Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик: "Паршикаста" ё "зебову доно"?


Абдуллоҳи Раҳнамо, пажӯҳишгар

Оё дар ҳақиқат зани тоҷик “паршикаста”-ву “мушти пар” аст? Оё ҳанӯз “Фариштамоҳи зебову доно” низ дорем? Чӣ гуна маърифати зани тоҷик бар зулму ҷаҳолат пирӯз гашт? Муаммои “макри зан” ба чӣ маъност ва кӣ сазовори ҳамсарӣ бо зани тоҷик аст? Чаро агар ҷавонони тоҷик бесавод монанд, аз зан маҳрум мешаванд?

Агар адабиёти расмию хаттии моро шоирону нависандагон офарида бошанд, адабиёти шифоҳӣ аз муҳити худи мардум ва аз матни зиндагии воқеии халқ берун омадааст. Аз ин рӯ, агар дар адабиёти хаттиву расмӣ қаҳрамону чеҳраҳо то ҷое суфтаву умумиву идеалӣ шуда бошанд, дар адабиёти мардумӣ онҳо ҳолати табии худро бештар нигоҳ доштаанд. Илова бар ин, агар адабиёти расмию хаттӣ ва раванди қаҳрамонофариниҳои он гоҳе зери таъсири меъёру таълимот ва андешаву мулоҳизаҳои урфию динию сиёсию идеологӣ қарор гирад, адабиёти мардумӣ дар аксар маврид аз чунин таъсирҳо озод монда, асолати худро ҳифз мекунад.

Ин аст, ки адабиёти мардумӣ ба худи мардум, зиндагӣ, арзишҳо, тасаввур ва орзуву омоли онҳо наздиктар мебошад. Ва ин аст, ки баррасии симо ва ҷойгоҳи зан дар андеша ва фарҳанги тоҷиконро бояд аввал аз фарҳангу адабиёти мардумии тоҷик оғоз кард…

Албатта, дар осори насриву назмии мардумии тоҷикон тасвирҳои манфии занон низ ҷой доранд, ки гоҳе дар симои кампири золу аҷузаи ҷоду, гоҳо дар симои зани маккору ҳиллагар ва гоҳе дар сурати зани оҷизаву муштипар зуҳур мекунанд. Аммо тамоми тасвиру тасаввур аз зан дар фарҳангу адабиёти мардумии мо ин нест, балки дар он симоҳои бисёр намодину баланду рӯшане аз занон низ омадааст, ки ҳатто боварнакарданист.

Маҳз бозхонии ин қаҳрамону чеҳраву образҳо метавонад моро ба шинохти симои ҳақиқии зани тоҷик дар фарҳанги мардумии мо бирасонад. Ба ибораи дигар, маҳз ҷомеашиносии дурусти адабиёти мардумӣ метавонад дарунмояи андешаи мардумро беҳтар рӯшан намояд.

***

Чун домани ин мавзуъ фарох аст, баррасии онро аз ёдоварии як ё ду чеҳари рамзӣ аз як китоби миллию мардумии худ, яъне «Афсонаҳои халқи тоҷик» оғоз мекунем. Китобе, ки барои ҳар яки мо басе азизу ошност ва ҳар қаҳрамони он тамоми умр бо мост.

Аз диди назарияи устурашиносӣ ва ҳикмати масал, ҳар қиссаву афсонаву ривоят арзиш ё паёмеро ифода мекунад, ки онро бояд дарёфт. Ҷомеашиносии муосири жанри афсона низ таъкид дорад, ки образу қаҳрамонони ҳар афсона метавонанд падидаву намунаҳое аз ҳаёти воқеии инсонҳоро ифода намоянд. Пас, агар аз ин назар, ҳатто ба афсонаи соддатарину машҳуртарини тоҷикӣ – «Бузаки ҷингилапо» нигарем, метавон гуфт, ки дар меҳвари он симои як модари зебову меҳрубону ғамхор ва дар айни замон масъулу ҷонфидо истодааст. Модари зебопарасту ҷингиламӯе, ки «дар гӯшакаш гул» дорад, аммо дар лаҳзаи таҳдид чун шери жаён омодааст, барои фарзандонаш бо ҳамаи мушкилу хатарҳо ҷасурона рӯбарӯ шавад…

Ва аз диди ҳикмати масал, сагу шағолу хирсу гурги даранда, ки модар дар набарди худ бо онҳо рӯбарӯ мешавад, ҳамон инсонҳои бад ё мушкилоти азиму бераҳмонаест, ки сари роҳи модари танҳо қарор доранд. Ва хушбахтона, ин модар бар тамоми ин мушкилот пирӯз меояд ва фарзандони азизашро наҷот медиҳад…

Албатта, гоҳе масалҳои Криловро чунин баррасӣ менамоему дар қаҳрамонони онҳо паёму арзишҳоеро ҷӯё мешавем. Аз ин назар афсонаву масалҳои мардумии мо низ саршор аз паёму арзишҳои баланду омӯзандаанд…

***

Аммо агар ба баррасии чеҳраву қаҳрамонҳои инсонию занонаи ин китоб гузарем, хоҳем дид, ки зани тоҷик дар онҳо танҳо маъшуқи дилбар ва ё оҷизу мушти пар нест. Балки, бар хилофи пиндорҳои мавҷудаи мардсолорона, хоҳем дид, ки як силсила қиссаву афсонаҳои халқи тоҷик маҳз аз сарнавишту корномаи занону духтарони доно, ҷасур, ҳунарманд, пок, босавод, бовафо, бохирад ва некӯ ривоят мекунад. Хоса қиссаҳое чун «Духтари доно», «Духтари ҷасур», «Подшоҳ ва духтари оҳангар», «Водареғ», «Тоҳир ва Зуҳро», «Баҳодур ва Зарина», «Фарҳоду Ширин», «Робияи чилгазамӯй», «Меҳрбону», «Духтари чӯпон ва подшоҳ» ва ғайра, ки дар асл достони зиндагӣ ва муборизаву қаҳрамониву кордонии чунин занону духтаронанд. Занону духтароне бо болотарин сифатҳои малакиву башарӣ…

Аз ин миён, шояд ошнотарину рӯшантарин симои зани тоҷик дар ин китоб дар қиссаи машҳури «Фариштамоҳи зебову доно» тасвир шуда бошад. Қиссаву сатҳу ҷойгоҳи ин духти париваш пеши ҳамагон рӯшан аст, аммо Фариштамоҳ чанд сифате дорад, ки симои як бонуи тоҷик ва тасаввури мардумии мо аз як зани шоиставу боистаро бисёр барҷаста ифода мекунад:

  • Аввалан, ӯ ҳусну ҷамоли бемисол дорад.
  • Дуввум, соҳиби ҷасорату матонати хос аст.
  • Севум, соҳиби қудрату ҳокими мамлакат аст.
  • Ва чорум, соҳиби саводу маърифат.

Чун занони соҳиби ду сифати аввал дар осори адабии мо кам нестанд, зарур аст, ки рӯи ду сифати охири Фариштамоҳ таваҷҷуҳ шавад. Яъне духтаре дар авҷи қудрат ва камоли маърифат.

Худи шоҳ ё маликаи ҳукмфармои мамлакат будани зани тоҷик дар ин асари мардумӣ тамоми тасаввуру боварҳо дар бораи заифу мазлуму беҳуқуқ пиндоштани зан ё «мушти пар» будани ӯро мешиканад. Аммо саводу маърифати баланди Фариштамоҳ масъалаи басе хосатар аз ҳукумату қудрати ӯст. Нуктаи муҳимми ин қисса дар он аст, ки барои расидан ба висоли Фариштамоҳи зеборӯй ё барои сазовори ҳамсарии ӯ гаштан, шарти асосӣ маҳз саводу дониш ва ақлу мантиқи расои ҷавонони довталаб мебошад. Яъне, Фариштамоҳ на ҷавони аз ҳама зеботару қавитару далертар ё на ҷавони аз ҳама сарватмандтар, балки ҷавони аз ҳама босаводу бофарҳангро барои ҳамсарии худ интихоб мекунад. Ҷавонеро, ки соҳиби ақлу илму маърифат бошад, ба саволҳои мантиқию ақлонии ӯ ҷавоб гӯяд…

Ин аст интихоби зани тоҷик…

Ин ҳолати хеле ҷолиб аст, ки мард барои сазовори ҳамсарии ин зани тоҷик шудан бояд, пеш аз ҳама савод омӯзад, ақли расо дошта бошад, дар «маркази тестӣ»-и ӯ номнавис кунад, аз имтиҳони илмию маърифатии ӯ гузарад. Танҳо дар ин ҳолат метавонад ҳамсари Фариштамоҳи оқилу доно шавад. Ин аст сатҳи зани тоҷик, ҷойгоҳи зани тоҷик, ҷойгоҳи бонуи оқилаи тоҷик!

Дар ҳоле ки имрӯз мо аз падидаҳои асафборе чун никоҳи маҷбуриву хушунати оилавӣ суҳбат мекунем, фарҳанги мардумии мо ба мавзӯи интихоби ҳамсар аз сӯи духтарон чунин назари баланд дорад. Ҳамин шарти нодир, яъне танҳо дар натиҷаи ақлу саводу фарҳангу маърифати баланд сазовори ҳамсарии духтарони тоҷик шудан дар қиссаҳои дигари ин асари миллӣ низ борҳо такрор шудааст. Ва ин таъкиду такрор на танҳо ба як ормони занони тоҷик, балки ба мавҷудияти як суннат ва анъанаи хосаи интихоби ҳамсар миёни занони хушнасабу ашрофии мо низ ишорат дорад.

Масалан, дар қиссаи мардумии «Подшоҳ ва духтари оҳангар» низ ҳар марди довталабе, ки ба саволҳои духтари донишманд - Маликаподшоҳ посух дода тавонад, ҳамсари ӯ мешавад ва агар натавонад, ғуломи ӯ гашта, дар дарбор хидмат мекунад. Дар ин қиссаи пуршукӯҳу пурҳикмат низ бояд ба чанд нуктаи ибратомӯз таваҷҷуҳ шавад:

  • ЯКУМ, ин ҷо низ шарти ҳамсарӣ бо бонуи донишманди тоҷик - Маликаподшоҳ танҳо ақлу донишу ҷасорати ҷавонони довталаб аст, ки пештар зикр шуд.
  • ДУЮМ, дар ин қисса сухан аз садҳо ҷавоне меравад, ки аз имтиҳони Маликаподшоҳ нагузаштаву дар баробари ақлу дониши ӯ оҷиз мондаву ғуломии даргоҳи ӯро пазируфтаанд. Ин саҳнаи бисёр ҷолиб аст, ки садҳо марди камсаводро ғуломи як зани босаводу бомаърифат қарор медиҳад. Ва дар хидмати ин бону…
  • СЕЮМ, тибқи мазмуни достон, миёни ғуломони дарбори ин духтари оқилу донои тоҷик, аз ҷумла шоҳону шоҳзодагони мамлакатҳои гуногун низ ҳастанд, ки аз имтиҳони ӯ нагузаштаву бандагии ӯро пазируфтаанд. Яъне овозаву арзиши ҳусну маърифати ӯ ба сатҳи минтақавию байнулмилалӣ баромадааст, ки ҳатто шоҳони кишварҳо ғуломи донишу тадбири ӯ шуданд. Инак туро дипломатияи ҳусн!
  • ЧОРУМ, вақте ҳеч марде пайдо нашуд, ки ба саволҳои маликаи оқил ҷавоб ёбад, боз ҳам як духтари оҳангар, ки бо либоси мардона ба имтиҳон расида буд, ҷавоби тамоми саволҳои ӯро дод. Яъне, ҳеч марде ба сатҳи маърифати ин зан нарасид ва боз ҳам танҳо зан тавонист дар сатҳи зан бошад…

Аз диди устурашиносӣ, аз диди таъйиноти афсона ҳамчун жанри бадеӣ, ин нуктаҳо бисёр муҳим ва рамзӣ ҳастанд.

Ё достони «Духтари ҷасур» аз ҳамин китоб, ки он низ достони ҷасорату матонати як шоҳдухтари тоҷик аст, ки бо камоли ҷуръату ғайрат ҳамаи монеаҳоро гузашта, барои давои чашми падараш аз пушти ҳафт кӯҳ ва аз зери болини деви сиёҳ доруи чашм меорад ва падарро наҷот медиҳад. Духтаре нури чашми падар:

Басе духтар, ки соҳибтоҷ гардад,

Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад!

***

Ва чун сухан аз маърифати зани тоҷик аст, шоиста аст, ки ба мазмуну моҳияти шартҳову саволҳои озмунии ин занон дар ин достонҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳ шавад. Ба таври фишурда метавон гуфт, ки духтарони донишманди тоҷик дар ин қиссаҳо аз хостгорону талабгорони худ бештар масъалаҳои илмӣ, саволҳои фалсафӣ, ҳикматҳои ҳаётӣ, муаммоҳои мантиқӣ ва мавзуъҳои ахлоқию арзишӣ мепурсидаанд, ки ин воқеият хеле ҷолибу ҳайратангез аст.

Дар маҷмуъ, сатҳи ин саволу ҷавобҳои ин бонувон аз сатҳи умумии сужаи худи афсонаҳо бисёр болотар рафта, ба сатҳи мунозираҳои печидаи илмию фалсафию мантиқӣ мегузаранд. Ин нукта низ ба сатҳи баланди андеша, ҷаҳонбинӣ ва маърифати занони тоҷик дар достонҳои мардумӣ ишорат дорад.

***

Аммо агар аз афсонаҳои мардумӣ фаротар равем, дар насри ривоятии мо низ симои зани тоҷик бо тамоми латофату назокат ва бо тамоми азамату ҷасорати худ тасвир ёфтааст. Ин ҷо ҳам муҳим аст, ки мо онро дуруст хонем, дуруст бозхонӣ кунем, дуруст шиносем, дуруст муаррифӣ созем, дуруст истифода намоем… Осори арзишманде чун «Самаки айёр», «Ҳазору як шаб», «Ҷомеъу-л-ҳикоёт», «Бахтиёрнома», «Тӯтинома» ва ғайра саршор аз тасвиру корномаҳои чунин занонанд…

Ба таври мисол, агар аз асари бисёр машҳури «Ҳазору як шаб» гӯем, он дар асл достонест, ки дар меҳвари он симои як зани оқилу хирадманду соҳибмаърифати тоҷик қарор дорад. Сужаи умумии достон ин аст, ки шоҳи золиме ҳар шаб духтареро ба ҳузур мепазируфт ва чунин қонуне гузошта буд, ки он духтар пас аз як шаби хидмат ба шоҳ бояд кушта мешуд. Ба гунае, ки бомдодон сарашон бо теғи ҷаллод бурида мешуд. Ин худ саҳнаи даҳшатбори зулм, хоса зулм нисбати зан ва ҳуқуқи инсонии он буд.

Аммо чун навбат ба духтари оқилу донишманде бо номи Шаҳризод расид, тамоми қиссаву достон дигар шуд. Ӯ аз нахустин шаб барои шоҳи золим он қадар қиссаву ривояту ҳикояту саргузаштҳои ҷолибу пурҳикмате нақл кард, ки ҳар шаб то бомдод тӯл меёфт ва подшоҳ мафтуни он масалу қиссаҳо шуда, фармон медод, ки ин канизро накушанд, то шаби дигар идомаи ин қиссаи ширину ҷолибро барояш бигӯяд. Ҳамин тавр, қиссаҳои ӯ ҳазору як шаб тӯл ёфтанд ва шоҳ низ мафтуни онҳо гашту натавонист, ки ин духтари оқилаи тоҷикро ба қатл расонад.

Аз ин достон барои мавзӯи мо, ки ҷойгоҳу маърифтаи зани тоҷик аст, чанд нуктаву ҳикмат муҳимм мебошад:

  • ЯКУМ, мафҳуми «ҳазору як шаб» дар забони мо метавонад ба ду маъно ояд. Аввал, яъне адади «1001» ё як ҳазору як шаб, ки аз назари тӯли замонӣ ҷамъи он ҳудуди 3 солро ташкил мекунад! Пас, агар рақами 1001-ро ба ин маъно гирем, ин зани тоҷик ба подшоҳ ҳудуди се сол то саҳар қиссаву достонҳои ривоиву таърихию тахайюлӣ гуфтааст.
  • Аммо дар матнҳои бадеии тоҷикӣ мафҳуми «ҳазору як» маъмулан ба маънои ададӣ нест, балки ба маънои ҳудудӣ ё беҳудудист. Ҳазору як, яъне, бисёр зиёд ва бешумор ва беохир: мисли ибораҳои «ҳазору як ҳилла», «ҳазору як мушкил», «ҳазору як намуд» ва ғ. Ва дар достони «Ҳазору як шаб» низ мафҳуми «1001» маҳз ба ҳамин маънои беинтиҳоист…
  • ДУВВУМ, пас як зане, ки ба андозаи ҳазору як шаб ё то беинтиҳо таъриху ривоят гӯяд, ба тӯли ҳазору як шаб қиссаву афсонаву ҳикоят донад, ба дарозои ҳазору як шаб шеъру масалу ҳикмату достон хонад, бегумон як дарё, як қомус, як донишгоҳ, як энсиклопедияи зинда ё як китобхонаи азим аст…
  • СЕЮМ, аммо нуктаи муҳимтарини достони «Ҳазору як шаб» пирӯзии тадбиру донишу маърифату як зан бар қудрату ҷаҳолат аст, пирузии ақлу саводу маърифати зани тоҷик бар ҷаҳлу зулми шоҳи золим аст. Умуман, ин достон достони пирӯзии хирад бар ҷаҳолат аст!

Паёми Шаҳризода ба тамоми занони тоҷик ин аст, ки танҳо савод, танҳо маърифат, танҳо фарҳангу зарфияти баланд метавонад Шуморо наҷот диҳад, аз банди ҳама гуна беҳуқуқии иҷтимоию муҳитӣ раҳо созад, ба он ҷойгоҳи шоистаи худ бозгардонад…

***

Ва дар ниҳоят, яке аз боварҳо ё гумонаҳои машҳур дар бораи занон, ки дар фарҳангу насри ривоии тоҷик решаи пешина дорад, қазияи «макри зан» аст: чунин пиндори устувор, ки зан вуҷуди бисёр маккор ва ҳиллагар ва фиребанда мебошад ва аз он бояд эҳтиёт буд. Дар ин боб миёни мардум масалҳое чун «Макри зан - ҷуволи арзан» низ машҳуранд, ки то ҳанӯз ҳар гоҳ истифода мешаванд. Ё байте чун:

Дарахти макри зан сад реша дорад,

Фалак аз макри зан андеша дорад ва ғ.

Бештар аз ин, дар насри ривоию китобии мо чанд асаре бо номҳои «Макру-н-нисо», «Ҳиялу-н-нисо» ё дар жанри «макри зан» низ дастрасанд… Масалан, китоби «Синдбоднома», ки бо номи «Макру-н-нисо» низ маъруф аст, силсилаи достонҳои «макри зан»-ро дар бар мегирад…

Аммо бозхонии дурусти чунин осор нишон медиҳад, ки асли қазияи «макри зан» дар насри ривоятии тоҷик нисбат ба фаҳмиши имрӯзаву омиёнаи ин масъала тафовути зиёд дорад. Дар ин бобат бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ шавад:

АВВАЛАН, калимаи арабии «макр» дар асл на ба маънои манфии «макру ҳилла» ё домҳои шайтонӣ, балки ба маънои тадбир ва роҳи ҳал меояд. Макр кардан ба маънои тадбир ҷустан ва бо истифода аз нерӯи ақл пайдо кардани ҳалли мушкил мебошад. Муҳимтарин далели маҳз ба ин маъно омадани калимаи «макр» ба ин сифат, яъне маккор ё макркунанда васф шудани худи Худованд аст. Ба ин маънӣ дар сураи «Оли Имрон» ояти рӯшане омадааст, ки «Валлоҳу хайрул мокирин», яъне Худованд беҳтарини маккорон аст, ба ин маъно, ки Ӯ беҳтарини чорасозону тадбиргарон мебошад. Пас макр ҳамеша ба маънои манфии ҳиллагариву фиребу шайтонӣ нест…

Аз ин рӯ, макри зан ва «макру-н-нисо» низ ба маънои ҳиллаву фиребу шайтанати зан набуда, тадбиргарии зан, ақли қавии ӯ ва маҳорати ӯ дар ёфтани роҳи ҳалли мушкилоту муаммоҳоро ифода мекунад. Ва зиндагӣ низ нишон додааст, ки занон дар баъзе мавридҳо ҳисси бартар ва ҳуши тезтар ва ақли зарифтар доранд. Мардон шефтаи ҳуқуқу қудрати худ шуда, гоҳо ақлу тадбироро дар мадди аввал намегузоранд. Аммо барои занон макру ақлу тадбир силоҳу воситаи аввал аст…

ДУВВУМ, дар достонҳои «макри зан», ки дар адабиёти миллии худ дорем, ин мафҳум ҳамеша ба маънои манфӣ корбурд нашудааст. Масалан, агар дар «Синбоднома» макри зан асосан ба маънои манфию таҳқирии он корбурд ёфта бошад, дар достони ривоии «Самаки айёр» макри зан бештар ба маънои донишу тадбири занон аст. Дар «Ҳазору як шаб», «Ҷомеъу-л-ҳикоёт», «Тӯтинома» ва ғайра низ достонҳои «макри зан» аксар чун достони тадбиру зиракиву чораҷӯиҳои занон ва бо истифода аз нерӯи ақл дарёфт намудани роҳи ҳал аз сӯи онҳост.

Дар ин мавзӯъ шоиста мебуд, ки ба нақшу пойгоҳу ҷойгоҳи зан дар румони мардумии «Самаки айёр» ба таври ҷудогона ишора шавад. Зеро, аввалан, худи «Самаки айёр» достони ишқиву ҳамосиест, ки қаҳрамонони асосии он чун Хуршедшоҳу Фаррухрӯз маҳз дар роҳи зан ин ҳама корнамоӣ нишон додаанд. Сониян, ин шоҳкори беназири адабиву ҳунарии мардуми мо дар асл қомусе аз корномаву қаҳрамониҳои занон низ ҳаст. Ва чун бо тафовут аз «Калила ва Димна», «Юсуф ва Зулайхо», «Синдбоднома» ва ғайра достони «Самаки айёр» асари комилан тоҷикӣ буда, аз сӯи муаллифони форсу тоҷик чун Фаромарз ибни Худодод таълиф шудааст, занони қаҳрамони ин достонро занони тоҷик донистан аз ҳар назар дуруст аст.

Ва ҷои тааҷҷуб аст, ки дар ин достони қаҳрамонӣ, ки ба асрҳои миёна (ҳудудан асри ХIII) тааллуқ дорад, зани тоҷик ҳаргиз маккору ҳиллагар ё оҷизаву паршикаста нест, балки ӯ дар саҳнаҳои ин асар ҳамчун малика, шоҳдухт, роҳбар, мушовири доно, сарлашкар, ҷанговар, айёр, сарватманд, тадбиргар, ёри бовафо, рафиқи сафар, далер, паҳлавон, соҳиби касбу ҳунар ва ғайра зоҳир мешавад.

Қаҳрамононе чун Рӯзафзун, Обондухт, Сурхвард, Сомона, Рӯҳафзо ва ғайра ҳар яке занони тавонманду намуна мебошанд, ки тасаввури хонандаро дар боби симои суннатии зани тоҷик комилан дигар мекунад. Хоса симои занони ҷанговару қаҳрамон ва занони «айёр», ки дар саросари китоб фаъоланд, манзарае аз қудрату матонату тавоноии ҷисмиву ақлии занони тоҷикро пеши назар эҳё менамоянд.

Дар шарҳи ин қазия бояд гуфт, ки аксар муҳаққиқону муфассирони достонҳои насри ривоии мо сабаби фарқияти азими ин ду достон, яъне сабаби назари манфию таҳқирии «Синдбоднома» («Макру-н-нисо») ва назари мусбату ҳамосии «Самаки айёр» ба нақшу ҷойгоҳи занро дар решаи ҳиндӣ доштани аввалӣ ва достони асили эронӣ будани дуввумӣ донистаанд. Ба ин маъно, метавон гуфт, ки назарҳои манфию таҳқирӣ ба занон хоси фарҳанги ориёиву тоҷикӣ набуда, дар тӯли омезишҳои таърихиву фарҳангӣ бештар аз адабиёту фарҳангҳои ҳиндиву туркию арабӣ ба фарҳанги мо кӯчидааст.

Ин аст, ки бардоштҳои манфии омиёна аз мафҳуми «макри зан» ба асли ин мавзӯъ ва моҳияти ин мафҳум дар фарҳанги асили мардумии мо мутобиқат надоранд. Балки, бар хилофи ин пиндор, фарҳанги мардумӣ ва адабиёти ривоии тоҷик саршор аз симои занони зебову ҳушманду тавоно ва саршор аз эътирофи ақлу заковату қудрату чорагарии зани тоҷик аст. Симоҳои намодину мондагоре, ки ҳар яке метавонад намунаи барҷастае барои муаррифии нигоҳи асили тоҷикӣ ба зан ва муаррифии зарфият ва симои воқеии занони тоҷик бошад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG