Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 8 "Робин Гуд" дар Балҷувон. Ҳуҷраи хоби додситонро кӣ оташ зад?

Мурод Муқимзода як сол пеш барои кор дар мақоми додситони ноҳияи Балҷувон ба ин гӯшаи вилояти Хатлон рафта буд
Мурод Муқимзода як сол пеш барои кор дар мақоми додситони ноҳияи Балҷувон ба ин гӯшаи вилояти Хатлон рафта буд

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Балҷувонро бо гумони оташ задани ҳуҷраи хоби додситон Мурод Муқимзода боздошт кардаанд. Дар ҳоле ки мақомот шарҳ намедиҳанд, ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон рӯзи 5-уми июн гуфтанд, ки “ин гурӯҳ аз ҳашт нафар иборат аст”.

“Таҳқиқи ибтидоӣ рӯшан кардааст, ки онҳо чанд сол боз бо номи Гулханафрӯзон дар ҷамоати Сари Хосори Балҷувон фаъол буда, гуё ба зидди беадолатӣ мубориза мекардаанд. Мисли филми Робин Гуд. Дар гузашта дар чанд оташзании дигар даст доштаанд,” – гуфт яке аз манбаъҳо бо шарти фош нашудани номаш.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ илова карданд, ки парвандаи ҳашт узви Гулханфарӯзон аз тарафи Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон тафтиш мешавад ва эҳтимол базудӣ баъзе ҷузъиёт ба даст биояд. То кунун мавқеи боздоштшудаҳо ё наздикону вакилони мудофеашон маълум нест.

Ҳуҷраеро, ки додситони ноҳияи Балҷувон Мурод Муқимзода хобида буд, шаби 20-уми май оташ задаанд. Ангезаи ин кор расман гуфта нашуд. Баъзе аз шарҳнависон чанд сабаби эҳтимолиро дар паёмрасонҳои Радиои Озодӣ гузоштанд, вале таҳқиқи онҳо ба воситаи манобеи боварбахш ҳанӯз идома дорад.

Мурод Муқимзодаи 44-сола як сол пеш барои кор дар мақоми додситони ноҳияи Балҷувон ба ин гӯшаи вилояти Хатлон рафта буд, аммо баъд аз сӯхтани ҳуҷраи хобаш, ки ҳамзамон сабаби тафтиши фаъолияти ӯ гашт, аз кор ронда шудааст.

“Ӯ бо сафари корӣ дар ҷамоати Сари Хосор будааст. Раиси ҷамоат зиёфат мекунад ва дар ҳамонҷо хоб мераванд. Нимашаб ба димоғи додситон бӯйи дуд мерасад ва ӯ оташро хомӯш карда, боз хоб меравад. Рӯзи дигар мақомот аз ҳодиса огоҳ шуда, меоянд, аммо маълум мешавад, ки додситон оташ зада шудани ҳуҷраи хобро расман гузориш накардааст. Ҳамин кор боис ба тафтиши фаъолияти ӯ ва барканорияш мешавад,” – гуфт як манбаи огоҳ дар ниҳодҳои интизомии Хатлон.

Назари додситон маълум нест. Талоши мо барои фаҳмидани мавқеаш то ин дам натиҷа надод.

Баъзе аз сокинон ва намояндагони мухолифони ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон барои дурусту мунсифона баррасӣ накардани шикояту парвандаҳо шикоят мекунанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта онҳоро барои ба гуфтааш бесалоҳиятӣ дар вилояти Хатлон танқид кард ва ба таври дастҷамъӣ аз мақом ронд.

Соли 2023 мошини Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, додситони собиқи ноҳияи Восеъро дар наздикии хонааш оташ зада буданд. Вай низ баъди ин ҳодиса аз мақом ронда шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG