корхона дар моҳи январи соли 2025 дар саҳифаи аслии худ дорад.
Путин дар ин дидор гуфта буд, ки Русия бояд то соли 2030 ба яке аз пешгомони ҷаҳон дар навовариҳои паҳподӣ табдил шавад. Аммо мақомҳои додгоҳӣ акнун мегӯянд, ширкати Кустов паҳподҳои сохти Чинро харида, онро ҳамчун маҳсулоти сохти Русия муаррифӣ мекардааст.
Кустов ба азхудкунии пули буҷаи давлат, ки барои амалӣ ва рушд ҷудо шудааст, муттаҳам мебошад. Чанд мудири баландпояи ширкат низ таҳти пайгард қарор гирифтаанд. Додситонҳо мегӯянд, зиёни воридшуда ба буҷаи Русия дар ин парванда ҳудуди 105 миллион доллар будааст.
Блогерони пуштибони ҷанги Русия ҳатто иддао кардаанд, Кустов аз ҳар паҳподе, ки аз Чин харида ва сипас ба Вазорати дифои Русия мефурӯхт, ҳудуди 83 ҳазор доллар фоида ба даст меовард.
ПУШТИБОНҲОИ ҶАНГ, ВАЛЕ ХАШМГИН АЗ ФАСОД
Иван Филиппов, рӯзноманигори рус, ки дар табъид ба сар мебарад ва саҳифаҳои тарафдори Кремл ва ҷангро дар Телеграм пайгирӣ мекунад, гуфт, мубориза бо фасод ба яке аз мавзӯъҳои аслии ин гурӯҳ аз блогерон табдил шудааст.
Ӯ ба шабакаи "Current Time" дар Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфт, "бузургтарин муборизон бо фасод дар Русия, имрӯз блогерҳои ҳомии ҷанг ҳастанд. Онҳо бовар доранд, ки Русия ба далели фасод дар ҳоли бохтани ҷанг аст".
Бо ин ҳол, танқидҳо аз фасод ё наҳваи идораи ҷанг барои баъзе аз ин чеҳраҳо бедардисар набудааст. Шуморе аз блогерҳои машҳур, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина ҳимоят мекунанд, пас аз гузориш дар бораи фасод дар нерӯҳои мусаллаҳ бо интиқод аз амалкарди фармондеҳон боздошт шудаанд.
Филиппов мегӯяд, нашри ҳар хабари нав дар бораи фасод, ба вижа дар артиш, харидҳои давлатӣ ва саноати дифоӣ, вокуниши бисёр тунди ин гурӯҳро бармеангезад.
РАҚОБАТҲОИ ПАҲПОДӢ БО УКРАИНА
Паҳподҳо дар ҷараёни ҷанги Русия дар Украина ба яке аз абзорҳои муҳимтарини низомии ду тараф табдил шудаанд. Русия дар марҳилаҳои аввали ҷанг аз назари баъзе фановариҳои паҳподӣ аз Украина ақибтар буд ва барои ҷуброни ин фосила ҳазорон паҳподи "Шоҳид" ва фанновариҳои муртабит ба онро аз Эрон дарёфт кардааст. Маскав сипас тавлиди дохилии паҳподро ба таври густурда афзоиш додааст.
Паҳподҳои имрӯзаи русӣ ба таври муназзам шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва воҳиди Rubicon-и артиши Русия, ки дар тавсеа ва хариди фанновариҳои нави паҳподӣ фаъолият дорад, хисорот ё зарари қобили таваҷҷуҳе ба нерӯҳои украинӣ ворид кардааст.
Бо ин ҳама, мунтақидон ва ҳатто баъзе аз пуштибонҳои ҷанг дар Русия ба ин боваранд, ки Украина ҳамчунон дар бахшҳое аз фанновариҳои паҳподӣ бартарӣ дорад. Яке аз намунаҳое, ки дар баҳси парвандаи Кустов матраҳ шудааст, талоши номуваффақи ширкати ӯ барои сохти намунаи русӣ аз паҳподҳои Vampire-и Украина аст.
Сарбозони русӣ ин паҳподҳои бузурги украиниро "Baba Yaga" меноманд, ки номи ҷодугарӣ дар афсонаҳои славянӣ аст. Ба гуфтаи Вазорати дифои Украина, паҳподи Vampire тавони бардошти 15-килограмӣ то масофаи 20 километрро дорад ва аз муқовимати боло дар баробари ҷанги электронӣ ва дурбини муносиби амалиёти рӯз ва шаб бархӯрдор аст.
Алексей Чадаев, аз таҳлилгарони пуштибони ҷанги Русия, дар бораи талошҳои ширкати Кустов барои сохтани намунаи монанд навишт, "агар ин паҳпод хуб парвоз мекард, артиши Русия метавонист "Baba Yaga"-и худашро ба таври зиёд тавлид кунад. Аммо парвоз накард".
Андрей Белоусов, вазири дифои Русия низ дар ҷаласае дар моҳи июн арзёбиҳои мусбате аз ин маҳсулот надошт ва ба Путин гуфт, ки ин паҳпод "маҳсули чандон босифате нест".
Зеленский: Кореяи Шимолӣ барои ҷанг бо Украина ҳазорон нерӯ мефиристад
Раисҷумҳури Украина аз тасмими фиристодан ва ҷобаҷойии аз 30 то 50 ҳазор нерӯи артиши Кореяи Шимолӣ барои кумак ба Русия дар ҷанг бо Украина хабар дод, аммо шарҳ надод, ки маълумотро аз чӣ роҳе ба даст овардааст.
Владимир Зеленский, инчунин, гуфт, мушакҳои сохти Кореяи Шимолӣ дар хоки Украина пайдо шудаанд. Маҳалли кашфи онҳоро низ ошкор накард.
Ӯ ҳушдор дод, ки Кореяи Шимолӣ бо иштирок дар ҷанги зидди Украина барои ба даст овардани таҷриба дар “ҷанги модерн” идома хоҳад дод ва дар иваз аз Русия фанновариҳои бештар дарёфт хоҳад кард.
Владимир Зеленский ҳамзамон аз Кореяи Ҷанубӣ хост, ҳамкории низомии худро бо Киев афзоиш диҳад. Бавижа дар арсаи таъмини низоми дифои ҳавоӣ, ки Украина бо камбуди сахти онҳо рӯбарӯ аст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, Киев омодаи ҳамкорӣ бо Сеул дар заминаи паҳподҳо ва арсаҳои дигар аст ва дипломатҳои украинӣ дар ин замина бо мақомҳои Кореяи Ҷанубӣ дар тамос ҳастанд.
Владимир Путин ва Ким Чен Ун, раҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ, дар ҷараёни сафари Путин ба Пхенян дар моҳи июни соли 2024 паймони шарикии стратегӣ имзо карданд, ки шомили кумак ба якдигар дар сурати рӯбарӯ шудани ҳар яке аз ин ду кишвар бо "таҷовузи хориҷӣ" аст.
Кореяи Шимолӣ фиристодани нерӯро ба Русия кумак ба ҳампаймони худ бар асоси ҳамин созиш гуфтааст. Аз охири соли 2024 то июни соли 2025, Кореяи Шимолӣ ба таври тахминӣ байни 14 то 15 ҳазор нерӯ ба Русия фиристод, то барои муқобила бо ҳузури нерӯҳои украинӣ дар минтақаи Курски Русия, дар чорчӯби ҳамлаи Кремл ба Украина, ба Маскав ёрӣ бирасонад.
Маскав ва Пхенян дар оғоз гузоришҳоро дар бораи ҳузури нерӯҳои Кореяи Шимолӣ дар ҷанг бо Украина инкор карданд. Аммо саранҷом дар апрели соли 2025 ҳар ду кишвар ҳузури ин нерӯҳоро дар хоки Русия тасдиқ намуданд.
Як мақоми истихбороти низомии Украина низ аввалҳои моҳи ҷорӣ ба хабаргузории "Рейтерс" гуфта буд, ки як воҳиди мушакии Кореяи Шимолӣ дар ҳоли ҷобаҷо шудан дар ғарби Русия аст ва мумкин аст барои ҳамла ба Украина бо 120 мушаки баллистикӣ ва шаш партобгар муҷаҳҳаз шавад.
Сафорати Кореяи Шимолӣ дар Русия ва Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ ба дархости хабаргузории "Рейтерс" барои изҳори назар дар бораи ин гузориш посух надодаанд.
Ҷанг лонаи парандагону зиндагиашонро ҳам дигар кардааст
Ҷанги беш аз чорсолаи Русия алайҳи Украина зиндагии ҷонварону парандагонро низ дигар кардааст. Муҳаққиқони украинӣ мегӯянд, лонаҳои парандагонро ёфтанд, ки бо хати нахи нурӣ сохта шудаанд. Хатҳои нахи нуриро дар ҷанг ҳангоми ҳамла бо дрон ё паҳподҳо истифода мекунанд.
"Аз ин ҷо бӯйи ҷасад меояд… Онҳоро бояд аз ин дӯзах берун кашем"
"Мо ба самти бӯй қадам мезанем. Шояд дар роҳ касеро ёбем. Аз ин ҷо... бӯйи ҷасад меояд." Олексий Юков зиндагии худро ба пайдо ва шиносоӣ кардани ҷасади сарбозони ҷонбохта дар вилояти Донетски Украина бахшида буд.
Дигар симои ӯро фақат дар видео метавон дид. Олексий ҳангоми берун овардани ҷасадҳо дар наздикии ҷабҳаи ҷанг ба ҳалокат расид. Хабари марги ӯро ҳамсараш дар "Фейсбук" нашр кард.
Радиои Озодӣ чанд моҳ пеш фаъолиятҳои ӯро ба навор гирифта буд. Юков гуфта буд, ки кораш бо хатари марг ҳамроҳ аст: "Мо ин корро зери тиру тӯп ва ҳамлаи дронҳо анҷом медиҳем. Риски бисёр мекунем. Аммо онҳо низ ба хотири ояндаи мо ҷони худро дар хатар гузошта буданд. Барои ҳамин ҳар кадомашон бояд ба хона баргардонда шаванд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Ин кор таваҷҷуҳи Оликсий Юковро 25 сол пеш ба худ кашид. Баъд аз онки ба ҷустуҷӯйи ҷасади сарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум оғоз кард. Пас аз оғози даргириҳо дар шарқи Украина дар соли 2014, таҷрибаашро дар ҷанги нав ба кор бурд. Ӯ гурӯҳи довталабони "Платсдарм"-ро таъсис дод, ки ба хонаводаҳо дар ёфтани ҷасади азизону дафни муносиби онҳо кумак мекард.
"Мо дар ҷайбаш дуое барои хонаводааш ёфтем. Мардумоне, ки монанди ӯ барои ҳимояти Украина ва ояндаи фарзандонашон рафта буданд, муҳимтарин чизеро бо худ мегиранд," – нақл карда буд Юков дар бораи яке аз сарбозони ҷонбохта дар Украина.
Пас аз таҷовузи Русия ба Украина дар соли 2022, кори гурӯҳ бисёр зиёд шуд. Хатарҳо низ. Хатари паҳподу тири тӯп, аслиҳаи нотаркида ва ҳатто ҷасадҳои минакоришуда.
"Барои мо бисёр муҳим аст, ки ҷасади сарбозони худро баргардонем. Онҳоро аз ин дӯзах берун кашем, то дигарон бубинанд, ки мо барои баргардонидани касоне, ки на танҳо ҷон, балки ояндаи худро фидо кардаанд, ҳама корро мекунем. Мефаҳмед? Онҳо ояндаи худро барои ояндаи дигарон фидо карданд," – гуфта буд ӯ.
Хатари ҳамлаҳои паҳподӣ то соли 2025 гурӯҳи Юковро маҷбур кард, ки шеваи кори худро тағйир диҳад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ моҳи феврали соли 2026 дар яке аз маъмуриятҳо ӯро ҳамроҳӣ кард. Оликсий ҳамон замон дар бораи марги худ ва пайомадҳои ваҳшатбори ҷанг мегуфт: "Умри ман барои баргардонидани ҳамаи сарбозони ин ҷанг намерасад. Мо аз ин ҷанг ақиб баргашта наметавонем, то даме ки онҳо барнагарданд. Чӣ тавр бармегардем? Мо бахше аз онҳо ҳастем. Мо як миллатем."
"Паҳпод дар тори сарам чарх мезад… ин даҳшат буд"
Мақомоти Украина рӯзи чоруми август бо нашри наворе гуфтанд, ки як ҳавопаймои бесарнишин (дрон, паҳпод)-и Русия мардеро дар бозори вилояти Херсон таъқиб карда, ба ӯ зарба задааст.
Ба иттилои расмӣ, тоҷири 52-сола, Юрий, зинда монд, аммо дар натиҷаи таркиш осеби мағзӣ дид. Ин усулро “сафарии инсонӣ” меноманд, ки дар он сокинон аз ҷониби паҳподҳо “шикор” карда мешаванд.
Юрий, тоҷири мева дар вилояти Херсони Украина, ки аз зарбаи паҳподи Русия ҷон ба саломат бурдааст, он лаҳзаро чунин тасвир кард: “Ҳамсарам гурехт. Паҳпод ба тарафи ман рӯй овард. Мо дар рости мошин будем. Ман ба ӯ нишон додам, ки "бубин, дар ин ҷо ягон чизи ҳарбӣ нест!"
Хабаргузории "Рейтерс" макони ҳамларо ба воситаи моҳвора ва наворҳои бойгонӣ тасдиқ кардааст. Ҷисму ҷуссаи тоҷир ҳам ба марде, ки дар навор зоҳир шудааст, ҳамхонӣ дорад.
Дар наворе аз шифохона дида мешавад, ки пушт ва пойҳои ин тоҷири украинӣ захмҳои ҷиддӣ доранд. Юрий дар суҳбат бо ҳукуматдорони маҳаллӣ гуфтааст, ҷойи гурез надошт.
"Паҳпод дар тори сарам чарх мезад. Ман аз як сӯ фирор кардаву аз сӯи дигар ба ӯ нишон медодам. ки инҷо чизе нест. Ҳамсарам фарёд кард, ки гурезам, вале куҷо гурезам? Ҳама дашт аст. То паноҳгоҳ аз бомбаҳо масофа дароз буд. Албатта, ин даҳшат буд," – нақл кард Юрий.
Хабаргузории "Рейтерс" дар бораи замони ҳамла ва санаи мусоҳиба бо Юрий маълумоти дақиқ надоштааст.
Дар ҳамин ҳол, Юрий мегӯяд, ӯ ҳосили деҳқонии худ ва баъзе аз ҳамсояҳоро ба фурӯш мебарорад ва ин бори аввал нест, ки ӯ аз тарафи нерӯҳои Русия ҳадафи таъқибу ҳамла қарор мегирад.
Ӯ гуфт: "Ин амалан ҳамлаи дуюм аст. Бори аввал ба хонаи хушдоманам мерафтам. Дар ин бора полис санад тартиб додаааст. Он замон боми мошинам зиён дид. Мо тавонистем аз оташ пинҳон шавем. Он вақт мошинро таъмир кардем. Ҳозир василаи дигаре надорем. Мо бояд барои рӯзгузаронӣ маҳсулотамонро фурӯшем."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибиҳа изҳор намуд, ки ин ҳамла бахше аз ҳамлаҳои худсаронаи ҳарбиёни Русия мебошад, ки бояд аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум гардад.
То ҳол Вазорати мудофиаи Русия ба дархости шарҳи ин ҳодиса посух надодааст. Аз оғози ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, ҳам Русия ва ҳам Украина борҳо бо ҳамла ба ҳадафҳои мулкӣ муттаҳам шудаанд, вале ҳар ду ҷониб ин айбномаро намепазиранд.
Навор дар Инстаграм:
Идомаи ҳамлаҳои Украина ва Русия ба якдигар
Украина ва Русия дигарбора бо паҳподҳо ба ҳадафҳои гуногун, аз ҷумла иншооти энергетикӣ ва ғайринизомии якдигар ҳамла карданд.
Дар ин миён Украина ҳамларо ба анборҳои бузургтарин фурӯшгоҳи онлайнии Русия, ширкати “Wildberries”, идома дод. Ин дафъа як анбор дар вилояти Владимир ҳадаф қарор гирифт.
Ширкати "Wildberries" рӯзи 3-юми август дар баёнияи расмӣ гуфт: "Бар асари ин ҳамла дар иншооти икмолотии ширкат дар вилояти Владимир оташсӯзӣ ба вуқуъ пайваст. Мардумро ба ҷойи амн бурданд. Касе осеб надидааст."
Ин ҳамла як рӯз пас аз зарбаи паҳподии Украина ба анбори дигари "Wildberries" дар вилояти Самара, 800 километр дуртар аз марзи Украина, сурат гирифт.
Нерӯҳои украинӣ дар ҳафтаҳои охир ба даҳҳо анбори "Wildberries" дар гӯшаҳои гуногуни Русия зарба заданд. Украина мегӯяд, "Вайлдберрис" бо фурӯши амволи лозим барои низомиёни Русия дар ҷанг ба зидди Украина ёрӣ мекунад. Маскав ин иттиҳомотро рад кардааст.
Русия дар посух ба ин ҳамлаҳо ба як анбори фурӯшгоҳи онлайни украинии "Rozetka" дар вилояти Киев зарба зад. Дар ин ҳодиса дар рӯзи 2-юми август касе осеб надидааст. Дар ҳамлаи пешина ба ҳамин анбор, ба гуфтаи додситонии вилояти Киев, як нафар кушта ва дастикам шаш тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Мақомоти Русия гуфтанд, ки бар асари ҳамлаи паҳподии Украина дар ҷойи шино ва истироҳати мардум дар соҳили Баҳри Сиёҳ ҳафт нафар, аз ҷумла се кӯдак, кушта шуданд.
Ба гуфтаи Сергей Аксенов, раҳбари дастнишондаи Русия дар нимҷазираи Қрим, ки Маскав онро дар соли 2014 ба қаламраваш ҳамроҳ кард, дар ҳамлаҳои шабонаи Украина ба инҷо чаҳор нафар ҷон бохтаанд.
Вазорати дифои Русия рӯзи 3-юми август эълон кард, ки системаи дифои ҳавоӣ 131 паҳподи украиниро дар шаби гузашта дар чанд минтақа сарнагун ва нобуд кардааст.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Роберт Бровдӣ, фармондеҳи воҳидҳои паҳподии Украина, онҳо дар муддати чаҳор рӯз ба чаҳор полоишгоҳи нафти Русия ва як терминали баҳрӣ зарба зада, осеби зиёде ба онҳо расонданд ва аз ҷумла 12 бушкаи азими маводи сӯхтро нобуд карданд.
Владимир Зеленский рӯзи 2-юми август дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки танҳо дар як ҳафтаи гузашта Русия бо 1900 паҳпод, наздики 1600 бомби ҳидоятпазир ва 144 мушаки гуногун ба Украина зарба задааст.
Видео дар инҷост:
Зеленский аз кишварҳои ғарбӣ хост, ба Киев “Патриот” диҳанд
Пас аз ҳамлаҳои Русия ба Киев ва шаҳрҳои дигар, ки чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт, раисҷумҳури Украина аз ҳампаймонҳои ғарбии худ хост, низоми дифои ҳавоии “Патриот” ва силоҳҳои дигари заруриро ҳарчи зудтар дастрас кунанд.
Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоии худ гуфт: “Мо ба ин террори Русия аз ҷаҳон посухи воқеӣ мехоҳем”.
Вай афзуд, Маскав бомдоди якуми август ба шаҳрҳои Украина 35 мушак ва қариб 190 паҳпод сар додааст.
“Ҷаҳон бояд бидонад, ки Русия бо тӯл додани ҷанг роҳҳои нави куштанро меомӯзад ва ин, албатта, бо украиниҳо маҳдуд нахоҳад шуд,” -- илова кард ӯ.
Владимир Зеленский гуфт, “Иёлоти Муттаҳида медонад, ки мо ба чӣ эҳтиёҷ дорем. Аврупо ҳам медонад. Низомҳое, ки барои муҳофизат аз мушакҳои баллистикӣ пешбинӣ шудаанд, бояд мардумро ҳимоя кунанд, на ин ки дар анборҳо бимонанд.”
Изҳороти Зеленский пас аз он садо дод, ки Русия бомдоди якуми август пойтахти Украинаро бо мушакҳои баллистикӣ нишон гирифт. Мақомоти Киев гуфтанд, дар ин ҳамла ба камияш 9 нафар кушта ва даҳҳо тан, аз ҷумла ҳадди ақал чаҳор кӯдак, захмӣ шудаанд.
Дар ҳамлаи шабонаи Русия ба Киев 9 кас кушта шуд
Дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Киеви Украина шаби 1 август 9 кас кушта ва 28 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Миёни кушташудаҳо чаҳор навраси аз 13 то 17-сола низ ҳастанд.
Дар пайи ин ҳамла як бинои 5-ошёна фурӯ рехтааст. Наҷотдиҳандагон бартарафсозии оқибатҳои ҳамларо идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига шаби гузаштаи Киевро “даҳшатнок” номид. Вай илова кард, ки “Украина фавран ба низоми зиддимушакӣ ниёз дорад”.
"Ин қонун ба Путин мегӯяд, рӯзҳои ҷанги ту ба поён мерасанд"
Вакилони мардумӣ аз ду ҳизби аслии Амрико рӯзи 28-уми июл ба тарҳи санаде раъй доданд, ки ҳадафи он маҳрум кардани Русия аз сарчашмаҳои молии хароҷот барои ҷанг дар Украина аст. Раъйдиҳӣ ҳангоми сафари Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ба Вашингтон анҷом шуд. Дар Сенат, палатаи болоии порлумони Амрико, 86 вакил ба санади мазкур “ҳа” ва 12 нафар “не” гуфтанд.
Зеленский: "Пуштибонии муҳим аз мардуми мост"
Раъйдиҳии ибтидоӣ чанд соат пас аз маросими дафни сенатор Линдси Граҳам, яке аз муаллифони асосии ин қонун ва пас аз мулоқоти раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо сенаторҳо сурат гирифт. Раисҷумҳури Украина дар толори Сенати Амрико ҳузур дошт ва ҷараёни раъйдиҳиро тамошо кард.
Санад "Қонуни Линдси Граҳам дар бораи таҳримҳо алайҳи Русия ва Эрон дар соли 2026" ном дорад. Дар сурати қабул, ин санад ба президент Доналд Трамп ҳақ медиҳад, ки аз бузургтарин харидорони нафту гази Русия то 200 дар сад боҷи иловагӣ ситонад.
Ҳамчунин таҳримҳо ба зидди муассисаҳои молиявии Русия, нухбагони сиёсӣ ва афроди сарватманд зиёдтар хоҳанд шуд. Қонун таҳримҳоро алайҳи Эрон низ то соли 2031 тамдид мекунад. Аммо ин санад бояд дар марҳилаи ниҳоӣ дар Сенат тасвиб шавад ва сипас барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Амрико равад.
Ҳангоми баррасӣ вакилони амрикоӣ гуфтанд, ки ин танҳо як бастаи навбатии таҳримҳо нест, балки як талоши стратегӣ барои маҳрум сохтани Владимир Путин аз манбаъҳои молиявии ҷанг дар Украина аст. Владимир Зеленский пас аз мулоқот бо сенаторҳо ин пешниҳодро бисёр муҳим хонд.
Ӯ гуфт: "Ин иқдом танҳо дар бораи пул ва пешгирӣ аз маблағгузории Русия дар ҷанг нест, балки як паёми қавӣ ба Аврупо, як паёми бузург ба Украина ва пуштибонии муҳим аз мардуми мост. Бинобар ин, ман хеле миннатдорам. Умедворам, ки ба натиҷаи мусбат мерасем."
Зеленский ҳамзамон таъкид кард, ки эҳтиёҷоти асосии низомии Украина дар ҳоли ҳозир системаҳои дифои ҳавоӣ мебошанд.
"Беҳтар аст, сари мизи музокирот бишинӣ"
Ричард Блументал, вакил аз Ҳизби демократ, ки якуним сол бо Линдси Граҳам сари тарҳи қонун кор кардааст, раъйдиҳиро "пуштибонии устувор ва бузург аз Украина" номид.
"Тарҳи ин қонун ба Владимир Путин мегӯяд, рӯзҳои ҷанги ту ба поён мерасанд. Ту дар тарафи шикастхӯрдагон ҳастӣ. Беҳтар аст, ҳоло сари мизи музокирот бишинӣ, на ин ки ҷони мардуми бештарро қурбон кунӣ, пули бештарро беҳуда сарф кунӣ, иқтисоди кишварро вайрон кунӣ ва обрӯятро дар ҷаҳон аз даст диҳӣ. Амрико дар канори Украина аст," – афзуд ӯ.
Яке аз нуктаҳои меҳварии ин қонун, таваҷҷуҳ ба кишварҳое мебошад, ки бо вуҷуди ҷанг ҳанӯз ҳам аз Русия нафту газ мехаранд. Блументал гуфт, ин санад ба раисҷумҳури Амрико ҳақ медиҳад, ки аз 5 харидори бузургтарини нафту гази Русия ва кишварҳое, ки дар давр задани таҳримҳо ба Маскав кумак мекунанд, то 200 дар сад боҷ ситонад. Чину Ҳинд аз ҷумлаи ин кишварҳо ҳастанд.
Бо вуҷуди раъйи Сенат, ин қонун бояд як монеаи дигарро бигзарад. Маҷлиси намояндагони Амрико пас аз таътили моҳи август ба кор бармегардад, аз ин рӯ тасвиби ниҳоии он каме ба таъхир меафтад.
Фармондеҳи артиши Украина пас аз эътирозҳо барканор шуд
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, пас аз шаш рӯзи эътирозҳо дар Киев ва баъзе аз шаҳрҳои дигар, Александр Сирский, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро барканор кард.
Ба гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин дигаргунии камсобиқа дар сатҳи болотарини артиш дар шароите анҷом шуд, ки ҷанги Русия дар Украина қариб панҷ сол боз идома дорад ва нерӯҳои ду ҷониб машғули набард ҳастанд.
Барканории Александр Сирский аз фармондеҳии артиши Украина шомгоҳи 23-юми июл эълон шуд. Ҳоло Михаил Драпатий, фармондеҳи нерӯҳои заминӣ, ҷойнишини ӯ гаштааст. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ тағйир кард. Игор Скубяк ба ҷойи Андрей Гнатов мансуб шуд.
Ин тағйирот пас аз эътирозҳое анҷом шуд, ки дар вокуниш ба барканории Михаил Федоров, вазири дифои 35-солаи Украина, оғоз шуда буд. Зеленский рӯзи 15-уми июл ҳудуди шаш моҳ пас аз таъйини Федоров, ӯро ҳамзамон бо тағйироти густурда дар кобина, аз мақомаш барканор кард.
Федоров пас аз барканорӣ гуфт, пештар хоҳони истеъфои Сирский шуда буд, аммо Зеленский бо ин дархост мувофиқат накардааст. Ба ин тартиб, раисҷумҳури Украина дар марҳилаи аввали ихтилоф миёни вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли артиш, Сирскийро дар мақомаш нигаҳ дошт ва Федоровро барканор кард.
Ин тасмим аз 16-уми июл эътирозҳои рӯзонаеро дар Киев ва дигар шаҳрҳои Украина ба миён овард. Эътирозгарон, ки бахши асосии онро ҷавонон ташкил медоданд, хостори бозгашти Федоров ба Вазорати дифоъ ва барканории Сирский шуданд.
Зеленский саранҷом дар шашумин рӯзи эътирозҳо Сирскийро барканор кард. Бо ин ҳол, дар масъалаи бозгашти эҳтимолии Федоров ба Вазорати дифоъ ибрози назар накардааст.
Ҷобаҷойии фармондеҳони баландпояи низомӣ дар Украина дар миёнаи ҷанг метавонд ба шеваи раҳбарии амалиёт, рӯҳияи нерӯҳо ва иҷрои ислоҳоти артиш таъсир бигузорад.
Нерӯҳои Русия дар баъзе аз минтақаҳо ба пешравиҳои маҳдуд идома додаанд, ҳарчанд ин пешравиҳо бо талафоти сангин ҳамроҳ будааст. Артиши Украина низ дар шуморе аз ҷабҳаҳо, бахшҳое хурде аз минтақаҳои зери контроли Русияро бозпас гирифтааст.
Федоров бинобар ҳимоят аз амалиёти паҳподӣ, фанновариҳои диҷитолӣ ва ислоҳи сохтори дифоӣ, дар миёни бахше аз ҷомеа ва нерӯҳои низомии Украина маҳбуб шуда буд. Ӯ пас аз барканорӣ, Сирскийро муттаҳам кард, ки дар баробари ислоҳот ва тағйири шеваи қарордодҳои таслеҳотӣ муқовимат кардааст.
Михаил Драпатий, ки ҳоло ҷойнишини Сирский шудааст, аз фармондеҳони мавриди эҳтироми артиши Украина аст ва пештар низ дар эътироз ба кушта шудани 12 сарбоз дар ҳамлаи Русия ба як маркази омӯзишӣ, истеъфо дода буд.
Украина бори дигар ба анборҳои Wildberries дар Русия зарба задааст
Украина бори дигар ба анборҳои ширкати тиҷорати онлайнии Wildberries дар шаҳрҳои Невинномисск ва Краснодари Русия ҳамла кардааст. Бунёдгузор ва раиси ширкат, Татяна Ким, иброз дошт, ки бар асари ҳамлаҳои рӯзи 22-юми июл чанд нафар ҷароҳат бардошт.
Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳо ба анборҳои Wildberries дар шаҳрҳои Маскав ва Тамбови Русия камаш ҳашт нафар ба ҳалокат расида, 24 кас захмӣ шуданд.
Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерс", тавсеаи ҳамлаҳо баёнгари он аст, ки Украина истифодаи дрон ё паҳподҳои дурпарвозро барои тахриби шабакаҳои икмолотии Русия ба кор бурда, мехоҳад ба ин васила Маскавро ба сулҳ водор кунад.
Мудири Wildberries дар шабакаи Телеграм навишт, коргаронро аз анбор ба ҷойи амн бурданд, вале ҳангоми ҳамла чанд тан ҷароҳат бардошт. Раиси Краснодар Вениамин Кондратев таъкид кардааст, ки ҳангоми ҳамлаи дронҳо ба анбори Wildberries дар ин вилоят 10 кас захм бардошт.
Тибқи маълумоти раиси вилояти Ставропол Владимир Владимиров, бар асари ҳамлаи бесарнишинҳо ба анборҳои Wildberries дар шаҳри Невинномисск панҷ кас маҷруҳ шуд.
Хабаргузориҳои Русия ҳамчунон гузориш медиҳанд, ки паҳподҳо анбори сӯзишвориро дар шаҳри Армавири Краснодар мавриди оташ қарор доданд. Дар натиҷаи сӯхтори ин корхона як нафар ба ҳалокат расидааст. Пораҳои паҳподҳо ба болои чанд манзили зист дар Краснодар афтодаанд.
Дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина дар шаби 17 ба 18-уми июл ба анборҳои ширкати тиҷорати электронии Wildberries дар вилоятҳои Маскав ва Тамбов ҳашт нафар ҷон бохтанд. То ҳанӯз ширкати Wildberries дар бораи миқёси зарар аз ҳамлаҳои Украина маълумот нашр накардааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар ҳамлаҳои Украина ба Маскав ва Тамбов ҳашт нафар кушта шуданд
Мақомҳои Русия эълон карданд, ки дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина дар шаби 17 ба 18 июл ба анборҳои ширкати тиҷорати электронии Wildberries дар вилоятҳои Маскав ва Тамбов, ҳашт нафар ҷон бохтанд. Дар пайи ин ҳамлаҳо сӯхторҳои густурда рух дод, ки соатҳо осмонро бо дуди ғализи сиёҳ пӯшонд.
Киев дар моҳҳои ахир ҳамлаҳои худро ба хоки Русия афзоиш додааст. Ҳамлаҳое, ки ба гуфтаи Украина, интиқоми беш аз чаҳор сол бамборони хоки ин кишвар аз сӯи Русия аст ва зиндагии рӯзмарраи мардуми оддии Русияро низ баҳам задааст.
Ин маърака асосан зерсохтҳои нафтии Русияро ҳадаф қарор дода, боиси як бӯҳрони густурдаи маводи сӯхт дар яке аз калонтарин кишварҳои тавлидкунандаи нафти ҷаҳон шудааст.
Дар даври нави ин ҳамлаҳо, Украина ду анбори муҳими вобаста ба Wildberries -- калонтарин ширкати байналмилалии тиҷорати электрониро, ҳадаф қарор дод. Дар ин ҳамлаҳои ҳашт нафар аз кормандони шабкори ин ширкат ба ҳалокат расиданд ва дар натиҷаи сӯхтор тақрибан ин иншоот ба таври комил нобуд шуданд.
Татяна Ким, раҳбари ширкати Wildberries гуфт, "шабе ваҳшатнок ва ҳодисае тарснок барои ширкати мо ва барои кишварамон буд. Ин дарде аст, ки бо ҳеч калима наметавон онро баён кард".
Наворҳои видеоии нашршуда дуди сиёҳеро дар минтақаи Маскав нишон медиҳанд, ки дастикам то баъд аз зуҳри рӯзи шанбе ҳамчунон дар осмон боқӣ монда буд.
Евгений Первишов, раиси вилояти Тамбов гуфт, "ҳафт нафар аз коркунони басти шабона ҳангоме кушта шуданд, ки паҳподҳои душман ба маркази логистикии Wildberries бархӯрданд".
Андрей Воробев, раиси минтақаи Маскав низ эълон кард, бар асари ҳамла ба як анбори захираи нафт, як нафар баъд аз интиқол ёфтан ба бемористон ҷон дод. Ба гуфтаи мақомҳои Русия, наздик ба 60 нафар дар ҳамлаҳо ба ин ду минтақа захмӣ ва ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.
Сергез Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ки беш аз 370 паҳбод шаби ҷумъа ба шанбе ба тарафи Маскав партоб шуда буд. Ӯ афзуд, ки байни 11 то 18 июл дар умум як ҳазору 892 паҳподи украинӣ, ки ба тарафи Маскав дар ҳаракат буданд, раҳгирӣ шудаанд.
Владирир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, "дар посух ба ҳамлаҳои Русия ба зерсохтҳои ғайринизомӣ ва шаҳрҳои мо, ду маркази калони логистикӣ дар минтақаҳои Маскав ва Тамбов ҳадаф қарор гирифтанд".
Дар Украина низ ҳамлаҳои Русия ба бандари Одесса дар соҳиби Баҳри Сиёҳ, боиси кушта шудани як нафар ва захмӣ гаштани 13 тан шуд.
Афзоиши ҳамлаҳои Украина ба зерсохтҳои нафтии Русия, беш аз ҳар вақти дигар дар тӯли ҷанг, зиндагии рӯзмарраи мардум ин кишварро ба ҳам задааст. Аз моҳи июн то кунун камбуди маводи сӯхт ҳудуди 90 дарсади минтақаҳои Русияро таҳти таъсир қарор додааст.
Дар ҳафтаҳои ахир, саф кашидан дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба бахше аз зиндагии рӯзмарра дар Русия табдил шудааст. Кишваре, ки то пеш аз ин сӯзишворӣ ба осонӣ дастрас буд ва нархи он низ ба маротиб камтар аз Аврупо буд.
Ҳоло даргириҳо дар хатти пеши ҷанг то ҳадди зиёд коҳиш ёфтааст ва ба назар мерасад, ки Украина муваффақ шудааст суръати пешравии тобистонаи Русияро коҳиш диҳад.
Украина ҳамлаҳоро ба зербунёдҳои энергетикии Русия афзоиш додааст
Ҳамлаҳои давомдори Украина ба зербунёдҳои энергетикии Русия сабабгори буҳрони бузургтарини сӯзишворӣ дар ин кишвар дар даҳсолаҳои охир шудааст. Рӯзномаи “Financial Times” дар ин бора бо такя ба маълумоти гурӯҳи таҳлилии “Rochan Consulting” гузориш додааст.
Бино ба ҳисоби гурӯҳи лаҳистонӣ, паҳподҳои украинӣ моҳи майи имсол ба корхонаҳои коркарди нафти Русия 16 ҳамлаи муваффақ анҷом додаанд, ки аз оғози ҷанг нишондиҳандаи болотарин дар моҳ ба ҳисоб меравад.
Дар умум, аз аввали соли 2026 то кунун, корхонаҳои коркарди нафти Русия камаш 194 бор ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 баробар бештар аст.
Нашрия менависад, сахттар шудани ҳамлаҳо боис шудааст, ки дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия маҳдудиятҳо барои фурӯши сӯзишворӣ ҷорӣ шавад.
Навбат барои харидани маводи сӯхт ҳатто дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Маскав мушоҳида мешавад. Моҳи июн паҳподҳои украинӣ чанд дафъа ба ягона корхонаи коркарди нафти Маскав дар ноҳияи Капотня ҳамла карданд.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Financial Times”, сарфи назар аз ин ҳамлаҳо Кремл барои дигар кардани мавқеаш дар ҷанг омодагӣ нишон намедиҳад. Ба гуфтаи манобеи нашрия, Маскав ҳамоно умедвор аст, ки ба ҳадафҳои худ бирасад ва барои гузаштҳои ҷиддӣ дар музокирот омода нест.
Русия дар Бунёди вобаста ба духтари Путин як Маҷмааи дифои мушакӣ месозад
Бахши русии Радиои Авруои Озод/Радиои Озодӣ гузориш додааст, ки ба ҳамин ҳадаф дар ҳудуди қароргоҳи Бунёди "Иннопрактика" -- як тарҳи бо пуштибонии ҳукумат амалишаванда бо арзиши 1,7 миллиард доллар, ки раҳбарии онро Катерина Тихонова бар ӯҳда дорад, як айвони бетонӣ сохта ва системаи дифои ҳавоии русии S-400 онҷо ҷобаҷо карда шудааст.
Ин маҷмааи нав, ки дар як нуқтае баланд дар маркази шаҳр қарор дорад, камтар аз 10 километр аз Кремл ва ҳудуди 300 метр аз яке аз биноҳои Донишгоҳи давлатии Маскав фосила дорад ва дастикам панҷумин иншоот аз ин навъ дар ҳалқае дар ҳоли шаклгирӣ дар дохили пойтахти Русия ба шумор меравад.
Бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ аз макони сохтмон, шакл ва паҳлӯҳои сайт дақиқан бо дигар иншооти низомии монанд дар Маскав, ки дар аввалҳои моҳи июн тавассути Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шиносоӣ шуда буданд, мутобиқат дорад.
Артиши Русия пештар низ дар Маскав зерсохтҳои дифоии монандро бо истифода аз системаҳои мушакии Pantsir-S1 барои муқобила бо ҳамлаҳои паҳбодии Украина бунёд карда буд.
Аммо ба назар мерасад, маҷмааи навбунёди S-400, ки барои раҳгирии мушакҳо тарроҳӣ шудааст, бо ҳадафи муқобила бо тавонмандиҳои баллистикии дар ҳоли рушди Киев, таъсис дода шудааст.
Рӯзи 24 июн, Fire Point -- яке аз калонтарин тавлидкунандагони таҷҳизоти дифоии Украина, эълон кард, ки ду мушаки баллистикӣ сохтааст -- нахустин мушакҳое, ки Украина ба таври мустақил ва дар дохили кишвар тавлид кардааст.
Артиши Украина дар моҳҳои ахир ҳамлаҳои паҳподии дурбурди худ ба дохили хоки Русияро афзоиш додааст. Ҳамлаҳое, ки ин кишварро бо бадтарин камбуди сӯзишворӣ дар солҳои ахир рӯбарӯ кардааст.
Дастикам 17 минтақа маҳдудиятҳои маҷбурӣ бар фурӯши бензин ва гази моеъ ҷорӣ кардаанд, дар ҳоле, ки даҳҳо минтақаи дигар низ аз камбуд ё ҷорӣ шудани маҳдудият тавассути ширкатҳои хусусии фурӯши сӯзишворӣ, хабар додаанд.
Дар ҳоле, ки ин таҳаввулот норизоятии рӯ ба афзоишро дар миёни русҳо, пас аз беш аз чаҳор сол, барангехтааст, Кремл ҳеч нишонае аз ақибнишинӣ аз хостаҳои сахтгиронаи худ барои поён додан ба ҷанг нишон надодааст.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи 25 июн эълон кард, ки як амалиёти низомии 40-рӯза аз сӯи Хадамоти амнияти ин кишварро тасдиқ кардааст, то "бар давлати таҷовузгар таъсир бигузорад ва онро ба поён додан ба ҷанг водор кунад".
Бунёди Маҷмааи нави системаи дифои ҳавоӣ дар "Иннопрактика" нишонаи дигаре аз таваҷҷуҳи вижа ба иншооти вобаста бо Путин ва хонаводааш ба шумор меравад.
Аз замони оғози ҷанги густурдаи Русия алайҳи Украина дар соли 2022, беш аз 25 сайти системаи дифои ҳавоӣ, аз ҷумла, як сомонаи S-400 дар Валдай сохта шудааст. Иқомтгоҳе, ки беш аз дигар иқоматгоҳгоҳҳои давлатӣ мавриди алоқаи Путин будааст.
Гуфта мешавад, ки Алина Кабаева, шарики зиндагии эҳтимолии раисҷумҳури Русия, ҳамроҳ бо кӯдаконе, ки иддао мешавад, фарзандони ӯ ва Путин ҳастанд, борҳо аз ин маҷмаа боздид кардааст.
Як шаҳрванди Тоҷикистон ба нерӯҳои Украина таслим шудааст
Мақомоти Украина мегӯянд, яке дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Русия ба ҷанг фиристодааст, довталабона ба нерӯҳои он кишвар таслим шудааст.
Вазорати дифои Украина рӯзи 19-уми июн дар як баёнияи расмӣ гуфт, ҷавони тоҷик ба тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” муроҷиат кард ва нерӯҳои украинӣ ӯро аз ҷабҳаи ҷанг гуруснаву ташна, вале солим берун оварданд.
Дар ин баёния омадааст, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки солҳои зиёд дар Русия буд, пас аз боздошт ва таҳдиди ихроҷ шудан бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанги Украина рафтааст.
Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина рӯзи 19-уми июн видеои мусоҳиба бо асири тоҷикро нашр кардааст, ки дар он мегӯяд, баъди рафтан ба ҷанг аз ин кораш сахт пушаймон шуд.
Ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистонро наовардаанд.
Ӯ дар суҳбат гуфтааст, баъди онки дар Маскав боздошт шуд ва қарори ихроҷашро дар дасташ доданд, барои рафтан ба ҷанг розӣ шуд.
Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина моҳи апрели имсол гуфта буд, ки қариб 13 ҳазор нафар аз Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия дар Украина меҷанганд. Ин пойгоҳ он замон шумораи тоҷикистониҳоро дар ҷанг беш аз 3 ҳазору 400 кас ҳисоб карда буд.
Омори расмии тоҷикон дар ҷанги Русия алайҳи Украина маълум нест. Мақомот дар ин бора ҳеч иттилоъ намедиҳанд, вале дар бештар аз чаҳор соли ҷанг хабари кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шуд.
Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина дар як соли охир номи зиёда аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина ширкат карда, бархе кушта ё нопадид шудаанд.
Гуфтугӯ