Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ дар посух ба Трамп гуфт, "миллати Эрон ҳаргиз таслим намешавад"


Паёми Оятуллоҳ Алии Хоманаиро дар телевизионҳои давлатии Эрон хонданд.
Паёми Оятуллоҳ Алии Хоманаиро дар телевизионҳои давлатии Эрон хонданд.

Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи чоршанбе 18 июн дар посух ба паёми Доналд Трамп, президенти Амрико, ки ба "таслими бечунучаро"-и Эрон даъват кард, гуфт, мардуми Эрон "ҳеҷ гоҳ таслим намешавад".

Дар як паёми телевизионӣ Хоманаӣ таҳдид кард, ки “ҳама гуна мудохилаи низомии Амрико, бидуни шак, бо садамаи ҷуброннопазир ҳамроҳ хоҳад буд.” Вай афзуд, мардуми Эрон таҳдид ва таҳмилро нахоҳад пазируфт.

“Афроди бохирад, ки миллат ва таърихи Эронро мешиносанд, ҳеч гоҳ бо забони таҳдид бо ин миллат сухан намегӯянд, зеро миллати Эрон таслимшуданӣ нест”, гуфт раҳбари Эрон.

Доналд Трамп як рӯз пеш гуфт, ки Амрико макони пинҳонии Алии Хоманаиро медонад. "Ӯ ҳадафи осон аст, аммо дар куҷое, ки дар он аст, эмин аст. Мо ӯро нест карданӣ (куштанӣ!), ба камияш ҳоло. Аммо мо намехоҳем, ки мушакҳо ба сӯи ғайринизомиён ва сарбозони амрикоӣ партоб шаванд. Сабри мо рӯ ба поён аст", — навиштааст раисиҷумҳури Амрико.

Хабаргузории Ройтерс гуфт, Иёлоти Муттаҳида аллакай ҳавопаймоҳои ҷангандаашро дар Ховари Миёна ҷойгир кардааст, аз ҷумла F-16, F-22 ва F-35. Ду мақоми исроилӣ ба хабаргузории Axios гуфтаанд, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад, ба таъсисоти ҳастаии Фордо зарба занад, ки дар зери замин аст ва дар ҳамлаи рӯзи 13 июн осеб надид. Эрон гуфт, ки зарбаҳо ба баъзе иншооти рӯйизаминӣ осеб расонидаанд.

Президенти Амрико дар идомаи паёмҳои худ навишт: “Мо осмони Эронро пурраву комил дар ихтиёр дорем. Эрон радёбҳои хуби осмонӣ ва дигар таҷҳизоти дифоии фаровон дорад, аммо бо "чизҳо"-и сохта, таҳия ва тавлидшудаи Амрико қобили қиёс нестанд. Ҳеҷ кас онҳоро беҳтар аз ИМА-и неку маҳбуб сохта наметавонад.” Сипас Трамп илова кард, ки Эрон бояд бе қайду шарт таслим шавад.

Омодагии ИМА барои ворид шудан ба ҷангро ҳамчунин ба минтақа овардани ду нови ҷангӣ ва ҳавопаймобари “Карл Винсон” ва “Нимитс” нишон медиҳад. Ҳарду аз бузургтарин киштиҳои ҷангӣ дар ҷаҳонанд ва бо нерӯи реактори атомӣ шино мекунанд. Ҳар кадоми онҳо 65-70 ҳавопаймои ҷангӣ доранд, аз ҷумла ҷангандаҳои F/A-18 Hornet ва F-35C-и навтарин.

XS
SM
MD
LG