Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нома аз КДАМ: Чаро Тоҷикистон тавсияи СММ-ро иҷро накард? ВИДЕО


Нишаст бо иштироки хабарнигорону мақомот дар Душанбе
Чаро барои таъсиси як нашрия маълумотнома ё иҷозаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ талаб мешавад? Ин мавзуъ дар нишасте дар Душанбе боиси баҳс миёни намояндагони мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд. Фаъолону хабарнигорон хостанд Тоҷикистон пешниҳоди Созмони Милалро иҷро ва ин меъёрро бекор кунад. Мақомот гуфтанд, масъаларо меомӯзанд.

“Берун аз меъёрҳо аст”

Намояндагони мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 23-юми ноябр тавсияҳои Созмони Милалро ба Тоҷикистон баррасӣ карданд. Се сол пеш Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ аз таҳдид ба хабарнигорон ва монеъ шудан ба кори онҳо дар Тоҷикистон нигаронӣ карда буд. Ин ниҳоди байнулмилалӣ ба Душанбе тавсия дод, дигарандешӣ дар матбуот ривоҷ дода шавад.

Баъзе аз иштирокдорони нишаст гуфтанд, баъд аз се сол вазъ тағйир накардааст. Онҳо гуфтанд, як тавсияи Созмони Милал дар бораи бекор кардани талаби маълумотнома аз КДАМ дар вақти таъсиси нашрия то ҳол иҷро нашуда.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 дастур дод, ки барои таъсиси нашриёт, матбаа ва ё нашрияи даврӣ бояд аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маълумотнома бигиранд. Мақомот он вақт гуфта буданд, тартиби нав ба хотири танзими хубтари соҳа ҷорӣ шудааст. Намояндагони Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал соли 2019 ба Тоҷикистон тавсия доданд, ин муқарраротро бекор кунад.

Шаҳло Акобирова, мудири созмони "Хома"
Шаҳло Акобирова, мудири созмони "Хома"

Шаҳло Акобирова, мудири созмони “Хома”, аз намояндагони мақомот пурсид, ки ҳадафи ворид кардани чунин тартиб чист? “Ин берун аз меъёрҳо аст. Ба фаъолияти КДАМ бисёр арҷ мегузорем, корашон аст, бояд донанд. Ба гирифтани маълумотнома аз КДАМ кадом як шахси ҳуқуқӣ ё шахси воқеӣ муроҷиат мекунад, намунаашро намедонем. Мехостем, намунаашро фаҳмем, ки чӣ гуна аст ин маълумотнома,” -изофа кард ӯ.

Умед Ҳоҷиев, як намояндаи Вазорати фарҳанг, дар посух гуфт, мактуб аз Кумитаи давлатии амнияти миллиро худи онҳо мегиранд. "Шумо ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод мекунед, мактубро ба КДАМ мо мекунем,”-афзуд масъули вазорат.

Видеоро дар инҷо бинед:

Маълумотномаи амниятӣ қабл аз сабти расонаҳо рӯзноманигоронро нороҳат кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Маълумотнома аз КДАМ як навъ фишор аст?

Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, дар тартиби сабтиноми нашрия ё матбаа, ки ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, талабот дигар аст. Ба гуфтаи иштирокдорони нишасти 23-юми ноябр, дар дастури ҳукумат мушаххас омадааст, ки дар баробари санадҳои дигари зарурӣ бояд аз КДАМ маълумотнома гирифта шуда, баъдан санадҳо барои бақайдгирӣ пешниҳод шаванд.

Умед Ҳоҷиев, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон
Умед Ҳоҷиев, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Умед Ҳоҷиев, намояндаи Вазорати фарҳанг гуфт, масъулони КДАМ танҳо “батаври хаттӣ менависанд”, ки барои таъсиси нашрия “зид ҳастанд ё не.”

Намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар нишаст набуданд. Масъулони Вазорати фарҳанг ваъда доданд, ки нигарониҳоро ба мақомоти дахлдор мерасонанд.

Намояндагони Вазорати фарҳанг гуфтанд, Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон то имрӯз ягон дархостро дар бораи сабти нашрияҳо рад накардааст. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаби маълумотномаро аз КДАМ як навъ фишор медонанд.

Молики яке аз нашрияҳо дар Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, "аз кадом тарафе, ки нигоҳ накунем, муқаррарот ҳамчун фишор аст. Барои сабти нашрия аз идораи оташнишонӣ ва андоз ҳам маълумтнома лозим аст. Кормандони идораи оташнишонӣ омада тафтиш мекунанд, ки идораи шумо ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ аст ё не. Масъули андоз месанҷад, ки Шумо шаҳодатнома доред ё не. Вақте ба КДАМ барои гирифтани маълумотнома меравед, чӣ мешавад? Албатта "фаҳмондадиҳӣ" мешавад.”

Гирифтани иттилоъ мушкилтар шуд?

Баҳси дигар дар нишаст мушкили дастрасӣ ба иттилоъ буд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумаи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, хабарнигорон тақрибан ҳар рӯз ба мушкили дарёфти маълумот аз идораҳои давлатӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ба гуфтаи Қаршибоев, қонунгузорӣ тартиби гирифтани иттилоъро мушаххас кардааст, аммо на дар ҳама ҳолат ин муқарраротҳо иҷро мешаванд.

“Дар ҳолатҳои изтирорӣ махсусан дар ҳолатҳои низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ин мушкилот баръало ба назар расид ва боиси шикаст хӯрдани мо дар набарди иттилоотӣ гардид,” -- таъкид кард Қаршибоев.

Намояндагони мақомот ваъда доданд, ки мушкилҳоро баррасӣ мекунанд. Вакили порлумон, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, аз тамом шудани таҳрири Кодекси иттилоот хабар дод. Ӯ гуфт, Кодекси иттилоот “фарогири боз ҳам беҳтар намудани заминаҳои ҳуқуқии соҳа мегардад.”

Тавсияҳои Созмони Милал дар ҳоле баррасӣ мешаванд, ки расонаҳои Тоҷикистон рӯзҳои душвореро паси сар мекунанд. Чандин расонаи мустақил, аз ҷумла ҳафтаномаҳои “Озодагон" ва "Нигоҳ" баста шуданд. Дар ним соли охир 7 рӯзноманигору блогер боздошт ва чанде аз онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гардиданд. Маълум нест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳисоботи ояндааш ба Созмони Милал ба ин нигарониҳо чӣ мегӯяд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG