Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Тоҷикистон ташхисгоҳи тиббии муҳоҷиронро таъсис медиҳад

Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, рӯзи 17-уми март созишномаро дар бораи санҷиши тиббии муҳоҷирон бо Тоҷикистон тасвиб кард. Бар пояи он, акнун муҳоҷирони тоҷик метавонанд пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст.

Созишномаи ташхиси муҳоҷирон моҳи октябри соли гузашта дар Тоҷикистон имзо шуда, баъди тасвиб аз сӯи порлумонҳои ду кишвар иҷроӣ гардид. Ин санад "қоидаҳои муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин расондани хадамоти дигари тиббиро тибқи қонунгузории Русия ба танзим меорад".

Дар назар аст дар як ё чанд дармонгоҳи шаҳри Душанбе нуқтаҳои муоинаи тиббӣ боз шаванд, ки ба ташхиси муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафари онҳо ба Русия машғул хоҳанд шуд.

Хидмати ин ташхисгоҳҳо пулакӣ аст ва ба гуфтаи Саломиддин Юсуфӣ, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, 240 сомонӣ ё 25 доллар арзиш дорад.

Бино бар созишнома, санади ин муоинаи тиббӣ дар ҳудуди Русия эътироф мешавад. Дар созишнома дақиқ оварда шудааст, ки ташхиси тиббӣ қабл аз сафар ба Русия танҳо барои онҳое лозим аст, ки бо мақсади кор ба Русия мераванд. Ҳанӯз маълум нашудааст, ки нуқтаҳои қабули ташхис аз муҳоҷирон дар кадом марказҳои тиббӣ фаъол мешаванд.

Рӯзи 18-уми март дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо чанд маконро ба Русия пешниҳод мекунанд ва ҷониби Русия ҷойи гузарондани муоинаи тиббиро муайян мекунад.

Дар созишнома чанд маротиба зикр шудааст, ин нуқтаҳои муоинаи тиббӣ пурра дар асоси қонунгузории Русия кор мекунанд. Шуруъ аз ба кор гирифтани корманд то гузарондани муоинаи тиббӣ ва назорати кори ин марказҳо бар асоси қонунгузории Русия амалӣ мешавад.

Бар иловаи ин, Тоҷикистон барои ин марказҳо имтиёзҳои зиёде додааст. Аз ҷумла, шаҳрвандони Русия, ки дар ин нуқтаҳои тиббӣ кор мекунанд ва коршарикони онҳо, аз пардохти молиёт ё андоз озоданд.

Тоҷикистон инчунин ӯҳдадор шудааст, ки барои кори ин нуқтаҳои муоинаи тиббӣ дар Душанбе бинои ройгон ҷудо кунад. Ҳамчунин кормандони ин марказ ба махзани маълумот дар бораи гирифторони бемориҳои ВИЧ, гепатит, сил ва бемориҳои сироятии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо мекунанд.

Ҳамасола ҳудуди як миллион нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Муҳоҷирон борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд. Ҳоло маълум нест, ки бо гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз сафар, ин мушкили муҳоҷирон то куҷо кам хоҳад шуд?

Вобаста

XS
SM
MD
LG