Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аъло мехонд", "шояд касе аз роҳ зад". Эҳсон Аминзода, "қаҳрамон"-и Белгород, кӣ буд? ВИДЕО


Эҳсон Аминзода
Эҳсон Аминзода

Омӯзгорон ва ҳамдеҳагониЭҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба фарзияи марги ӯ дар тамрингоҳи Белгород бовар надоранд.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки Эҳсон Аминзода 15-уми октябри имсол бо як ҳамроҳаш гуё зимни таҳқири эҳсосоти динии онҳо ба ҳамяроқон ҳамла карда, 11 нафарро куштанд ва 15 каси дигарро захмӣ карданд. Мақомоти Русия ҷузъиёти ҳодисаро пинҳон мекунанд ва воқеияти он чизе, ки дар Белгород гузашт, норӯшан аст.

"Ҳафт моҳ пеш ба гимназия омада буд"

Дар мактаби деҳаи Заргари Кушониён, ки Эҳсон Аминзода дар онҷо хондааст, ба ин хабарҳо бовар надоранд. Садафмоҳ Насконова, омӯзгори забони русӣ, мегӯяд, шогирдашро хуб ба ёд дорад.

Ӯ рӯзи 25-уми октябр гуфт: "Ҳар рӯз дар бораи Эҳсон сухан меравад. Бовариамон намеояд. Бо баҳои аъло мехонд, боинтизом буд. Аъзои оилаашон низ одамони таҳсилдида ҳастанд. Ҳафт моҳ пеш ба гимназия омад. Хоҳараш дар инҷо мехонад. Муаллимҳоро диду рафт."

Эҳсон Аминзода рӯзи 10-уми октябри имсол дар Маскав "гум" шуд. Наздиконаш тахмин мезананд, ки шояд ӯро маҷбурӣ ба ҷанги Украина ҷалб кардаанд. Дар зодгоҳаш бовар надоранд, ки ӯ бо ихтиёри худ ба артиши Русия пайваста ё майл ба терроризму одамкушӣ доштааст.

Маърифат Чориева, омӯзгори дигари маҳалла, гуфт, ба воқеӣ будани ҳар чизе, ки дар бораи Эҳсон шунидаанд, бовар надоранд: "Гапҳое, ки мегӯянд, дар ҳаққи ӯ туҳмат аст. Ин бача ба ин корҳо дахолат надорад. Чунин бача набуд, бовар намекунем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Магар Эҳсон Аминзода дар Белгород "қотил" шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

"Аз роҳ бароварданд"?

Аммо баъзе аз ҳамдеҳагонаш мегӯянд, шояд Эҳсон Аминзодаро касе аз роҳ зада ва ӯро ба ин моҷаро кашондааст. Ба қавли Файзулло Бойназаров, сокини Заргари Кушониён, "одамизод-да. Мумкин шайтон дар байн даромада, аз роҳ бароварда бошад."

Наздикони Эҳсон Аминзода аз суҳбат худдорӣ карданд. Як мақоми маҳаллӣ гуфт, онҳоро огоҳ кардаанд, ки дар ҳар куҷо ҳар чиз нагӯянд. Тоҷиддин Аминзода, падари Эҳсон, аз марги фоҷиавии писараш сахт ошуфта аст ва рӯзи 25-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷигарбандамро аз даст додам, ҳоло чизе гуфтан намехоҳам."

Хонаводаи Эҳсон беш аз даҳ рӯз боз мунтазири ҷасади фарзандашон ҳастанд. Онҳо дар суҳбати бидуни сабт гуфтанд, ки намедонанд ҷасадро кай мегиранд.

Эҳсон Аминзода 24-сола ва писари хурдии оила буда, ба қавли сокинон, ду бародар дорад, ки яке дар Русия аст ва дигаре дар Тоҷикистон. Бар асоси нақли онҳо, Эҳсон пас аз хатми мактаби миёна як муддат дар Русия хонда, дертар таҳсилро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон идома додааст.

Пештар пайвандонаш гуфта буданд, Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) ҳафт моҳ пеш ба Русия рафта, дар тарабхонае бар асоси патент кор мекард ва нияти ба ҷанги Украина рафтан надошт". Онҳо гуфтанд, Эҳсон рӯзи 10-уми октябр дар назди метрои Люблинои Маскав "гум шуда буд" ва хабари маргашро 16-уми октябр мақомоти рус расонданд. Марге, ки ба муаммо табдил ёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG