Ҷиноҳ ё фраксияи Ҳизби чап дар Бундестаг ё порлумони Олмон аз ҳукумати ин кишвари аврупоӣ хостааст, ки чӣ гуна ба Душанбе ронда шудани Асадулло Бобоев, як намояндаи мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро шарҳ диҳад.
Сарнавишти Саидаъзам Раҳмонов, ки аз соли 2019 дар Олмон мезист, вале соли 2025 дар Тоҷикистон боздошт шуду дертар дар шароити мармуз даргузашт, аз пурсишҳои дигари ин гурӯҳи вакилон будааст. Ҳарчанд 28 суоли онҳо дар моҳи сентябр матраҳ шудаанд, посухи ҳукумати Олмон ҳанӯз рӯшан нест.
“Олмон барои озодии Асадулло Бобоев иқдоме мекунад?”
Асадулло Бобоеви 54-сола, узви ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, сарфи назар аз нигарониҳо аз эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудан, моҳи июни имсол аз Олмон берун карда шуд. Пайвандонаш танҳо моҳи август хабар ёфтаанд, ки ӯ дар Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва мунтазири поёни таҳқиқи парвандааш аст, аммо дар бораи иттиҳоми зидди ӯ маълумот надоранд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи дар куҷо ва дар чӣ ҳол будани Бобоев ҳеч гоҳ иттилоъ надодаанд. Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, моҳи июл ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи Асадулло Бобоев “хабар надорад”.
Вакилони Ҳизби чап дар Бундестаг моҳи сентябр аз ҳукумати Олмон пурсидаанд, ки дар бораи сабабҳои боздошт ва парвандаи ҷиноии зидди Асадулло Бобоев дар Тоҷикистон чӣ медонад ва оё барои дарёфти чунин маълумот чӣ чора дидааст?
“Оё Олмон аз мақомоти Тоҷикистон замонат гирифта буд, ки Асадулло Бобоев пас аз ихроҷ боздошт намешавад ва метавонад озодона дар дохили кишвар бигардад? Оё ҳангоми ихроҷ ягон қонуншиканӣ рух надода буд? Оё ҳукумати федеролӣ аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи Бобоев дар Тоҷикистон огоҳ аст? Оё телефони мобилӣ ё дастгоҳҳои дигари электронии ӯ ҳангоми ихроҷ ба мақомоти Тоҷикистон супурида шудааст? Оё ҳукумати федеролӣ барои озодии Асадулло Бобоев иқдоме мекунад ва агар ӯ озод шавад, метавонад ба Олмон баргардад?” - аз суолҳои дигаре ҳастанд, ки ҷиноҳи Ҳизби чап дар Бундестаг ё порлумони Олмон дар миён гузоштааст.
Ҷиноҳ ё фраксияи Ҳизби чап дар суолгузориҳои худ бештар ба гузориши созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch такя кардааст. Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ ҳанӯз моҳи июл мақомоти Олмонро барои ба Тоҷикистон бозпас фиристодани намояндаи мухолифин, Асадулло Бобоев, танқид карда буд. Дидбони Ҳуқуқи Башар навишта буд, ки Асадулло Бобоев барои танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф қарор гирифтааст ва “Олмон бояд баррасӣ кунад, ки чаро ӯ дар чунин шароит ронда шуд ва ҳам дар мавриди боздошташ ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад.”
Асадулло Бобоев ҳамроҳи аъзои хонаводааш аз соли 2017 дар Аврупо мезист. Вай пеш аз ихроҷ шуданаш ба Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Олмон ӯ ва писари 19-солааш Муҳаммадро барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт карда, ба Душанбе мефиристанд. Аз он нигарон буд, ки узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Тоҷикистон ӯро ба тундгароӣ гумонзад медонанд.
Мақомоти Тоҷикистон писари Асадулло Бобоевро ба модарбазургаш супоридаанд. Ҳамсар ва як духтараш дар Аврупо ҳастанд.
“Дар бораи боздошт ва марги Саидаъзам чӣ медонед?”
Ҷиноҳи Ҳизби чап дар бастаи пурсишҳояш ба ҳукумати Олмон ба сарнавишти шаҳрванди дигари Тоҷикистон Саидаъзам Раҳмонов ҳам таваҷҷуҳ кардааст. Раҳмонов аз соли 2019 дар Олмон мезист ва тобистони соли 2025 ба Тоҷикистон рафт, то ҳуҷҷатҳои заруриро барои тамдиди виза ва ҳузураш дар Олмон ҷамъ биоварад, аммо дар Душанбе дастгир шуда, баъди як ҳафта дар шароити мармуз ҷон дод.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, “ӯ худкушӣ кард”, баъзе аз наздиконаш бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки дар бадани Саидаъзам Раҳмонов осори шиканҷаро диданд.
Ҷиноҳи Ҳизби чап аз ҳукумати Олмон пурсидааст, ки дар бораи боздошт ва марги Саидаъзам дар Тоҷикистон чӣ медонад; оё пайкараш ташхис шудааст; оё Олмон бо мақомоти Тоҷикистон тамос гирифтааст, то дар бораи марги ӯ маълумоти бештар гирад? Агар ҳа, натиҷааш чӣ буда ва агар не, чаро? Посухи ҳукумати Олмон ба ин пурсишҳо низ маълум нест.
Бори аввал нест, ки мақомоти Олмон намояндагони мухолифин ё мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе мефиристанд.
Олмон дар гузашта Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев, намояндагони дигари созмонҳои мухолифи ҳукуматро низ ба Тоҷикистон фиристода буд. Ҷое, ки онҳо бо иттиҳомҳои, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сохта аз 7 то 10 сол зиндонӣ гаштанд.
Шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон дақиқ нест. Сафири ин кишвари аврупоӣ дар Душанбе ду сол пеш ба Радиои Озодӣ теъдоди онҳоро зиёда аз 30 ҳазор номбар карда, вале омори паноҳҷӯён ва мухолифони ҳукуматро нагуфта буд. Олмону Лаҳистону Литва аз соли 2015 ва баъд аз саркӯби мухолифону маҳдудтар гаштани озодии баёну виҷдон дар Тоҷикистон ба маконҳои паноҳҷӯии тоҷикони норозӣ табдил гаштаанд.