Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изобел Коулман: Ҳадафи мо ёрӣ ба тиб, маориф ва иқтисоди Тоҷикистон аст. ВИДЕО


Изобел Коулман
Изобел Коулман
Муовини мудири Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико, Изобел Коулман, рӯзҳои 17-18-уми феврал дар Тоҷикистон буд. USAID яке аз кумакрасонҳои асосӣ ба Тоҷикистон аст. Дар бештар аз сӣ соли истиқлол барои рушди иқтисод, тандурустӣ, маориф, мубориза бо камғизоӣ ва камбизоатӣ ба кишвар зиёда аз 700 миллион доллар додааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ хонум Коулманро диданд ва аз ӯ дар бораи ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон пурсиданд.

Изобел Коулман: "Сафари ман ба Тоҷикистон дар доираи боздид аз баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом шуд. Қазоқистон, Қирғизистон ва ниҳоят Тоҷикистонро дидам. Чанд сабаб буд. USAID барои пеш бурдани тиҷорат ва ҳамгироии минтақаӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш мекунад. Идораи мо дар Қазоқистон мудирияти Афғонистонро низ бар уҳда дорад. Бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ дорем. Пеш аз ҳама дар бахши тандурустӣ ва бахусус дар самти мубориза бо бемориҳои сил ва вируси норасоии масунияти бадан. Иёлоти Муттаҳида барои мубориза бо коронавируси нав ба мардуми Тоҷикистон 4,5 миллион ваксина дод. Самти дигари ҳамкории мо рушди иқтисод аст. Дар соҳаи маориф ҳамкории бениҳоят хуб дорем."

Радиои Озодӣ: Дар оғоз ишора шуд, ки USAID аз солҳои 90-ум ба ин тараф ба Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллар кумак кардааст. Ҳадаф чист?

Лаҳзае аз суҳбат бо Изобел Коулман
Лаҳзае аз суҳбат бо Изобел Коулман

Изобел Коулман: "Мақсади асосии мо ёрӣ ба мардуми Тоҷикистон аст. Афзалиятҳои ҳамкорӣ дар замонҳои гуногун мувофиқи ниёзи мардуми Тоҷикистон тағйир меёбад, лекин соҳаҳое, ки имрӯз ҳамкорӣ мекунем, аз чанд бахш иборатанд. Пеш аз ҳама дар соҳаи тандурустӣ ҳамкории бениҳоят васеъ дорем. Имрӯз ҷиҳати мубориза бо бемориҳое ба мисли вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва сил барномаҳои зиёд дорем. Бахши дигари ҳамкории мо мусоидат ба рушди иқтисод аст. Мехоҳем, соҳибкорони тоҷик фаъолияти хуб ба роҳ монанд, истеҳсолотро рушд диҳанд ва маҳсулоти зиёдатии худро ба хориҷа содирот кунанд. Соҳаи дигари ҳамкории мо бахши маориф аст. Ба як мактаб-интернат дар шаҳри Ҳисор рафтам. Дар онҷо ду ҳазор китобро бо ҳуруфи Брайл ба кӯдакони биноишашон суст тақдим кардем. Ин китобҳо ба кӯдакон мадад мекунанд, ки дар мактабҳои муқаррарӣ бо кӯдакони дигар дарс хонанд."

"Кӯмакҳои мо шаффоф аст"

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон назарҳо ба ёриҳои башардӯстона ва бахусус аз кишварҳои ғарбӣ яксон нест. Баъзеҳо дар пушти ин ёриҳо мақсади ниҳонро меҷӯянд. Посухи Шумо ба ин танқидҳо чӣ аст?

Изобел Коулман: "Агар аз номи ҳукумати Амрико ва махсусан USAID гап занам, бо боварии тамом гуфта метавонам, ки фаъолияти мо пурра шаффоф аст. Дар инҷо ягон мақсади ниҳоне нест. Мақсади ягонаи кумакҳои мо таъмини як низоми пурқуввати тандурустӣ, рушди иқтисод ва маориф мебошад. Илова ба ин, мо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ кор мекунем ва онҳоро дастгирӣ мекунем. Ҷомеаи шаҳрвандӣ як шарики муҳими ҳукумат аст. Дар айни замон бо чанд созмони иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунем. Яке аз онҳо “Авесто” аст. Созмон ҷиҳати таъмини табобат ва назорати 60 бемори гирифтори сил бо ҳукумати Тоҷикистон кор мекунад. Албатта, нигоҳбини шаст бемори гирифтори сил кори осон нест, барои ҳамин, бовар дорем, ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бори гарони ҳукуматро осон кунад. Мақсади асосии мо мусоидат ба амалӣ шудани орзуву омоли мардуми тоҷик аст, то инки дар Тоҷикистон як ҷомеаи солим, дар ҳоли рушд ва амн таъмин карда шавад."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Коулман: Ёрии мо шаффоф аст, ҳадафи ниҳонӣ надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:57 0:00

Нигаронӣ аз фазои кори ҷомеаи шаҳрвандӣ

Радиои Озодӣ: Ба гузориши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳо дар Тоҷикистон бисёр маҳдуд шудааст. Нисбат ба созмон ва кишварҳои ғарбӣ, ки ба ҳукумати Тоҷикистон кумак мекунанд, ин танқид зиёд садо медиҳад, ки чаро дар ивази ёриҳо риояи ҳуқуқи инсонро талаб намекунанд? USAID ва дигар созмонҳои кумакрасони ғарбӣ дар вақти ирсоли ёриҳо ин масоилро дар миён мегузоранд?

Изобел Коулман: "Ҳукумати Амрико ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон эътибори бисёр ҷиддӣ медиҳад. Мо масъалаи мазкурро бо шарикони худ дар ҳама вақту замон ва дар ҳама кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мебардорем. Бо муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрдам ва дар ин мулоқот нигарониҳои худро вобаста ба онки имрӯз муҳит барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои иҷтимоӣ торафт танг шуда истодааст, гуфтам. Инчунин, ибрози нигаронӣ кардам, ки қонуни нави вобаста ба кори созмонҳои иҷтимоӣ метавонад, фаъолияти онҳоро боз ҳам маҳдуд кунад. Онҳо барои таъмини шаффофият дар ҷомеа нақши муҳим доранд. Бовар дорем, дар ҳама ҷомеаҳо ҳатман барои фаъолияти ташкилоти иҷтимоӣ як муҳити мусоид фароҳам оварда шавад. Риояи ҳуқуқи инсон, қонунҳои байнулмилалӣ ва озодиҳои бунёдии одамон барои мо принсипи муҳим мемонад."

"Қарзҳои хориҷӣ бояд шаффоф бошад"

Радиои Озодӣ: Хонум Изобел Коулман ҳамчун муовини мудири USAID ба кори ин Оҷонс оид ба муқобила бо нуфузи Чин ва Русия роҳбарӣ мекунед. Осиёи Марказӣ қариб дусад сол аст, зери нуфузи Русия аст. Солҳои ахир коршиносони ғарбӣ ҳамчунин аз нуфузи густурдаи Чин дар минтақа нигарон ҳастанд. Нуфузи Чинро дар минтақаи Осиёи Марказӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Шри-Ланка ба сабаби сарбории зиёди қарз муфлис шуд. Бештари қарзҳояш аз Чин буд. Мо бояд аз чунин ҳолат пешгирӣ кунем.

Изобел Коулман: "Чин ва Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсояи наздик ҳастанд ва боис ба тааҷҷуб нест, ки давоми садсолаҳо ба ин кишварҳо таъсир доранд. Ҳардуи кишвар бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ додугирифти зиёди тиҷоратӣ доранд. Муносибатҳои ҳамсоядорӣ низ ҳаст. Мо бовар дорем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳуқуқ доранд, қарорҳои худро ба таври озодона бароранд. Метавонанд, интихоб кунанд, бо кӣ муносибатҳои тиҷоратӣ дошта бошанд; сиёсати хориҷии худро мувофиқи салоҳдид пеш баранд. Имрӯз бештари кишварҳои минтақа сиёсати хориҷии гуногунсамтро пеш мебаранд ва мо, албатта, эҳтиром мекунем. Мо сарҳадҳо ва истиқлоли кишварро дар сатҳи баланд эҳтиром мекунем ва аз ҷониби дигар принсипҳои шаффофият ва гузоришдиҳиро пайгирӣ мекунем. Пеш аз сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Украина будам. Гуфта метавонам, ки Русия сарҳадҳои байнулмилалӣ ва озодии кишварҳоро эҳтиром намекунад. Русия ҳудуди кишварҳои ҳамсояи худро ғасб кардааст. Пеш аз ин ба Гурҷистон ҳуҷум карда буд ва соли 2014 як қисми Украинаро азхуд кард. Имсол ҳуҷуми худро алайҳи Украина давом дод. Ин кор ҳамсоядории нек ба ҳисоб намеравад. Имрӯз Русия иншооти мулкии Украинаро хароб мекунад ва ин кори хуб нест. Умед дорем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлол ва озодии худро нигоҳ медоранд ва, албатта, ояндаи худро зери назорати худашон нигоҳ хоҳанд дошт."

Радиои Озодӣ: Оё фикр мекунед ба истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ ҷой дорад?

Изобел Коулман
Изобел Коулман

Изобел Коулман: "Бовар дорам, ин хел нест. Шунидам, ки Русия нисбат ба баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдидҳое кардааст. Аз ҷониби дигар, бовар ба он дорам, ки кишварҳои минтақа озод ва мустақил ҳастанд ва истиқлоли худро метавонанд нигоҳ доранд. Мо имрӯз тарафдори ҳамгироии минтақаӣ ҳастем, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи минтақа ба таври динамикӣ пеш рафта истодааст ва умедвор ҳастем, ки кишварҳо метавонанд рушду нумӯи худро таъмин кунанд."

Радиои Озодӣ: Пеш аз ин дар бораи нуфузи Чин болои кишварҳои Осиёи Марказӣ пурсидем. Чин давоми 20 соли охир ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон миллиардҳо доллар сармоягузорӣ кардааст. Дар иваз мо сармоягузории чашмраси кишварҳои ғарбиро надидем. Дар чунин шароит чӣ гуна кишварҳои Осиёи Марказӣ зери нуфузи Чин нараванд?

Изобел Коулман: "Сармоягузориҳо аз ин ё он кишвар ягон бадӣ надорад. Албатта, пеш аз татбиқи чунин сармоягузориҳо бояд шаффофиятро таъмин кунем ва бидонем, ки сармояҳо барои чӣ равона мешаванд ва шарту шароити онҳо аз чӣ иборат аст. Ҷумҳуриҳое ҳастанд, ки аз кишварҳои дигар қарзи зиёд гирифтаанд. Бештари ин қарзҳо аз Чин омадааст ва имрӯз барои бозгардондани қарзҳо мушкилоти зиёде пеш омада. Муҳим ин аст, ки дар ин кишварҳо мардум намедонистанд, қарзҳо кай ва бо кадом шарту шароит гирифта шудаанд. Яке аз чунин кишварҳо Шри-Ланка аст, ки аз сабаби чунин сарбории зиёди қарзҳо муфлис шуд. Албатта, бештари қарзҳои Шри-Ланка аз Чин буд. Мо бояд аз чунин ҳолатҳо пешгирӣ кунем. Аз ҷониби дигар худи сармоягузорӣ ва савдо натиҷаи мусбат медиҳад. Аз ҳама муҳимаш дар инҷо бояд ба шаффофият эътибор диҳем ва мардум бояд донад, ки ин қарзҳо бо кадом мақсад гирифта мешаванд. Нуктаи муҳими дигар, ки ба он бояд эътибор диҳем он аст, ки муносибатҳо бояд ҳасана ва барои ҳарду ҷониб мувофиқи мақсад ва фоидаовар бошанд. Як нуктаи дигарро мехостам бигӯям, ки чӣ қадаре ки муҳити сармоягузорӣ шаффоф, волоияти қонун таъмин ва низоми андозбандӣ шаффоф бошад, ҳамон қадар метавонад, ба ворид шудани сармоя ба кишвар мусоидат кунад."

“Ҳамкориро бо Тоҷикистон бас карданӣ нестем”

Радиои Озодӣ: Дурнамои кори USAID-ро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?

Изобел Коулман: "Чӣ хеле дар аввал зикр кардед, USAID ба Тоҷикистон миллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст ва, албатта, нияти бас кардани кумакҳоро надорем. Дар доираи сафар бо зане вохӯрдам, ки бо дастгирии USAID таҷҳизоте барои тоза кардани пистаи хандон харидааст ва дар натиҷа тавонист, даромади худро 5 маротиба зиёд кунад. Як комбинати истеҳсоли маҳсулоти шириро дидам, ки соҳибаш пештар ба истеҳсоли яхмос машғул буд. Ҳоло бо кумаки USAID тавонист, фаъолияти худро бо истеҳсоли панир васеъ намояд ва даромади худро 2 маротиба зиёд кунад. Бо деҳқоне вохӯрдем, ки бо мадади USAID навъи нави қулфинайро парвариш мекунад. Тамоми ин лоиҳаҳо имконият медиҳанд, ки баҳраварон бештар даромад ба даст оранд, фаъолияти худро васеъ намоянд ва аз ҳама муҳим технологияву таҷҳизоти нав ворид намуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон саҳми худро гузоранд. Барои ҳамин, ният дорем, ҳамкориҳоро байни USAID ва Тоҷикистон дар солҳои минбаъда низ давом диҳем."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG