Хабари нав

Аз Душанбе хостанд бо Бадахшон "забон ёбад"

Шаҳри Хоруғ. Лаҳзаи пешвозгирӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон. 27-уми сентябри 2026
Шаҳри Хоруғ. Лаҳзаи пешвозгирӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон. 27-уми сентябри 2026

Хоруғ, яке аз гӯшаҳои зебои Тоҷикистон дар дили кӯҳҳои Помир ва дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Ба иддаои "Мемориал", созмони ҳомии ҳуқуқ, ҳамин гӯшаи зебо ва ноҳияҳои дигари Бадахшонро дар зарфи 4 соли охир бештар аз 50 ҳазор нафар тарк кардаанд.

"Ошкор аст, ки ин рақам метавонад такондиҳанда бошад ва дарк мекунам, ки чунин рақами бузург суолҳоеро ба миён меорад," – гуфт Олга Абраменко, коршиноси созмони "Мемориал", дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ӯ новобаста аз камбуди иттилоот дар бораи муҳоҷират аз тарафи Тоҷикистону Русия, оморро боварбахш хонд: "Агар ба пажӯҳишҳои мустақил дар мавриди муҳоҷират ба Русия дар охири соли 2021 ва соли 2022 назар афканем, афзоиши якбораи онро мебинем. Яъне, дар нишондиҳандаҳо ин тафовут хеле равшан аён аст ва ин раванд бояд далелҳои берунӣ дошта бошад."

"Ин бархӯрди ҳукуматро ба мардуми Помир нишон медиҳад”

Олга Абраменко
Олга Абраменко

Олга Абраменко, муаллифи як таҳқиқ дар бораи поймоли ҳуқуқи мардуми бумии Помир аст, ки имсол ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал пешниҳод кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд мардуми Бадахшон бинобар мушкилоти зиёди иқтисодӣ пайваста муҳоҷират мекарданд, аммо нооромиҳои солҳои 2021 ва 2022 ва саркӯбҳои баъди он сабаби тарки зиёдтари мардум аз минтақа шуд.

Олга Абраменко гуфт: "Масъалаи ин ки чӣ теъдоди мардум дақиқан аз тарси саркӯбу фишор Бадахшонро тарк кардаанд ва чӣ қадар ба муҳоҷирати корӣ рафтанд, дақиқ арзёбӣ шуда наметавонад. Аммо бояд бигӯям, ки тамоми солҳо ва шояд даҳсолаҳои охир бадахшониён муҳоҷирати кориро як роҳи илоҷ ва фирор аз ин фазои саркӯбгаронае, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба миён омадааст, истифода мекарданд."

Нооромиҳо дар Бадахшон баъд аз он шуруъ шуд, ки як сокини минтақа, Гулбиддин Зиёбеков, дар охири соли 2021 дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Сипас, дар баҳори соли 2022, мардум дигарбора ба кӯчаҳо рехтаву тазоҳурот карданд, вале тавассути нерӯҳои амниятӣ саркӯб шуданд. Даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуд ва садҳо нафари дигар, аз ҷумла фаъолони маданӣ ва хабарнигорон паси панҷара рафтанд.

Ҳукумат мегуфт, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро, ки мардуми Бадахшонро озор медоданд, аз байн бурд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ ҳукуматро барои зиёдаравӣ дар истифодаи нерӯ танқид карданд.

Хурсанд Хуррамов
Хурсанд Хуррамов

Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари зодаи Бадахшон, мегӯяд, "агар ба омори созмонҳои байнулмилалӣ дар бораи зиндониён аз ҳисоби мардуми Помир ё Бадахшони Тоҷикистон назар кунем, теъдодашон бештар аз 300 нафар аст. Агар ба ҳамаи ин назар кунем, ин бархӯрди ҳукуматро нисбат ба мардуми Помир ошкоро нишон медиҳад.”

"Ин фоҷиаи режимҳои худкома аст"

Мардуми бумии Помир аз назари этникӣ ва забониву динӣ аз бақия мардуми Тоҷикистон фарқ мекунанд, чун пайрави мазҳаби исмоилия ҳастанд ва бо забонҳои комилан гуногун суҳбат мекунанд. Дар таҳқиқи созмони "Мемориал” омадааст, ки ба помириҳо дар Тоҷикистон ҳамчун "мусулмонони ғайримуқаррарӣ" нигоҳ мекунанд ва табъиз ба онҳо зиёд аст.

Музаффар Ашӯриён
Музаффар Ашӯриён

Созмони Милал дар гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон пурсидааст, ки чаро помириҳоро ҳамчун камшуморон ё ақаллият эътироф намекунад, то фарҳангу русуми онҳо беҳтар ҳифз шавад. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар соли 2023 чунин посух дода буд: “Мо помириҳо ё зодагони Вилояти Кӯҳистони Бадахшонро ақаллият намешуморем, зеро онҳо тоҷикони асил ҳастанд. Асрҳо ҳамчун тоҷик зиндагӣ кардаанд, тамоми манобеи таърихиву илмӣ, тамоми пажӯҳишҳои таърихӣ нишон додаанд, ки ҳеч гоҳ помириҳо ё бадахшониҳо худро ғайритоҷик ва як ақаллияти хос намешумориданд."

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, эътироф кардани помириҳо ба ҳайси ақаллият ё камшуморон ба манфиати мақомоти расмии Тоҷикистон нест. Олга Абраменко, коршиноси созмони "Мемориал" гуфт: "Ин фоҷиаи тамоми режимҳои худкома аст, ки мехоҳанд ҳамаро якранг бубинанд ва миллатро якпорчаву фармонбардор созанд ва қарорҳо бе пурсидани афкори худи мардум қабул шаванд.”

Вивиан Ферейро Лопез Диниз
Вивиан Ферейро Лопез Диниз

Дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар шаҳри Женева дар рӯзи 5-уми ноябр ба ҳукумати Тоҷикистон дигарбора ин масъаларо гӯшзад карданд. Вивиан Ферейро Лопез Диниз, намояндаи Бразилия гуфт: "Мо аз Тоҷикистон даъват мекунем, ки ҳимояти камшуморонро, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, беҳтар кунад. Аз ҷумла, тавассути таъмини ҳуқуқи онҳо ба озодии гирдиҳамоӣ, озодии баён ва таҳқиқи беғаразонаи тамоми гузоришҳо дар мавриди истифодаи номутаносиби нерӯ бар зидди эътирозгарон."

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолифи давлат дар Тоҷикистон, ки худ зодаи Бадахшон аст, мегӯяд, дар воқеъ табъиз нисбат ба мардуми зодгоҳаш зиёд аст, аммо айни замон аҳволи тамоми мардуми кишвар ба қавли ӯ яксон аст.

“Дар Тоҷикистон новобаста аз он ки ту намояндаи ақаллият ҳастӣ ё аксарият, ҳуқуқи инсонӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандии ту поймол мешавад,” – хулоса кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Ин фоҷиаи режимҳои худкома аст”
Embed

Феълан кор намекунад

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

​
XS
SM
MD
LG