Ин матлабро Трамп рӯзи 29 декабр дар дидор бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар Флорида иброз дошт.
Президенти Амрико дар посух ба пурсише дар бораи вокуниш ба барномаи мушакии баллистикӣ ва ҳастаии Эрон гуфт, "барои мушакҳои баллистикӣ, бале, барои ҳастаӣ, зуд".
Ӯ бо ишора ба равобиташ бо Нетаняҳу гуфт, "мо ҳамин ҳоло бо ҳам як ҷанги калонро бурдем, агар Эронро шикаст надода будем, шумо дар Ховари Миёни сулҳ надоштед".
Трамп афзуд, ҳамоно барои музокира дар бораи як "тавофуқ" бо Эрон омода аст ва онро "хеле оқилонатар" хонд.
Расонаҳои байналмилалӣ дар ҳафтаҳои ахир гузориш дода буданд, ки мақомҳои Исроил бар ин боваранд, ки Эрон дар ҳоли афзоиши тавлиди мушакҳои баллистикӣ ва бозсозии системаи ҳавоии худ аст ва ҳамин масъала нигаронии фаврии ин кишварро барангехтааст.
Расонаҳои исроилӣ дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳои зиёде дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав ба Эрон матраҳ кардаанд ва дар муқобил, мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ гуфтанд, ки тавони низомии Эрон пас аз ҷанги 12-рӯза бештар шуда ва таҳдидҳои Исроил "намоишӣ" аст.
Бенямин Нетаняҳу чанд рӯз пеш гуфта буд, ки Исроил аз ин мавзӯъ огоҳ аст, ки Эрон ахиран дар ҳоли анҷоми "размоишҳои низомӣ" будааст ва афзуд, ки фаъолиятҳои ҳастаии Теҳронро бо раисҷумҳури Амрико дар миён хоҳад гузошт.
Ӯ таъкид кард, ки "мехоҳам барои Эрон ин мавзӯъро рӯшан кунам, ҳар иқдоме алайҳи Исроил бо посухе бисёр сахт рӯбарӯ хоҳад шуд".
Мақомҳои Эрон борҳо гуфтаанд, ки ҳозир ба ақибнишинӣ аз ғанисозии ураниюм нестанд. Амрико дархост дорад, ки барои даст ёфтан ба ҳар тавофуқе, Эрон бояд аз ғанисозии ураниюм даст бикашад.
Алӣ Шамхонӣ, мушовири раҳбарии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме дар шабакаи Х гуфт, ки тавоноии мушакӣ ва дифоии Эрон "қобили пешгирӣ ё вобаста ба иҷозаи касе нест".
Ӯ афзуд, "ҳар гуна таҷовуз бо посухи фаврӣ ва сахте рӯбарӯ хоҳад шуд, ки фаротар аз тасаввури тарроҳони он аст".
Исроил дар моҳи июни имсол ба муддати 12 рӯз бо Эрон вориди ҷанг шуд ва ҳамроҳ бо Амрико таъсисоти ҳастаии Натанз, Форду ва Исфаҳонро бамборон кард.
Шуморе аз фармондеҳони баландпояи Эрон дар ин ҳамлаҳои кушта шуданд.
Ҳам Исроил ва ҳам Эрон иддао доранд, ки дар ин ҷанг пирӯз шуданд.
Гуфтугӯ