Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро нисбати муҳоҷирон ноҳаққӣ мекунед"? Суолҳо ба Путин пеш аз сафар ба Тоҷикистон


Путин бори ахир соли 2022 ба Тоҷикистон сафар карда буд
Путин бори ахир соли 2022 ба Тоҷикистон сафар карда буд

Интизор меравад, ки рӯзи 9-уми октябр Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон биравад. Расонаҳои русӣ навиштанд, Путин зимни сафараш ба Душанбе дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат карда, ҳамчунин бо президент Эмомалӣ Раҳмон вомехӯрад. Аммо мавзӯи суҳбати Путин ва Раҳмон эълон нашудааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки агар имкон мебуд аз Путин кадом суолро мепурсиданд? Баъзе посухҳоро инҷо хонед:

  • Чаро асосан нисбати муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ солҳои ахир мушкилотҳо зиёд шудааст? Барои чӣ нисбати муҳоҷирон чунин рафторро раво мебинанд?
  • Ба Путин танҳо гуфтанӣ ҳастем, ки “рейд”-ҳоро камтар кунад то муҳоҷирони мо кор карда зиндагиашонро пеш баранд. Ҳар рӯз муҳоҷирони моро ихроҷ мекунанд. Ба як муросо расанд ва муҳоҷирон азоб накашанд.
  • Аз мулоқотҳо ягон интизорӣ надорам, чунки ин вохӯриҳо ягон чиро тағйир намедиҳанд. Чанд сол шуд, ки ҳамин вохӯриҳо мешаванд.
  • Ҳамин “Русская обшина” соҳиб дорад ё не? (Шарҳ: Гуруҳе, ки худро намояндагони ташкилоти “Русская обшина” меноманд, борҳо ҳамроҳ бо пулиси Русия алайҳи муҳоҷирон “рейд” гузарондаанд).
  • Чаро нисбати муҳоҷирони тоҷик, қирғиз, узбек муносибати ноҳақона дида мешавад?
  • Чаро барои кӯдакони муҳоҷирон ҳангоми қабул мактаб имтиҳон ҷорӣ кардед?
  • Пурсидан мехостам, ки ҷанг миёни Русия ва Украина кай тамом мешавад? Аз ин ҷанг чор сол мегузарад. Доналд Трамп ваъда дод, ки ҷангро дар як рӯз қатъ мекунад, аммо нашуд. Мехостам пурсам, ки Путин барои поёни ҷанг ягон корро анҷом медиҳад? Ин бисёр муҳим аст.
  • Суолам ҳамин буд, ки барои чӣ тоҷиконро ба Русия роҳ намедиҳед? Бачаҳоро аз роҳ мегардонанд.

Видеоро инҷо бинед:

Суол аз мардум: Ба Путин чӣ савол доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Сафари Путин ба Тоҷикистон дар шабу рӯзе иттифоқ меафтад, ки тафтиши зидди муҳоҷирон, ки бештар онро "шикори муҳоҷирон" меноманд, дар шаҳрҳои Русия афзоиш ёфтааст. Рӯзи 30-юми сентябр дар сохтмонҳои Санкт-Петербург пулис ба ҷои кори муҳоҷирон, ки аксаран аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, ҳамла кард. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро аз ин кишвар ихроҷ кард.

Русия ва Тоҷикистон ҳамдигарро "шарики муҳим ва стратегӣ" меноманд. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Бо ин вуҷуд, Русия ҳеч шароите ба муҳоҷирони тоҷик фароҳам намекунад ва онҳоро пайваста озору азият медиҳад.

Владимир Путин бори охир соли 2022 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Дар ҷараёни он сафар ягон санад имзо нашуда буд.

XS
SM
MD
LG