Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бензин нест, дӯконҳо баста." Зиндагӣ дар наздикии марз бо Қирғизистон. ВИДЕО


"Бензин нест, дӯконҳо баста." Зиндагӣ дар марз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:33 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Деҳаи Хоҷаи Аъло, дар 150-километрии маркази вилояти Суғд, то муноқишаи мусаллаҳонаи соли 2021 бо Қирғизистон яке аз минтақаҳои асосии фурӯши сӯзишворӣ бо нархи арзон буд. Дар ин деҳаи кӯчаки Исфара чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ амал мекард. Ҳоло танҳо тоблуҳояш мондааст.

"Дар Воруху Чоркӯҳ ҳаст, аммо кам"

Сокинон мегӯянд, бо нархи гарон ҳам бензин ёфт намешавад. Саид Ҳайдаров, сокини Хоҷаи Аъло, гуфт, “ба 35 километр рафта, аз маркази шаҳр сӯзишворӣ гирифта меорем. Аз мо даҳ километр дуртар дар ҷамоати Ворух ҳаст ва дар ҷамоати Чоркӯҳ низ, вале ба миқдори кам.”

Панҷ шаҳру ноҳияи вилояти Суғд қариб 500 километр бо Қирғизистон сарҳад доранд ва чандин роҳҳои муштарак онҳоро ба ҳам мепайвандад. То баста шудани марзҳо ронандагони Тоҷикистон бемонеа аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷониби Қирғизистон, бензину солярка мехариданд.

Яке аз чунин минтақаҳои серхаридор марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак буд. Дар ин минтақа, ки асосан сокинони ҷамоати Хистеварз зиндагӣ мекунанд, ба гуфтаи тоҷирон, тақрибан додугирифт аз байн рафтааст.

Кенҷабой Ҷӯраев, тоҷири тоҷик, мегӯяд, “дӯконҳо ба сабаби ҳамин ҳодисаҳо бастаанд. Чанд тоҷир магазинҳоро баста рафтанд. Фақат як дӯкони мо кушодааст. Нуқтаи фурӯши сӯзишвориро нав сохта будем, истодаст”.

Ҳоло сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон талаб доранд, ки ба онҳо мисли пештара маводи сӯхт бояд дастрас карда шавад. Худойназар Маликов, сокини Хоҷаи Аъло, гуфт: “Ба андешаи ман, ҳоло беҳбудӣ шуда истодааст. Умед дорем, ки боз бо нархи арзонтар дастрас шавад.”

Ҳамсояҳои дур аз ҳам

Масъулони Идораи гумрук дар вилояти Суғд мегӯянд, назар ба солҳои пешина сӯзишворӣ ба ҳудуди вилоят бештар ворид гардидааст. Ба гуфтаи онҳо, агар дар соли 2021 қариб 19 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба ҳудуди вилоят ворид шуда буд, ин рақам дар соли 2022 тақрибан ба 21 ҳазор тонна расидааст.

Ҳамсоягии наздик, роҳҳои муштарак ва рафту омади бемонеа байни Тоҷикистону Қирғизистон то соли 2020 аз нигоҳи иқтисодӣ сатҳи зиндагии сокинони наздимарзиро боло бурда буд. Тақрибан ҳар як оила дар ин минтақа бо тиҷорате машғул буданд ва барои пур кардани холигие дар ҳаёту рӯзгордорӣ байни ҳамсоягон хидмат мекарданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи таҳлилҳои оморӣ мегӯянд, дар чор соли охир додугирифти ду ҷониб даҳҳо маротиба коҳиш ёфта ва нуқтаҳои фурӯши наздисарҳадӣ қариб, ки аз фаъолият мондаанд. Тоҷикистон бо Қирғизистон панҷ гузаргоҳи гумрукӣ дорад, ки қариб ду соли охир бастаанд.

Ду кишвар ҳудуди ҳазор километр марз доранд ва ба гуфтаи тарафҳо, то ҳол зиёда аз 650 километр ё ҳафтод дарсади он муайян шудааст. Бахши дигари сарҳад ҳанӯз маълум нест. Номуайянӣ ва даъвоҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар сари замину обу чарогоҳ ҳар чанд вақт дар рустоҳои наздимарзӣ боис ба даргирӣ мешавад. Бар асари муноқишаҳо то кунун аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG