Вазорати дифои ҳукумати Толибон субҳи 22 феврал тасдиқ кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон шаби гузашта "чанд хонаи истиқоматӣ ва як мадрасаи динӣ"-ро дар вилоятҳои Пактико ва Нангарҳор ҳадаф қарор доданд.
Ин вазорат бо нашри эъомия дар сафҳаи Х-и худ иддао кардааст, ки дар ин ҳамлаҳо "даҳҳо ғайринизомӣ, аз ҷумла занон ва кӯдакон кушта ва захмӣ шуданд".
Вазорати дифои ҳукумати Толибон ин ҳамлаҳоро нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон ва нодида гирифтани қонунҳои байналмилалӣ хонда ва ҳушдор додааст, ки дар замони муносиб ба ин ҳамлаҳо "посухи лозим ва санҷида" хоҳад дод.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ҳам гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо даҳҳо кушта шуданд. Расонаҳои дохилии Афғонистон ба нақл аз манбаъҳои худ дар ҳукумати Толибон навиштанд, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилояти Нангарҳо дастикам 17 нафар кушта шуданд.
Вазорати иттилот ва нашароти Покистон эълон кард, ки ба ҳафт пойгоҳи Таҳрики Толибони Покистон ва гурӯҳҳои вобаста ба Шохаи Хуросон"-и ДОИШ дар минтақаҳои марзии Покистон ва Афғонистон, ҳамла кардааст.
Дар баёнияи ҷониби Покистон, ки рӯзномаи англисизабони "Dawn" нашр кард, омадааст, ки ин кишвар далоиле дар даст дорад, ки Таҳрики Толибони Покистон масъули ҳамлаҳои хунин дар Исломобод, Баҷоур ва Бану мебошад.
Дар чанд моҳи ахир дар чанд минтақаи Покистон ба низомиён ва ғайринизомиён ҳамлаҳо сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуданд. Покистон мегӯянд, ки ин ҳамлаҳоро ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон ва "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ анҷом додаанд.
Танишҳои бештар миёни Исломобод ва Кобул пас аз он боло гирифт, ки нерӯҳои Покистон 9-уми октябри соли гузашта бо ҳадафи нобуд кардани аъзои баландпояи Таҳрики Толибони Покистон ба Кобул ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд.
Нерӯҳои низомии ҳукумати Толибон ҳам он замон дар вокуниш ба ҳамлаи Покистон, ба чанд минтақаи ин кишвар ҳамла карданд. Дар натиҷаи ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ду тараф кушта шуданд.
Ҳукумати Покистон мегӯяд, мақомоти Толибон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд. Толибон ин иттиҳомро рад карда, гуфтаанд, аз TTP дар дохили Афғонистон ҳимоят намекунанд.
Гуфтугӯ